Рӯзи 1 декабри соли 2021 мулоқоти кории директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  бо намояндаи ваколатдори минтақавии Бунёди Конрад Аденауэри Олмон дар Осиёи Марказӣ Ронни Ҳайне баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози мулоқот намояндаи ваколатдорро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар дод. Ҳамчунин, иброз дошт, ки пешбурд ва густариши робитаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар кишварҳо ва бунёдҳои шарик яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти илмию пажӯҳишии Марказ ба ҳисоб меравад.

Ҷаноби Ронни Ҳайне дар навбати худ дар бораи барномаи омӯзишиву таҳқиқотии намояндагии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ иттилоъ дода, таъкид намуд, ки дар марҳалаи кунунӣ мақсади асосии Бунёд пешбурди робитаҳои омӯзишӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, Бунёд мақсад дорад, ки бо марказҳои бонуфузи зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои судманди илмию таҳқиқотиро ба роҳ монад.

Дар ҳошияи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами минтақа, махсусан дурнамои вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба равандҳои минтақаро  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Дар мулоқот намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳзод Икромов, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Бахтиёр Холиқов ва роҳбари барномаҳои Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Ашраф Алиқулов иштирок доштанд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои байналмилалӣ  анҷом ёфт.

          Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти
стратегии назди
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед