Имрӯз, 31 августи соли 2021, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хуршед Зиёиро бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз намуд.
Кормандон директори Марказро барои сазовар гаштан бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз сидқи дил табрик менамоянд.
Ин мукофоти олӣ эътирофи саҳми директори Марказ дар раванди таҳқиқи масъалаҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатии кишвар мебошад.
Аҳли коллективи Марказ ба Шумо саломатӣ ва муваффиқиятҳои навбатиро орзуманданд.