Рӯзи 9 марти соли 2023 мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Туркманистон, иштирокчиёни конфронси байналмилалии «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор гардид.

Нахуст, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода меҳмононро хайрамақдам гуфт ва дар бораи марҳалаҳои таърихии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодии ҳар ду кишвар, дӯстиву рафоқати ду халқи бародар: тоҷикон ва туркманҳо суханронӣ намуд.

Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Шири Шириев барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва таъкид намуд, ки ҳамкориҳои ду давлати ҳамсояи Туркманистон ва Тоҷикистон сол то сол густариш меёбад. Ҷониби Туркманистон хоҳони густариши робитаҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳангӣ мебошад.

Қайд кардан лозим аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ муносибатҳои дипломатӣ ва фарҳангиву тиҷоратии кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон хеле самарабахш гардидаанд. Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон 30 сол пур шуд. Бовар дорем, ки дар натиҷаи сафари қарибулвуқуи Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи дурнамои ҳамкориҳои ду давлати дӯсту бародар саҳифаи навро мекушояд.

Баъдан, ҳайати намояндагони ду ҷониб масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои илмию пажӯҳишии марказҳои зеҳнии ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд. Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки дар байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ҷиҳати ҳамкориҳои самарабахши илмиву тадқиқотӣ имзои Ёддошти тафоҳум мувофиқи мақсад аст.

Ҳамзамон, баргузории чорабиниҳои илмӣ ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо ва дар арафаи сафари қарибулвуқуи Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва изҳори умед намуд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, илмиву адабии кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон сол то сол густариш ва равнақ меёбанд.

Дар мулоқоти дуҷониба муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ширкат варзид.

Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед