Ҷумҳурии Тоӌикистон бо кӯшишу талошҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоӌикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои амну осоиштаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Аммо баъзе аз чунин гурӯҳҳо ва ашхоси кӯрбину нотавонбинони давлату миллати кӯҳанбунёд пешрафту суботи кишвари моро нодида гирифта, пайваста ба самти Тоҷикистони санги маломат зада, мардумро ба ҷангу низоъ даъват карда истодаанд.

Чанд рӯз аст, ки дар фазои иттилоотӣ атрофи “ташкил шудани ҷиноҳи низомии мухолифин” баҳсҳо зиёд шуда истодааст ва ин мавзуъро асосан мухолифин  ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бештар ба миён гузошта, худро аз ҷумлаи дастандаркорон мешуморанд. Ба эътирофи онҳо ташкили чунин ҷиноҳ гӯё зарурат ва амри табиӣ будааст.

Суоле ба миён меояд, ки магар силоҳ кашидан болои як ҳамватани худ “амри табиӣ” шуда метавонад?!

Дар яке аз суҳбатҳояш роҳбари паймони экстремистии “ПМТ” Муҳиддин Кабирӣ чунин қайд мекунад: “Пас аз ҳодисаҳои Афғонистон ва ҷанги Украина ин ҳарф ва ин далелҳо қавитар шуданд, ки чаро тамоми дунё метавонад, тамоми миллатҳо барои расидан ба озодӣ ва ҳадафҳои худ аз силоҳ истифода баранд, магар миллати тоҷик. Зеҳни моро ба самте бурдаанд, ки Шумо ҳама зулму шиканҷаро таҳаммул кунед, аммо ҳеч вақт дар бораи муборизаҳои мусаллаҳона фикр накунед. Ин мавзӯи табу ё “ҳаром” барои миллати тоҷик ба шумор меравад”.

Бояд хотирнишон намуд, ки воқеан дар дигар давлатҳову миллатҳо барои расидан ба озодӣ ва ҳадафҳои худ аз силоҳ истифода мебаранд ва мо тоҷиконро низ агар лозим шавад, барои амнияту суботу истиқлол аз силоҳ истифода хоҳем бурд, вале на бар зидди миллати худ, балки барои ҳифзи ватан аз душманони беруна! Ва имрӯз айни ҳамин корро давлатҳои дигар низ анҷом дода истодаанд. Аммо чун ин ҷо масъалаи Тоҷикистон дар миён аст, суол пайдо мешавад, ки ин силоҳеро, ки мухолифин гуфта истодаанд, бар зидди кӣ бояд истифода кард? Кадом душман? Бар зидди бародари худ, ҳамсояи худ, ҳамвтани худ? Магар аз ин суханони мухолифин бӯи такрори ҷанги шаҳрванди навбатӣ намеояд? Ба андешаи мо ин таҳрик додани мардум ба ҷангу низоъ аст, ки ҷуз маргу мир ва ҳиҷрату бадбахтӣ ба миллат чизе дигаре ба бор нахоҳад овард.

Албатта, ин як падидаи нав нест ва фарҳанги ҷанг ҳамеша фарҳанги хоси мухолифин будааст. Мардуми Тоҷикистон аз таҷрибаи солҳои 90-ум ба хубӣ огоҳанд, ки чӣ гуна мухолифин кишварро ба оташи ҷангу хунрезӣ кашониданд. Ва имрӯзҳо дар партави рушду шукуфоии кишвар ва суботи сартосарӣ, ки мардум дар якҷоягӣ бо ҳукумати мамлакат онро ба ивази қурбониҳои зиёд ва заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ба даст овардаанд, мухолифин мехоҳанд аз нав фазоро ба вартаи ҷанг бикашанд.

Пас, агар хубтар ба масъала нигоҳ кунем, бо ин амалашон мухолифин аз гурӯҳҳои терористию экстремистие, ки суботу амнияти кишвари  моро зери хатар қарор медиҳанд, ба монанди  “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Салафия”, “ДОИШ”, “Ҷабҳат-ан-Нусра”, “Толибон” ва ғайра ҳеҷ камие надоранд.

Дар сӯҳбати болозикр гуфта шудааст, ки “Аз тариқи интихобот ҳеч натиҷа ба даст наомад”, биноабр ин зарурат ба истифодаи силоҳ барои расидан ба ҳадаф пеш омадааст”. Бояд гуфт, ки имрӯз дар ҳар як давлати демократӣ даҳҳо ва садҳо ҳизбҳои сиёсӣ мавҷуданд. Табиист, ки дар интихоботҳо на ҳамаи ҳизбҳо ғолиб мешаванд. Ва агар ҳамин мағлубиятро асос намуда, ҳизбҳои сиёсӣ, бар зидди миллат силоҳ мекашиданд, дар ҷаҳон имрӯз ягон кишвари ором вуҷуд дошта наметавонист.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ки имрӯз дар кишвар ҳафт ҳизби сиёсӣ амал мекунад, на ҳамаи онҳо дар интихоботҳо пирӯз мешаванд. Пас, агар барои ба даст наовардани шумораи зарурии раъйи мардум ва пирӯз нашудан дар интихобот ҳар яке ин ҳизбҳо даст ба истифодаи силоҳ ва қатлу куштор зананд, вазъи ваҳдати миллӣ, субот, истиқлолият чӣ мешавад? Ҳама бар боди фано хоҳад рафт.

Бинобар ин, ба хотири ҳадафҳои кӯчаку нопоки худ гурӯҳе аз забони ҷанг кор набояд гирад. Аз ҳама гурӯҳи заифтарин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷанг сухан мегӯяд. Ҳамин корро имрӯз гурӯҳҳои ғаразнки экстремистӣ, ки худро мухолифини сиёсӣ ном мебаранд, пеш гирифтаанд. Ин кори ҳазлу саҳл нест, балки ҷаҳолат аст.

Хушбахтона, мардуми сарбаланди тоҷик имрӯз фарҳангу фаросати лозимиро доранд, ки байни суботу нооромӣ, ҷангу сулҳ, бадбахтию хушбахтии умумимиллӣ сарҳад гузоранд. Ва ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳову найранг ва даъватҳои носолиму пур аз ҳарзаи душманони миллат фирефта нахоҳанд шуд.

Коршиноси масоили сиёсӣ
Шаҳриёр Қосимзода

Чоп кунед