13 декабри соли 2024 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Маъруф Абдуҷабборов бо котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Колодкин Николай Георгиевич баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Белорусро баррасӣ намуданд.

Дар оғози мулоқот сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷабборов меҳмонро хайрамақдам гуфта, муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистон ва Беларусро мусбат арзёбӣ намуд ва  таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи он ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳарду кишвар мебошад.

Дар мавриди худ, Колодкин Николай Георгиевич аз пазироии самимӣ миннатдорӣ намуда, рушди муносибатҳои шарикии байни Тоҷикистон ва Беларусро баланд арзёбӣ намуд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои илмӣ-таҳқиқотии байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларусро баррасӣ намуданд.

Мулоқот дар руҳияи самимият, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед