Дар тамоми кишварҳои олам мухолифатҳои мухолифин бо Ҳукуматҳо то сарҳаде идома меёбад, ки масъала дигар на фақат сиёсӣ ва гурӯҳист, балки он ба номуси миллӣ пайванд мехӯрад. Яъне вақте масъалаи манфиатҳои миллӣ ва номуси миллӣ боло мегирад, мухолифин ҳама гуна мухолифатҳоро як сӯ мегузоранд ва аз давлату миллат ҳифозат мекунад. Аз камбудиҳо интиқод мекунанд, вале ба пешрафту дастовардҳои миллӣ арҷ мегузоранд ва онро ситоиш мекунанд.
Аммо мухолифини имрӯзи Тоҷикистон аз ин қоида истисноанд. Онҳо ба камбудиву пешрафт як нигоҳ доранд – Нафрат! Мавзӯеро дар матни гузоришҳои онҳо пайдо кардан душвор аст, ки нисбат ба кадом як дастоварди бузурги кишвар кӯчактарин нигоҳи мусбати худро изҳор дошта бошанд. Онҳо зери бори интиқодҳои бебанду бор, хую рафтор, нигоҳу гуфтори хешро то ин ҳад интиқодӣ кардаанд, ки гуфтани як ҳарфи мусбат аз пешрафти давлат мушкилтарин кор барояшон аст. Пардаи ғафси адовати куҳнашудаашон пеши чашми онҳоро фаро гирифтааст.
Агар мухолифин бо ҳамин сатҳу мазмунашон дар оғози бунёди НБО “Роғун” вуҷуд медоштанд, ки Тоҷикистон аз дастгирии моддӣ дида бештар ба пуштибонии маънавӣ ниёз дошт, шояд аз ҷумлаи муқобилони сарсахти ин тарҳ мебуданд, зеро консепсияи зиндагии эшон чунин ба назар мерасад, ки “мухолифат барои ихтилоф” аст, на баҳри беҳбудӣ.
Воқеаҳои дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва гирифтор шудани сокинони кишвар ба коронавирус аз ҷумлаи ҳамон ду масъалае буданд, ки бояд ин гурӯҳҳо садоқати худро дар амал нишон медоданд, ба гирифторони беморӣ кумаки воқеӣ менамуданд, ба ҷойи барномаҳои зиддиҳукумати барномаҳои пешгирӣ аз беморию мубориза бо онро бештар мекарданд ва дар мавзӯи сарҳад бо пуштибонӣ аз ватан сухан мегуфтанд. Аммо баръакси ин, боз бо ҳамин шеваҳои куҳна ба Ҳукумати Тоҷикистон часпиданд.
Дашному тавҳини Ҳукумат кори душор нест, вале арзишҳое ҳастанд, ки барои он шаҳрвандон ва ононе, ки худро ба ин ватану миллат тааллуқ медонанд, бояд мустақилона аз худ масъулияту ҳисси ҳамдилӣ нишон диҳанд. Аммо ин доира рисолати ҳамдилӣ ба миллатро то имрӯз танҳо дар суханпардозӣ медонанд ва аз амалгароӣ фарсахҳо дур мешаванд.
Аз ҷаҳонбинӣ ба худбинӣ мефароянд ва ба ҷойи пайгирии ҳадафҳои бузург ба дунболагирии шахсиятҳо ва падидаҳои ночиз мепардозанд. Мисоле, ки дар поин хоҳем овард, ба ҳамин андеша далел мешавад.
Санаи 22 июли соли равон Президенти кишвар ба деҳаи «Ҳаёти Нав»-и шаҳри Ҳисор, пасон ба хоҷагидории деҳқонии «Файзи Деҳқон» ва ба ноҳияи Рӯдакӣ сафари корӣ анҷом дода, дар манзили сокинон меҳмон шуданд. Дар натиҷа як суҳбати самимию саридастархонӣ низ бо онҳо анҷом дода шуд. Дар таҷлили 5500-солагии Саразм низ Пешвои миллат ба манзили яке аз сокинон ташриф оварданд ва дар сари дастархон бо аҳли ин оила суҳбати гарму инсонӣ анҷом доданд. Мақсади ин сафарҳои корӣ ошно шудан бо раванди корҳои кишварзии хоҷагидорони муваффақ буд.
Ҳамин мавзӯъро гурӯҳҳои мухолифу тангназар ҳамчун маъракаи пешазинтихоботӣ унвон намуда, навиштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, рейтинги худро дар арафаи интихоботи президентӣ боло барад. Бисёр як таъбири заиф ва обшуста!
Агар масъала ба имиҷсозӣ гиреҳ хӯрад, пас сохтмони чандин ҳазор километр роҳҳои мошингард, бунёди даҳҳо неругоҳҳои бузурги барқи обӣ, корхонаю заводҳо ва умуман корҳои бешумори созандагию беҳбуд бахшидании некуаҳволии сокинон, аз вартаи ҷанг раҳо бахшидани давлат ва ба ҷаҳониён шарику дӯст намудани Тоҷикистон кифоя аст, ки имиҷи Эмомалӣ Раҳмон абадӣ миёни мардум устувор боқӣ бимонад.
Агар масъала ба суҳбат бо сокинони кишвар рабт дошта бошад, пас ин чизи нав нест ва дар таърихи сарварии Эмомалӣ Раҳмон як анъанаи ҳамешагӣ ва доимӣ буду ҳаст. Сафарҳои кории Пешвои миллатро ба шаҳру навоҳии мамлакат тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки дар он мулоқоти рӯ ба рӯ бо деҳқонон, пирону калонсолон, ятимон, афсарон анҷом дода нашавад. Пас ин як ҷузъи фаъолияти рӯзмарраи Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ба ёд биоварем, ҳанӯз вақте муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба маснади раиси шаҳр тоза таъин шуда буд, яке аз насиҳатҳои самимии Пешвои миллат чунин буд: “Обеда дар хонаи соҳибкор накун, ошхона нарав, хонаи як ишгтирокчии ҷанг, як кампир ё бевазан рав, ӯ беҳтарин чизи дар сандуқ будаашро пешат мегузорад ва ифтихор мекунад ки раиси шаҳр назди ман омадааст. Ин насиҳати шахсе буд, ки дар тӯли ҳаёти худ онро ҳазорон бор таҷриба кардааст. Ҳатто агар ҳамин амал воқеан сохташуда барои имиҷ ҳам бошад, чӣ ҷанбаи манфӣ дошта метавонад? Аз ин рӯ, ба хонаи як сокини кишвар меҳмон шудани Пешвои миллатро маъракаи имиҷсозӣ номидану дар борааш соатҳо ҳарф задан ва чандин барнома таҳия кардан барои доираи мухолифин мақоли “аз бекорӣ кадукорӣ”, ё “душманат айб наёбад, думи сагатро каҷ мегӯяд”-ро мемонад, на беш аз ин.
Ҳамин тариқ, мухолифони ифротӣ рӯз то рӯз ба назар тарафдорон, вале дар асл бетарафон, ба зоҳир оппозитсия, вале дар воқеъ, ҷамъи бе “позитсия” зоҳир шуда, фазои иттилоотиро ифлос мегардонанд ва номи миллати тоҷикро ба доғдорӣ мекашанд. Ҷуз ин ду ҷиҳат ҳеҷ “фазилатеро” дар назди миллату давлат соҳиб нестанд.
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Муҳаммад Муродов,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС – и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон