Ҳамасола 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи Президент “ муайян карда шудааст.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳалаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлатӣ соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Баробари истиқлол Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро дар атрофаш муттаҳид намуда, ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуда, давлатро аз фаноёбӣ наҷот диҳад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути марди олиму оқилу фозилу хирадманд буданаш, бидуни талафот Созишномаи сулҳро ба имзо расонида, дар роҳи овардани сулҳ ба Тоҷикистон нақши муҳимро ифо намуд. Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки таҷрибаи пойдории сулҳи Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта, истифода мебаранд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки барои тасдиқи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: “Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.
Имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ ва маъво гирифтан ба дили ӯст, ки хушбахтона, ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст. Маҳз бо дарназардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.
Дар санаи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар бо як ҷаҳон эътиқоду боварии бузург сарнавишти миллат ва тақдири мамлакатро маротибаи панҷум ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуданд.
Чуноне, ки ҳангоми суханронии худ ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд; – “ Ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус руҳу неруи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳакам ва азми қавӣ қадам гузоштам. Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд”.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд, ки:
Каъбаи иқбол ин халқасту бас,
Каъбаи уммедро вайрон макун.
Маҳз дар ҳама ҳолатҳо ба пешвози мардум рафтан, бо онҳо аз наздик суҳбат оростан, хоҳишу дархостҳои онҳоро шунида, ба дардҳои онҳо муддаво шудан ва ғайра Эмомали Раҳмонро бо мардум бузургтару қавитар ва тавоно намуд. Шоҳиди ҳолате будам, ки як марди солор дар ноҳияи Ёвон баъди бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз наздик зиёрат намудан, ҳафтаҳо дасти худро нашуста, бо ифтихор байни мардум Худоро ситоиш мекард, ки ба ӯ чунин хушбахтии бузургро ато намудааст. Ҷойи пушида нест, ки дар сафарҳои хизматияш ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ даставвал ба пешвози пирони рӯзгордида, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолон ташриф меоранд, ки ин садоқату самимияти хоси роҳбари давлат аст:
То тавонӣ нотавононро ба чашми кам мабин,
Хизмати як ришта иттиҳод диҳад гулдастаро.
Ҷаноби Олӣ дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд, ки “ то оне ки ман зинда ҳастам, ятимону маъюбон, пиронсолон ва шахсони бесарпаноҳро яккаву танҳо намегузорам”. Бале, ӯ ҳамон фард аст, пуштибону соябони сари ятимон, қадамҷояш хонаи ятимон асту маконаш пур аз меҳри эшон. Дар ҳар як сафарҳояшон бо онҳо аз наздик вохӯрда, сари онҳоро сила намуда, барояшон туҳфае тақдим менамоянду дуои хайрашон медиҳад:
То туро дод Худо давлату мулку ҳашаме,
Боядат кард ба ҳар хаста нигоҳи караме.
То тавонӣ зи дарат ҳоҷати муҳтоҷ барор,
Бо даме, ё қадаме, ё қаламе, ё дираме!
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки суҳбату вохӯриҳое ки Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздиди сафарҳояшон дар шаҳру ноҳияҳо ташкил мекунанд, як мактаби бузурги тарбияю маънавист. Суханони ӯро пиру ҷавон як хел гӯш мекунанду таассурот мегиранд, чунки Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ содда ва оммафаҳм ҳарф мезананд. Хусусан, вохӯрии Ҷаноби Олӣ дар ноҳияи Сангвор фаромушношуданист… Дуои Модарон бузург ва ҷовидонист! Ба манзил мерасонад, аз ҳамаи бадиҳо эмин нигоҳ медорад, роҳи сафеду бахти накӯ меофарад, дардҳоро дармон мешавад…
Бисёр самимӣ ва дилписанд иброз доштанд, ки ; “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам…”
Бале, Ӯ ҳамон Мард аст. Ӯ ҳамон Сарвар аст, ки ба бахти миллати тоҷик Худованд болои сараш овард. Ӯ ҳамон Пешво аст, Пешвои миллате, ки халқ интихобаш кардааст. Ӯ ҳамон Президенти мардумист, ки агар садҳо маротибаи дигар раъйи мардум бипурсанд, боз ҳам интихобаш ӯст. Ӯ ҳамон Эмомалии Раҳмон аст, ки пайғоми сулҳро бароямон овард, сулҳе, ки маргро ба зиндагӣ, мамотро ба ҳаёт табдил кард, сулҳе, ки то ҳанӯз орзуи аксари кишварҳои даргир боқӣ мондааст.
Дар муқоиса бо интихоботҳои кишварҳои хориҷ, аз қабили Беларус, ИМА, Молдова, Қирғизистон баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як маросими тую сур, маъво гирифтан ба дили мардум ва шукуҳу шаҳомати баланди миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Оре, Ӯ ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба халқ такя карда, пирӯз шудаву Худованд бо сад лутфу марҳамат барои ҳамин миллат атояш кардааст. Зиҳӣ, Эмомалӣ Раҳмон! Ба бахти миллати тоҷик ҳамеша Муборакқадаму Мубораксимою Мубораксафо ҷовидонӣ бошед!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Имомназари Каримиён,
мутахассиси пешбари Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ
ва инкишофи бахши хусусии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон