Санаи 11 июни соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон бо сафири дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Кайрат Сарибай баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот директори Марказ Усмонзода Хайридин меҳмонро хайрамақдам гуфта, доир ба вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ибрози андеша намуд.
Мавсуф оид ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои қораи Осиё,бахусус Осиёи Марказӣ дар шароити гуногуни фарҳангӣ ва тамаддунӣ ибрози назар намуда, таъкид гардид, ки дар заминаи ташкил намудани ҳамкориҳои марказҳои зеҳнӣ дар тақвияти робитаҳои мутақобилан судманд дар шароити имрӯзаи ҷаҳон басо муфид ва саривақтӣ мебошад.Хусусан, бо суръати назаррас рушд намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ хеле зарур ва муҳим мебошанд.
Зимни мулоқот масоили обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, оқибатҳои таъсири манфии он, ҳифзи муҳити зист ва боло бурдани иқтидори тавлиди “нерӯи сабз” мавриди муҳокима қарор доштанд.Аз ҷумла, қайд кард, ки сол то сол робитаҳои гуногунсоҳаи кишвари мо бо давлатҳои дигар, созмонҳои бонуфузи байналмилалии сиёсӣ ва ташкилотҳои молиявию сармоягузорӣ торафт густариш меёбанд ва самарабахш мегарданд. Ин далели он аст, ки густариши сиёсати “дарҳои боз”, муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо тамоми кишварҳои олам ҳамчун афзалиятҳои устувору бетағйири сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар ҳарчи бештар ба масири ҳамкориҳои мутақобилан судманд гомҳои устувор ниҳода, аз имкониятҳои ба даст омада самаранок истифода менамояд.
Дар мулоқот оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бахусус имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва логистика, инчунин дар самти таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти илм, технология ва инноватсия ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ибрози андеша карда шуд.
Мулоқот дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон