16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ, низомӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон ва эътимоди мутақобили ду давлати бо ҳам дӯст изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар мулоқот тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона, муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар чорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Милали Муттаҳид, баррасӣ намуданд.
Ҳар ду ҷониб вобаста ба амнияту суботи минтақа ва вазъи нигаронкунандаи сиёсиву низомии Афғонистон табодули афкор карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ мебошад.
Дар мулоқот инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима карда шуд.