Рӯзи 14 декабри соли 2021 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо масъули бахши сиёсии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   Давид Бишоп баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози мулоқот меҳмонро хайрамақдам гуфта, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА-ро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад.

Хуршед Зиёӣ дар бораи масъалаҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон  сухан ронда, моҳияти сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод ва қайд кард, ки Тоҷикистон узви фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ буда, ҷонибдори ҳалли мусолиматомези тамоми масъалаҳои баҳсноки минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.

Зимни мулоқот ҳамчунин, ҳар ду тараф масоили мубрами сиёсию амнияти минтақавию ҷаҳонро  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Масъули бахши сиёсии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давид Бишоп барои пазироӣ ва мулоқоти самимона изҳори сипос намуда, ба рушди робитаҳои дӯстона, ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкиму густариши онҳоро таъкид ва таъйид кард.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Бахтиёр Холиқов иштирок дошт.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар  анҷом ёфт.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

            

Чоп кунед