Рӯзи 25 май соли 2023  мулоқоти директори Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия Томас Данестад баргузор гардид. Дар ибтидои мулоқот Хайриддин Усмонзода  мавсуфро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ташрифи ӯро ба Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омили таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Шветсия маънидод намуд.

Зимни суҳбат директори Маркази тадқиқоти стратегӣ  доир ба вазъи тағйирёбандаи сиёсӣ ва иқтисодӣ минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуда, таҳким ва густариши робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Шоҳигарии Шветсия дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо зарур ва муҳим шуморид.

Арзёбии вазъи минтақа ва ҷаҳон, густариши робитаи дуҷонибаи кишварҳо, хусусан барқарор намудани ҳамкорӣ миёни марказҳои зеҳнии ҳар ду кишвар, мавзуи меҳварии ин  мулоқотро ташкил доданд. Хусусан тарафҳо дар бораи вазъи Афғонистон ва таҳдиду хатарҳои он ба минтақаву ҷаҳон, табодули афкор намуданд. Махсусан, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки баъд аз тағйири қудрат дар Афғонистон вазъ дар сарҳади ҷанубии кишвар боз ҳам ҳассостар шудааст, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боз ҳам рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳолатҳои зиёди убури сарҳади Тоҷикистон аз ҷониби терррористони афғон ба қайд гирифта шуданд. Махсусан, таъкид гардид, ки Шоҳигарии Шветсия ҳамчун узви эътилоф дар ҳаводиси Афғонистон ҷонибдори сулҳу субот дар ин кишвар аст. Директори Марказ зикр намуд, ки ҷониби Шветсия барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон метавонад аз долонҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода барад.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба зарурати тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ ва муҳити зисту тағийрёбии иқлим дар чаҳорчубаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.

Гуфта шуд, ки гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Шветсия бо дарназардошти имкониятҳо чандон қонеъкунанда нестанд. Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеъ дар бахшҳои сайёҳӣ, сармоягузорӣ, энергетика ва коркарду истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва сангҳои гаронбаҳо аст. Барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Шветсия бояд аз тамоми имкониятҳо ва зарфиятҳои мавҷуда ба хубӣ истифода намуд, таъкид шуд дар  мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сафири Шоҳигарии Шветсия Томас Данестад. Инчунин, ҷонибҳо зарурати тавсеаи ҳамкориҳои коршиносони ду ҷонибро муҳим арзёби намуданд.

Дар бораи тақвияти ҳамкории марказҳои зеҳнии ҳар ду кишвар ба хотири ташаккули тасаввуроти воқеӣ доир ба вазъи рушди Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ҳадафҳои рушд, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ пешниҳодҳои мушаххас баён гардид. Сафири Шоҳигарии Шветсия бо ҳавасмандӣ аз ин пешниҳод изҳор дошт, ки дар кӯтоҳтарин фурсат барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Шветсия талош меварзад.

Дар навбати худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестад барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ миннатдорӣ изҳор намуда, омодагии худро барои тақвият ва густариши робитаҳои дуҷонибаи дӯстӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун таъкид намуд.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо доир ба баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалии муштарак дар самтҳои гуногуни ҳамкории ду кишвар дар оянда изҳори итминон намуданд.

Мулоқот дар руҳияи самимият ва фазои дӯстона баргузор гардид.

 

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед