Рӯзи 25- уми сентябри соли 2020 бо ташаббуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ мулоқоти ғайринақшавии маҷозӣ зери унвони «Таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти кор бо бозгаштагон аз Сурия ва Ироқ» баргузор гардид.

Дар назди ҳозирин муовини Котиби генералии СММ, роҳбари Раёсати зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман ва  намояндагони ниҳодҳои тадқиқоти стратегии назди Президентҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Бахтиёр иштирок ва суханронӣ карда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо бозгаштагон аз минтақаҳои ҷангзадаи кишварҳои Сурия ва Ироқ ва таҷрибаи Ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши кор бо ин доираи шаҳрвандонро муаррифӣ намуд. Зимни суханронӣ, махсусан, сиёсати гуманистӣ ва инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои пешгирифта дар бахши авфи нафароне, ки бо исрори пушаймонӣ ба ватан баргаштанд, мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ филми тасвирии кӯтоҳ зери унвони «Бозгашт ба хона, барқарорсозии ҳаёт» ба намоиш гузошта шуд, ки дар он таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши СММ дар самти кор бо бозгаштагон ба таври равшан муаррифӣ гашт.

Дар идомаи ҷаласа, аз ҷониби намояндагони СММ шарҳи принсипҳои СММ оид ба муҳофизат, баргардонӣ, таъқиботи судӣ ва барқарорсози занону кӯдаконе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ робита доранд, пешкаш гардид.

Вебмашваратро Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид. 

 

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед