Рӯзи 9 марти соли 2023 мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон, иштирокчиёни конфронси байналмилали «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор гардид.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки пешбурди робитаҳои илмию тадқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо миёни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Мо бо марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Қирғизистон, махсусан Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамкориҳои судманд дорем ва мехоҳем, ки ҳамкориҳои мо беш аз беш таҳким ва густариш ёбанд.

Директори Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Канатбек Азиз барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, дар навбати худ иброз дошт, ки ҷониби Қирғизистон омода аст ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷиҳати рушди робитаҳои илмию пажӯҳишӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои зеҳнии Тоҷикистон ба роҳ монад. Ӯ тазаккур дод, ки Қирғизистон хоҳони густариши робитаҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанги байни ду кишвари ҳамсоя мебошад.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва изҳори умед намуд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, илмиву адабии Тоҷикистон ва Қирғизистон густариш ва равнақ меёбанд.

Дар вохӯрӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ширкат варзид.

Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.

 Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед