Рӯзи 27 марти соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо намояндагони Барномаи ҷаҳонӣ оид ба таъқибот, барқарорсозӣ ва ҳамгироии Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Ҷозеф Гайт баргузор гардид. Инчунин, дар мулоқот, муовини директори Марказ Муҳаммадзода Парвиз, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Абдуҷабборов Маъруф ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳиддин Садриддинзод ва намояндагони Барномаи болозикри СММ Наталя Кислитсина, Мартин Поважан ва Энхтунгалаг Ганболд, мушовири оид ба масоили сулҳ ва рушди дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Директори Марказ Усмонзода Хайридин дар оғози мулоқот меҳмононро хайрамақдам ва бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуд. Сониян, вобаста ба паҳлуҳои фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Усмонзода Хайридин иброз дошт, ки ин ниҳоди муҳими таҳлилӣ дар баробари пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ҳамзамон ба таҳлили масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризму экстремизм, омӯзиши равандҳои сиёсӣ ва ояндабинии онҳо машгғул аст.

Зимнан зикр шуд, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, ки шавҳарону падаронашонро куштанд, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Аз ҷумла, бори охир 25 июли соли 2022 бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути хатсайри махсус аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд.

Ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

Сипас, роҳбари ҳайати Барномаи ҷаҳонӣ оид ба таъқибот, барқарорсозӣ ва ҳамгироии Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Ҷозеф Гайт аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, дар навбати худ иброз дошт, ки тадбирҳои Тоҷикистон дар самти баргардонидани шаҳрвандон, наҷоти ҳаёти  занону кӯдакон ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани онҳо назаррас аст. Барномаи ҷаҳонӣ оид ба таъқибот, барқарорсозӣ ва ҳамгироии Дафтари зиддитеррористии СММ дар самти мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст ва дар оянда низ ба тақвияти ҳамкориҳо ҳавасманд аст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории муштарак вобаста ба масъалаҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, роҳҳои самарноки барқарорсозӣ ва ба ҳаёти осишта баргардонидани шаҳрвандони фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгарогашта иборзи назар намуданд.

Мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Чоп кунед