Имрӯз, 3 ноябри соли 2021 дар асоси муқаррарот оид ба медали ҷашнии “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай”, ки бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Сазмони ҳамкории Шанхай таҳти №13 аз 14 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хуршед Зиёӣ, барои саҳми арзанда дар ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай, бо медали ҷашнии 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай сарфароз гардонида шуд.

Ин мукофоти олӣ эътирофи саҳми директори Марказ ва кормандони он дар раванди таҳкими масоили амният дар минтақа ва ҳамгироии иқтисодию сиёсӣ мебошад.

Кормандон директори Марказро барои сазовар гаштан бо медали ҷашнии 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай аз сидқи дил табрик менамоянд.

Аҳли коллективи Марказ ба Шумо саломатӣ ва муваффиқиятҳои навбатиро орзуманданд.

Чоп кунед