Вобаста ба рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакат Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудааст: “Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯйи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амният ворид гардид”.

Бо дарназардошти дарки маънии пешниҳоди мазкур, расидан ба ҳадафҳои миллии рушд  дар ҳамаи зинаҳо, соҳаҳо, ҷамоатҳои деҳот, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро ифода мекунад ва аз ин нуқтаи назар, ҳамчун таҷрибаи беназир дар ҷаҳон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст шуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  беш аз 73 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Деҳот бошад, манбаъи таъмини озуқаворӣ, захираҳои фаровони меҳнатӣ ва аз ҷиҳати экологӣ мусоиду озода мебошад. Ба ғайр аз ин, бояд дар назар дошт, ки деҳот ин на фақат маҳалли сукунати қисми зиёди аҳолӣ, балки макони асосии таъмини қисми зиёди саноат (махсусан, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ) бо ашёи хом ва таъмини хӯрокворӣ (гандум, меваю сабзавот, чорводорӣ ва ғайра) аҳолии шаҳрнишини кишвар  мебошад.

Тибқи моддаи якуми боби яки  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 19 марти соли 2013, №958, “деҳот”  воҳиди марзию маъмурӣ, ки аз як ё якчанд деҳа иборат буда, дар он худидоракунии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. “Деҳа”–ҳудуди муайяни ҷойи зисте, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҳалли зисти аҳлинишин  ба қайд гирифта шуда, дар он дараҷаи муайяни ободонӣ таъмин карда шудааст. Тибқи моддаи 6-и ҳамин Қонуни конститутсионӣ ба категорияи деҳаҳо маҳалҳои аҳолинишиние мансуб дониста мешаванд, ки ба он дараҷаи муайяни ободонӣ ноил гардида, шумораи аҳолии  онҳо  на камтар аз 50 нафарро ташкил медеҳад ва аз нисф зиёди аҳолии онҳо ба фаъолияти кишоварзӣ машғуланд. Дар ҳолатҳои истисноӣ ба категорияи деҳа маҳалҳои аҳолинишини дурдаст ва мушкилгузареро низ дохил кардан мумкин аст, ки теъдоди аҳолии онҳо аз 50 нафар камтар мебошад.

Дар бисёр ҳолатҳо иқтисодиёти деҳотро ҳамчун муродифи иқтисодиёти аграрӣ мефаҳманд, ки ин мафҳум на он қадар дуруст аст. Иқтисодиёти деҳот   системаи соҳаҳо  ва шаклҳои фаъолият мебошад, ки ин ғайр аз аз кишоварзӣ, тамоми корхонахои саноати коркарди маъданҳо, корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ бо инфрасохторҳои худ, ки дар деҳот ҷойгиранд, фаъолияти худро мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меоранд, дар бар мегирад. Маълум аст, ки дар замони муосир дар натиҷаи рушди иқтисодиёт дар деҳот, аз ҷумла дар натиҷаи диверсификатсияи иқтисодиёти деҳот  ҷараёни коҳиш ёфтани мавқеи бахшҳои  аграрӣ ва ҷангалпарварӣ ба назар мерасад. Маҳз аз ҳамин сабаб, новобаста аз он, ки  кишоварзӣ  ва ҷангалпарварӣ сохторҳои асосии истифодабарии замин дар деҳот ба ҳисоб мераванд, ин соҳаҳо бо мурури замон мавқеи худро хамчун як манбаи бакортаъминкунии аҳолӣ ва даромади онҳо  аз даст дода истодаанд.

Мувофиқи маълумоти омории Ҷумҳурии Тоҷикистон (тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Душанбе, 2017. – 580 саҳифа бо тасвирҳо, саҳ. 30) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4223 деҳа мавҷуд аст, ки дар онҳо 73,57 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 6 291,0 нафар шаҳрвандони кишвари азизи мо зиндагӣ ва фаъолият доранд ва  3.77 млн. онҳо (ғайр аз кӯдакони то сини 18 ва муйсафедон) қобили меҳнат мебошанд.

Бо вуҷуди чунин пешрафтҳои назаррас, мушкилоти дигаре низ дар деҳот мавҷуданд, ки ҳалли худро тақозо доранд. Яке аз чунин мушкилот тақсимоти нодурусти об ва истифодабарии он дар деҳот ва табиати зебои он мебошад. Мушкилоти экологие, ки дар деҳот ба вуҷуд омада истодаанд, таъсири манфии онҳо на танҳо ба вазъи экологӣ, балки ба вазъи микромуҳит ва макромуҳити иқтисодию иҷтимоӣ мерасонад. Ин мушкилот дар назар ноаён менамоянд, вале бо гузашти чанд сол хисороту зарари вазнин ба бор меоранд.

Нодуруст тақсим шудани об ва хушк шудани чашмасорон дар кӯҳсорон дар солҳои охир зиёд шуда истодааст. Албатта, об манбаъи ҳаёт буда, бидуни об зиндагӣ кардан, ғайриимкон мебошад, чунки 75 дарсади организми инсонро об ташкил медиҳад ва аз давраи тавалуд то ба пиронсолияш ин нишондод кам шудан мегирад. Майнаи сари инсонро 85 дарсадашро об ва мушакҳояшро тахминан 70 дарсад моеъ ташкил медиҳад. Об дар раванди ҳазмшавии хӯрок нақши муҳим дошта, таксинаҳо ва дигар моддаҳоро аз бадани инсон ва ҳайвонот хориҷ карда, барои, буғумҳои мо ҳамчун воситаи молонидан хизмат мекунад ва инчунин, ҳарорати баданро танзим ва нигоҳ медорад, вале нодуруст истифода бурдани он боиси вайрон шудани экосистемаи табиат мегардад, чунки қонуни табиат чунин аст ва фарқи қонунҳои табиат ва инсонӣ низ дар он мебошад, ки дигар кардани қонунҳои табиат боиси хисороти вазнини инсонию табиӣ мегардад.

Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистонро 93 дарсадашро кӯҳсор ва танҳо 7 дарсадашро ҳамворӣ ташкил медиҳад ва ин шабоҳат аз зиёд ҷойгиршавии деҳаҳои кишварамон дар кӯҳсорон мебошад. Яке аз сарватҳои кӯҳсор  он аст, ки кӯҳистон чашмаҳои софу зулол дошта, на танҳо манбаи об,  балки сарчашмаи зиндагонии бештаре аз набототу ҳайвоноти кишварамон мегардад. Албатта, муаллифи ин сатрҳо фарзанди кӯҳистонам, хуб дарк мекунам, ки чӣ қадар ин манзараҳо зебоанд ва касоне, ки  кӯҳистонианд, ин лаззатро эҳсос карда метавонанд. Ҷоришавии оби чашмаҳо имкон медод, ки тамоми ҳашарот, хазандаҳо ва инчунин, дигар ҳайвонот аз он истифода баранд, яъне оби чашмаҳо боиси  зиндагонии онҳо  мегардид. Дар он минтақаҳое, ки оби чашмасорон ҷорианд, тамоми рустаниҳо ва алафҳои шифобахш, ба монанди пудина, кокутӣ, ҷанбилак, шулха мерӯянд. Ҳатто ҷоришавии обҳои чашмасорон боиси боло рафтан сатҳи чорводорӣ дар деҳот мегарданд.

Мутаассифона, аз сабаби нодуруст истифода бурдани чашмасорон дар деҳоти беъзе минтақаҳо чунин зебоиҳое, ки дар табиат мавҷуд буданд, кам ба чашм мерасанд, чунки мардуми деҳот тамоми оби чашмаҳоро тавассути  лӯлаҳои обгузар ба хонаҳояшон бурдаанд. Имрӯз дар бештари кӯҳҳои ҷумҳуриямон ба ҷойи чунин чашмаҳо ва обҳои мусаффо, танҳо харсангҳои тафсону дараҳои хушк, ки танҳо аз боришот тар мешударо дида метавонанд. Ин вазъи ногувор боиси хушк гаштани тамоми гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ ва рустаниҳои гуногун гаштаанд. Он хазандаҳою ҳашарот ва ҷонвароне, ки чашмасорон ба онҳо ҳаёт мебахшиданд, нобуд шуда истодаанд. Яъне дар баъзан минтақаҳо аз масофаи то 5–10 км обро кашонида, ба хонаҳояшон овардаанд. Акнун дар чунин масофа на об асту на хазандаю на рустани. Ин вазъи ногувори экологӣ моро водор менамояд, ки дар оянда аз байн рафтани чунин сарватҳои табиати кӯҳсоронро пешгирӣ намоем.

Дуюмин мушкилоте, ки хушкгардии чашмасорон боиси он мегардад, кам гаштани ҷангалзор, аз ҷумла дарахтони ҳосилдеҳ мебошад. Ба гуфтаҳои боло монанд, пештар дар доманаи кӯҳистони кишварамон дарахтони боровари кӯҳӣ, ба монанди бодом, писта, дулона, туғ, олу, зирк, ангат, олучаҳои гуногун ва ғайраро дидан мумкин буд. Мутаассифона, дар солҳои охир раванди нобудшавии онҳо зиёд ба чашм расида, боиси кам гаштани чунин дарахтзор ва ҷангалҳо шуда истодааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин аз тарафи мардум буридан ва ба ҳезум табдил додани дарахтон мебошад. Ҳар соле нобудгардии дарахтон дар кӯҳсорҳо зиёд гашта истодаанд, ки ин ҳолат бениҳоят ташвишовар аст.

Ба ҳамин монанд несту нобуд гардидани рустаниҳои кӯҳӣ, ба монанди чукрӣ, ров, ровшак, сиёҳалаф ва инчунин, гулҳои гуногун, ба монанди сиёҳгуш, ҷавғустон, ҳолмону ва ғайра, ки мардум бераҳмона истифода бурда, несту нобуд карда истодаанд. Албатта, барои мардуми камбизоат ин як навъ манбаи даромад барои рӯзгорашон мебошад, вале бо вуҷуди ин,  бераҳмона чидани онҳо боиси несту нобуд гардидани онҳо мегарданд. Агар бо ҳамин равиш рафтан гираду чорае андешида нашаванд, боиси несту нобуд гаштани онҳо ва ҳатто тухми онҳо мегарданд. Агар бо қонуни табиат назар намоем, он гулҳо бояд, ки пухта расида, зеби табиат гарданд ва тухми онҳо афзоиш ёбанд. Чунин ҳолат қариб дар тамоми гӯшаҳои кишварамон ба назар мерасад. Дар назди чашмаҳои ҷоришаванда низ гулҳои гуногун низ мерӯянд, ки дар натиҷаи хушк шудани чашмасорон ҳамаи онҳо несту нобуд гашта истодаанд.

Сеюмин мушкилоте, ки хушкгардии чашмасорон боиси он мегардад, набудани обҳои нӯшокӣ барои чорво мебошад. Чорвое, ки дар кӯҳсор ба чаро мебаранд, тамоман оби нӯшидан ёфта наметавонанд. Аз ин лиҳоз, барои бештари мардуми чорводор нигоҳубини он мушкил гардида истодааст. Инчунин, хушк шудани чашмаҳо дар кӯҳсорон боиси кам афзоиш ёфтани чарогоҳҳо дар он минтақаҳо мегарданд.

Асосан чашмаҳо дар кӯҳҳо ду хел мешаванд; якум, чашмаҳои доимӣ, ҷоришавии об дар онҳо  дар ҳамаи фаслҳои сол ба мушоҳида мерасанд. Дуюм, чашмаҳои мавсимӣ, ки онҳо дар фасли баҳор ба вуҷуд меоянд. Чашмаҳои доимӣ обҳояшон зиёдтар мебошанд ва бештари обҳои кӯҳистонро ташкил медиҳанд ва чӣ хеле дар боло зикр намудем, онҳоро сокинони деҳот гирифта, ба хонаҳояшон овардаанд. Оби чашмаҳои  мавсимӣ танҳо дар фасли баҳор дар натиҷаи боришот ба вуҷуд меояд. Чашмаҳои мавсимии калонро низ тавасути қубурҳо ба хонаҳои зист овардаанд. Бо вуҷуди ин, бештари мардум аз чашмасорон тавасути обкашакҳо аз чашмаҳо обро кашида мегиранд. Акнун ин чашмаҳо барои ҳама нею танҳо барои якчанд нафар хизмат мекунанду халос.

Албатта, чунин мушкилот зиёданд, аммо ин мушкилотест, ки бе мадди назар набошанд ва барои хубтару беҳтар будани табиату зиндагии мардум чунин корҳо манфиатоваранд.

  1. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва идораи рушди маҳали зист қатъӣ назорат кардани ҳолатҳои истифода чашмасор ва тарзи гирифтани об аз онҳо.
  2. Сад дарсад хушк накардани чашмасорон, яъне агар оби 50 дарсади он барои истеъмол ба деҳаҳо бурда шаванд, панҷоҳ дарсади он бояд ҳатман ҷорӣ гарданд, чунки аз ҷорӣ гардидани оби чашмаҳо ҳаёти бисёре аз ҳайвоноту наботот вобаста мебошад.
  3. Истифода накардани обкашакҳо аз чашмасорон, ки ин боиси нобуд гардонидани маҷрои оби чашма мегардад. Хуб мешуд, ки обкашакҳоро дар заминҳои наздиҳавлигие, ки дар поёни кӯҳҳо ҷойгиранд (бо кандани 10-15 метр чуқурӣ) истифода  баранд.
  4. Зиёд кардани обҳои ҷамъиятӣ дар деҳот, инчунин, кам кардани обҳои шахсие, ки барои як нафар истифода мебаранд, ё ба оби ҷамъиятӣ гузаронидани онҳо. Дар баъзан деҳот обҳои ҷамъиятӣ чор ва ё панҷто мебошанду на камтар аз 200–250 обе, ки аз чашмасорон барои истифодаи шахсияшон хизмат мерасонанд. Чунин шахсон обро самаранок истифода намебаранд ва ин боис мегардад, ки мардуми зиёд дар интизори навбати обгирӣ бошанд.
  5. Баровардани обҳои канал ва ё дарёҳои назди кӯҳӣ ба деҳоти камоб (мисол, деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара) ва ба истифода додани заминҳои лалмӣ ба обӣ, ки манфиати бештар доранд.

Вобаста ба тақсимоти об дар деҳа, онҳоро чунин гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст:

Аз рӯйи таъмини об:

4.1. Деҳа оби табиии нӯшоки ва табиии барои обёрии заминҳои худро дорад;

4.2. Деҳа оби табиии нӯшокӣ дорад ва барои обёри замини деҳа кифоя нест;

4.3.  Деҳа оби табиии нӯшокӣ дорад, обёрии заминҳо ба таври сунъӣ ба роҳ монда шудааст (бо истифодаи насосҳои барқӣ);

4.4. Деҳа оби нӯшокии табиӣ дорад, обёри заминҳо  аз обҳои кишварҳои ҳамсоя вобаста аст;

4.5. Деҳа оби нӯшокии табиӣ тамоман  надорад (оби нӯшокӣ кашонида оварда мешавад – привозная вода), обҳои табии барои  обёрии замин доро аст;

4.6. Деҳа оби нӯшокии табиии хуб надорад (обҳои шӯри чашмаҳо ва ё обҳои зеризаминӣ)  ва маҷбур ба зарари  саломатӣ  менӯшанд ва ин гуна обро инчунин, барои объёрии замин истифода мебаранд;

  • Деҳа барои нӯшидан ва барои чорво аз оби борон истифода мебарад;

Агар дар деҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимоти дурусти обҳои нӯшокӣ  ба роҳ монда шавад, то 90 дарсад дастрас намудани об мавҷуд буда метавонад. Бештари деҳот аз чашмаҳои кӯҳӣ истифода мебаранд, чунки худ дар назди кӯҳҳо мебошанд. Деҳаҳое, ки дар назди соҳилҳо ҳастанд, аз ҳисоби обҳои дарёҳо истифода мебаранд, аммо барои истифодаи заминҳои корам таъмини обҳо дар деҳаҳо то 20–30 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро 93 дарсадашро кӯҳсор ташкил медиҳад, кандани каналҳо ва обёрӣ кардани минтақаҳои баланд мушкил буда, маблағи бениҳоят калонро талаб менамояд. Сокинони ВМКБ қариб, ки аз оби нӯшокӣ танқисӣ намекашанду заминҳои кишоварзӣ бениҳоят кам доранд. Дар вилояти Суғд обҳои барои киштукор фаровон буда, бештаре аз деҳоташон аз обҳои зезаминӣ истифода мебаранд. Дар вилояти Хатлон бошад, қисме аз сокинон ба гурӯҳи якум ва қисми дигарашон ба  гурӯҳҳои боқимонда дохил мешаванд. Он хоҷагиҳое, ки дар назди соҳили наҳру ҷуйбор ва дарёҳо ҷойгииранд,  обро барзиёд истифода бурда,  хоҷагиҳои поён  аз об танқисӣ мекашанд. Ба ин гуна деҳот ҳатман дахолати мақомоти ҳокимияти маҳалиро лозим меояд, то ки мушкилоти мавҷударо сари вақт  ҳаллу фасл намоянд.

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои соҳавӣ
Маркази тадқиқоти стратегии
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед