Рӯзи 20 декабри соли 2022 дар доираи сафари ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар давраи “Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон” мулоқоти директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо директори Маркази баррасиҳои стратегии назди ПрезидентиҶумҳури Исломии Эрон Муҳаммад Хаётиён доир гардид.

Дар оғози мулоқот Муҳаммад Хаётиён ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маркази баррасиҳои стратегии назди Раиси Ҷумҳури Эрон хайрамақдам гуфта, оид ба самтҳои фаъолияти ниҳоди мазкур маълумот ироа намуд. Таъкид гардид, ки Маркази баррасиҳои стратегии Эрон ниҳоди таҳлилву машваратӣ буда, ба омӯзишу таҳлили масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва пайгириву амалишавии тавофуқҳои бадастомада бо кишварҳои ҷаҳон машғул буда, ба Дафтари Раиси Ҷумҳури Эрон доир ба тавсеаву тақвияти ҳамкориҳои Эрон бо кишварҳои хориҷӣ машварат дода, харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳои минбаъдаро таҳия менамояд. Мавсуф оид ба ҷанбаҳои муҳимми ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дар самти энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра ибрози назар намуд.

Дар мавриди худ директори Марказ Хайриддин Усмонзода аз пазироии самимии ҷониби Эрон изҳори миннатдорӣ намуда, доир ба самтҳои фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар ироа намуд. Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ниҳоди таҳлиливу машваратӣ буда, равандҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар, масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон, мушкилоти ҷомеа ва масоили иҷтимоию иқтисодиро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад. Инчунин, директори Марказ вобаста ба дастовардҳои ахири робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар иттилоъ дода, ҳавасмандии Тоҷикистонро барои ҷалби сармоягузории соҳибкорони эронӣ дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, энергетика ва дигар соҳаҳои кишвар ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо дар идомаи мулоқот ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳоро низ иброз доштанд. Ҳамзамон, тарафҳо доир ба дарёфти роҳҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои гуногун муҳим арзёбӣ намуданд.

Мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед