Парчамҳо ин рамзи ҳувият ва соҳибихтиёрии ҳар як кишвар мебошанд, ки фарҳанг ва ҳатто маънои рушди иқтисодиро дар худ таҷҷасум менамояд. Гарчанде, ки худи Парчам як воситаи мустақими иқтисодӣ нест, аммо истифода ва дарки он метавонад ба рафтори иқтисодӣ дар соҳаҳое аз қабили муносибатҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ, нишонаҳои молию тамғаҳои истеҳсолӣ ва стратегияҳои корпоративӣ таъсир расонад. Парчам метавонанд ба тиҷорат, таблиғ ва ҳатто муносибаҳои иқтисодии байналмилалӣ таъсир расонанда, ба таври ғайримустақим ба иқтисодиёт мусоидат намояд.

Дар конфронсҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо, вохӯриҳою бастани шартномаҳои тиҷоратӣ Парчам ҳамеша парафшон аст. Он рамзи иштироки молу маҳсулот, обрӯю эътибори ширкат ва ё корхонаро таҷассум мекунад. Парчамҳо ҳамчун забонҳои умумӣ (универсалӣ) амал мекунанд, ки метавонанд дар байни иштирокчиёни самтҳои гуногуни иқтисодӣ фазои эътимод ва эҳтиром эҷод намоянд.

Мусаллам аст, ки пайдоиш ва истифодаи парчамҳо ба замонҳои қадим рост меояд. Онҳо бештар барои нишон додани назорати ҳудудӣ истифода мешуданд, ки шахсият, рамзии қабилаҳо ва миллатҳоро нишон медоданд. Парчамҳо имкон доданд, ки одамон дар зери як рамз муттаҳид шаванд, ки ин дар ҷангҳои низомӣ милатҳо ва халқиятҳоро бо ҳам муттаҳид намуд. Бо гузашти вақт, парчамҳо натанҳо манфиатҳои сиёсӣ, балки манфиатҳои иқтисодиро ифода намуда, бе мавҷудияти он рушди иқтисодию истеҳсолии ягон корхона ё ширкат ғайриимкон мебошад.

Дар замони муосир парчамҳо ба шароитҳои гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ мутобиқ карда шудаанд. Онҳо натанҳо дар сатҳи ҳукумат, балки дар тиҷорати фирмаҳо низ истифода мешаванд, ки ҳар як тамғаи молӣ ё таблиғотро ифода менамояд. Парчам ғояҳо ва арзишҳои худро дорад, ки он метавонад чунин манфиатҳои рушди иқтисодиётро дар самтҳои гуногун таъмин намояд, аз ҷумла:

  1. Муносибатҳои байналмилалӣ ва тиҷорати хориҷӣ. Парчами миллӣ рамзи соҳибихтиёрии кишвар аст ва истифодаи он дар муносибатҳои байналмилалӣ метавонад таъсир расонад, ки давлатҳои дигар ин кишварро аз давраи қабулашон бо парчамашон шинохта эҳтиром мекунанд. Эътироф ва эҳтиром доштани рамзҳои возеҳ ва шинохташавандаи миллӣ метавонад эътироф ва эътимоди байналмилалиро афзоиш диҳад. Ин метавонад ба созишномаҳои тиҷоратӣ мусоидат кунад ва сармоягузориҳоро рушд дода, ҳамчунон, шарикони хориҷиро ҳавасманд намояд. Ҳамзамон, Парчам ҳамчун як ҷузъи рамзи миллӣ метавонад барои пешбурди маҳсулоти маҳаллӣ дар бозорҳои байналмилалӣ истифода гардида талаботро ба маҳсулоти содиротӣ афзоиш диҳад.
  2. Сайёҳӣ. Парчам як ҷузъи муҳимми ҳувияти фарҳангии кишвар буда, дар ҷалби сайёҳон ба кишвар нақши муҳимро анҷом медиҳад. Парчам нишон дода метавонад, ки он ба рушди бренди миллӣ мусоидат намояд ва дар навбати худ сайёҳонро ба фарҳанг, таърих ва рамзҳои кишвар ҷалб намояд. Инчунин, чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ, аз қабили Бозиҳои олимпӣ ё Чемпионати ҷаҳон, аксар вақт бо намоишҳои намоёни рамзҳои миллӣ, аз ҷумла парчамҳо, ҳамроҳ мешаванд. Парчам таваҷҷуҳро ба кишвар ҷалб мекунад ва метавонад ба афзоиши гардиши сайёҳон мусоидат кунад ва ба рушди бахши хидматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва хадамоти нақлиёт мусоидат кунад.
  3. Муарифии бренд ва тамғаҳои молӣ. Бисёре аз ширкатҳо Парчами давлатиро дар тамғаи молӣ ё маъракаҳои таблиғотии худ барои эҷоди тасвирӣ муайян истифода мебаранд. Маҳсулоте, ки бо Парчами давлатӣ тасвир ёфтаанд, метавонад ҳамчун рамзи сифат ва ифтихори миллӣ қабул карда шаванд, ки метавонад талаботро ба чунин маҳсулот, бахусус брендҳои бо стандартҳои баланд алоқаманд зиёд намояд. Бо ин мақсад истифодаи Парчам дар таблиғ метавонад ватандӯстии истеъмолкунандагонро бештар намуда, талаботи онҳоро ба молҳои истеҳсоли маҳаллӣ афзоиш диҳад, ки дар навбати худ ба иқтисодиёт таъсири хуб мерасонад.
  4. Суботи сиёсӣ ва муҳити иқтисодӣ. Суботи сиёсӣ ва дарки он дар хориҷи кишвар, аз ҷумла тавассути рамзҳо, аз қабили Парчами давлатӣ метавонад ба иқтисодиёт таъсир расонад. Пеш аз оне, ки сармоягузор ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт сармоягузорӣ намояд, ҳатман ӯ медонад, ки зери кадом парчам сармоягузорӣ бояд намояд. Боварии сармоягузорон аз идоракунии устувор ва симои мусбати кишвар вобастагӣ дорад. Барои ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ ҳатман хатарҳоро барои ширкатҳои байналмилалӣ коҳиш додан ва рушди иқтисодиро мусоидат нигоҳ доштан, аз мавҷудият ва парафшонии парчам дар ҳудуди сармоягузоришаванда, вобаста мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки рамзҳои ифтихори миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, метавонанд барои таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва ҳувияти миллӣ хидмат кунед, ки ба эҷоди қувваи кории устувор ва ҳавасманд мусоидат менамояд.
  5. Буҳронҳои байналмилалӣ ва таҳримҳо. Парчам инчунин, метавонад дар раванди буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ саҳмгузор бошад. Масалан, дар сурати таҳримҳо ё дигар ҳолатҳоӣ сиёсӣ, парчам метавонад рамзи эътироз ё муборизаи иқтисодӣ бошад. Кишварҳои таҳти таҳримот метавонанд аз рамзҳои миллӣ барои сафарбар кардани афкори ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани ватандӯстии дохилӣ истифода баранд, ки он ба равандҳои иқтисодии дохилӣ таъсир расонанд. Парчами давлатӣ дар дигар соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ нақши калидиро бозида, бидуни мавҷудияти он анҷом додани созишномаҳо ғайриимкон мебошад.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки парчами Ҷуҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фарзандони фарзонаи миллат дар арсаҳои ҷаҳонӣ парафшон гашта, моро дар ҷодаи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз таъриху ойин ва фарҳангу адабиёт ҳидоят мекунад. Аз иқболу сарнавишти неки мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ки парчами миллати фарҳангбунёди мо дар радифи беш аз 193 давлати дунё дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ парафшонӣ мекунанд. Бешак, ин баёнгари пайванди амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Ҳарчанд Парчами давлатӣ мустақиман воситаи иқтисодӣ набошад ҳам, аммо нақши он ҳамчун рамз ва унсури нишонаи молӣ ва ё тамғаи истеҳсолӣ метавонад ба иқтисоди кишвар аз роҳҳои гуногун, аз тиҷорату гардиши молу маҳсулот то сармоягузорӣ ва ҳувияти миллӣ таъсир расонад. Ин аст, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, инчунин ваҳдати миллӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. То он вақте, ки Парчами давлатии кишвари азизамон парафшон аст, таъмини рушди иқтисодиёти босуботи кишвар таъмин буда метавонад.

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
н.и.и. Сардори Раёсати таҳлил ва,
ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази  тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед