Рӯзи 20 октябри соли 2022 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода бо  раиси Пажӯҳишгоҳи байналмилалии эроншиносии “Расона”-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  доктор Муҳаммад  Ал-Суламӣ баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар оғози мулоқот  меҳмони олиқадари  хориҷиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Ҳамчунин, иброз дошт, ки пешбурд ва густариши робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ бо марказҳои зеҳнии дигар кишварҳо ва бунёдҳои шарик яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ ба ҳисоб меравад.  Барқарор ва ба роҳ мондани робитаҳои ҳасана ва густурдаи  илмиву таҳқиқотӣ  миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии эроншиносии “Расона”-и Шоҳигарии Арабистони Саудиро мувафиқи мақсад арзёбӣ намуд.

Доктор Муҳамммад Ал-Суламӣ барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, дар бораи барномаи илмиву  таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии эроншиносии “Расона”-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мухтасаран иттилоъ дода, таъкид кард, ки дар марҳалаи кунунӣ мақсади асоси густариши робитаҳои илмиву таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи мазкур на танҳо бо марказҳои зеҳнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, балки бо ҳамтоёни кишварҳои форсизабон, аз ҷумла Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин масъала, роҳбарияти Пажӯҳишгоҳи давлатии  эроншиносии “Расона” мақсад дорад, ки бо марказҳои бонуфузи зеҳнии Тоҷикистон, махсусан Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои судманди илмию таҳқиқотиро ба роҳ монад.

Дар охир аз ҳар ду ҷониб таъкид гардид, ки барои ҳамкориҳои самарабахши оянда бояд дар байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи эроншиносии “Расона”-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  Ёддошти тафоҳум ба имзо расад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҷаҳон, махсусан дурнамои вазъи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёнаро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ва роҳбари дастгоҳи Марказ Умед Давлатов иштирок доштанд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои  ҳар ду кишвар   анҷом ёфт.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед