Санаи 28 марти соли 2023 мулоқоти  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот директори Марказ Хайриддин Усмонзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки кишвари Чин ҳамсояи нек, ва шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин тайи бештар аз 30 сол рушду такмил ёфта, равобити ду кишвар дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамсоягии нек ва дӯстӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд. Хусусан, таъкид гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Чин яке аз шарикони боэътимод ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, соҳаҳои кишоварзию саноат ва дигар самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда шудаанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи байналмилалӣ аз ташаббусҳои якдигар ҷонибдорӣ менамоянд. Албатта, Чин вазъи мураккаб, печида ва ноустуворро дар сатҳи ҷаҳон комилан дарк намуда, барои беҳтар гаштани вазъият ташаббусҳо нишон дода истодааст. Бидуни шак, ташаббусҳое, ки Чин амалӣ намуда истодааст, ба хотир суботи ҷаҳонӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин ҷиҳати пазироии самимӣ изҳори сипос ва миннатдории хешро ба роҳбарият Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд. Дар баробари ин, Сафир Тзи Шумин ишора намуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми соҳаҳо тақвият ёфта истодааст. Ҷониби Чин низ худро муаззаф медонад, ки барои рушди бештари робитаҳо роҳҳо ва воситаҳои нави ҳамкориро ҷустуҷӯ намуда, муносибатҳоро таҳким бахшад.

Дар мулоқот қайд гардид, ки имсол аз санаи баимзорасии “Изҳороти муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин” 30 сол пур мешавад, ки он яке аз санадҳои муҳимме мебошад, ки самтҳои асосии равобити Тоҷикистон ва Чинро муайян намуда, дар таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни ду кишвар нақши бориз дорад.

Ҷонибҳо баргузории чорабинии илмиро доир ба ҳамкориҳои фарогир миёни Тоҷикистон ва Чин мувофиқи мақсад шумориданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.

Хадамоти  матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед