Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад”.
Мушкилоти энергетикӣ имруз барои тамоми инсоният, яке аз мушкилоти актуалӣ ба ҳисоб рафта, сарчашмаҳои анъанавӣ, аз қабили нафт, газ ва дигар маъданҳо хоссатан аҳаммияти худро аз даст дода истодаанд. Ин мушкилот, албатта, ба муҳити зист зарари калон мерасонанд. Аз ин рӯ, дар шарорити имрӯза навъҳои гуногуни истгоҳҳои энергетикӣ аз қабили: панелҳои офтобӣ, неругоҳҳои барқии шамолӣ ва обӣ хеле маъмул шуда истодаанд. Ҳамаи онҳо ба манбаъҳои “энергияи сабз” тааллуқ доранд, ки дар поён муҳокима хоҳанд шуд.
Бояд тазаккур дод, ки “энергияи сабз” хусусияти барқароршаванда дошта, моҳияти ин усул аз он иборат аст, ки энергия аз равандҳои доимии табиат ба вуҷуд омада, он бо истифодаи техникӣ ба даст оварда шавад.
Тамоюлҳои рушди “энергияи сабз”-ро метавон хушҳолкунанда номид, зеро ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергияро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба ин соҳа маблағҳои зиёдеро сармоягузорӣ мекунанд. Бинобар ин, аксар вақт агрегатҳои тавсифшуда дар минтақаҳои соҳилӣ насб карда мешаванд, ки дар ин минтақа ояндадортарин ба ҳисоб меравад. Ҷолиб он аст, ки истифодаи ин намуди энергия барои кор амалан ба сӯзишвории анъанавӣ ниёз надорад. Дар ин росто барои як генератори дорои иқтидори 1 МВт дар тӯли 20 соли кораш ҳудуди 92 ҳазор баррел нафт ё миқдори 29 ҳазор тонна ангишт сарфа мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки барои тавлиди “энергияи сабз” дар саросари кишварҳои ҷаҳон ба омилҳое такя мекунанд, ки ҳам хусусияти табиӣ доранд ва ҳам ба иқлим безарар мебошанд. Бояд гуфт, ки ду навъи энергия бисёр маъмул аст.
- энергияи обӣ
- энергияи офтобӣ
Энергияи обӣ – тавре, аз номаш маълум аст, дар ин маврид манбаи асосӣ об буда, иқтидори ҷараёни он ба ҳисоб меравад. Ва имрӯз он як намуди маъмултарини энергияи сабз мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин манба фаровон мебошад. Гарчанде сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ арзиши баландро тақозо кунанд ҳам, аммо даромади ҳангуфт ба бор оварда, арзиши нерӯи тавлидкардаи онҳо нисбат ба нерӯи бодӣ ё офтобӣ хеле арзонтар аст.
Афзалиятҳои неруи барқи обӣ
1.Манбаи энергияи барқароршаванда – азбаски он оби сайёраро барои тавлиди неруи барқ истифода мебарад, неруи барқи обӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда ҳисобида мешавад. Вақте офтоб нурпошӣ мекунад, об дар рӯйи замин бухор мешавад, абрҳоро ба вуҷуд меорад ва дар ниҳоят ҳамчун борону барф ба сайёра бармегардад.
2.Манбаи энергияи тоза – яке аз сарчашмаҳои алтернативии “энергияи сабз” ва “тоза” неруи барқи обӣ мебошад. Истеҳсоли нерӯи барқи обӣ муҳити зистро ифлос намекунад. Неругоҳҳои барқи обӣ ҳангоми тавлиди энергия ба атмосфера ҳеҷ гуна газҳои зараровар ё гулхонаӣ намедиҳанд. Неругоҳи барқи обӣ дар муқоиса бо ангишт, нафт ё гази табиӣ камтар газҳои гулхонаӣ тавлид мекунад, ки тағирёбии иқлим, боронҳои кислота ва дудро коҳиш медиҳад. Азбаски он моддаҳои ифлоскунандаи ҳаворо хориҷ намекунад, неруи барқи обӣ ба беҳтар шудани сифати ҳавои нафаскашӣ мусоидат мекунад.
3.Манбаи энергияи дастрас – сарфи назар аз хароҷоти гаронбаҳои сохтмонӣ, неруи барқи обӣ манбаи камхарҷи энергия мебошад. Нархи манбаъҳои энергияи ба сӯзишвории истихроҷшаванда, аз ҷумла ангишт, нафт ва гази табиӣ аз ноустувории бозор таъсири зиёд дорад, ки метавонад боиси якбора боло рафтан ё паст шудани он гардад.
Бо давомнокии миёнаи умри 50 то 100 сол, иншооти барқи обӣ сармоягузориҳои дарозмуддат мебошанд, ки метавонанд ба наслҳои оянда манфиат расонанд.
Ҳамаи ин ташаббусҳо ба беҳтар шудани иқтисодиёти маҳаллӣ, дастрасӣ ба тандурустӣ ва маориф ва сифати умумии зиндагии сокинон мусоидат мекунанд. Масалан, тавлиди барқи обӣ қобилиятнокии дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили об ва энергияи офтобро афзоиш медиҳад. Иншооти барқи обӣ беҳтарин иловаи энергияи офтоб ва шамол мебошанд, зеро онҳо метавонанд вобаста ба иқлим тағйир ёбанд.
Неругоҳҳои барқи обӣ бартариҳои зиёд доранд, аммо мисли ҳама гуна манбаи энергия онҳо бояд барои кам кардани хатарҳо ва нуқсонҳо таҳия ва оқилона истифода шаванд.
Энергияи офтоб – дар ин ҳолат табдили шуоъҳои электромагнитӣ ба гармӣ ё қувваи барқ ба амал меояд. Хамаи неругоҳҳои офтобие, ки имруз мавчуданд, ҳам аз руи омилҳои таъсири дохилӣ ва ҳам аз энергияи кинетикии буғӣ кор карда метавонанд. Технологияи офтобӣ босуръат рушдёбанда аст ва аз ҳама маъмултарин энергияи барқароршаванда дар ҷаҳон истифода мешавад. Якчанд навъи онҳо вуҷуд доранд, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд:
– Манора ин гуна неругоҳҳо дар баландиҳо сохта мешаванд, ки дар болои он системам гелиостатҳое гузошта шудаанд, ки нури офтобро дар як ҷо чамъ мекунанд.
– Ҳавзҳои офтобӣ – ба як навъ ҳавзҳои ҳаҷмашон кам ба назар мерасанд, ки деворҳои онҳо бо маводи сиёҳпӯши гармӣ фаро гирифта шуда, ба ҳолати буғ мегузарад ва энергияи кинетикии худро ба турбина интиқол медиҳад. Ҷолиб он аст, ки ҳар як батареяи офтобӣ, ки дар ҳаёти ҳаррӯза истифода мешавад, ба неругоҳи барқи офтобии мустақим дахл дорад. Ва бузургтарини онҳо “Топази офтобӣ” номида мешавад ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойгир аст. Зарфияти он тақрибан 550 МВт аст.
Панелҳои офтобӣ бори аввал дар соли 2000-ум ба таври оммавӣ истеҳсол карда шуданд. Ин корро як олими экологии олмонӣ анҷом додааст. Аз он вақт инҷониб, боз ҳам бештар навоварӣ ба вуҷуд омад ва бештар панелҳо истеҳсол карда шуданд. Панелҳои офтобӣ одатан барои тавлиди нерӯи барқ дар хонаҳо ва дар саноат истифода мешаванд. Ғайр аз ин, панелҳои офтобӣ дар клиникаҳо барои яхдон кардани лавозимоти тиббӣ истифода мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки дар соҳаи нақлиёт, панелҳои офтобӣ дар истеҳсоли мошинҳои офтобӣ истифода мешаванд.
Баъзан, офтоб бештар аз он ки ба мо лозим аст, неру медиҳад. Вақте ин ҳолат ба вуқуъ мепайвандад, энергияи зиёдатӣ метавонад дар батареяҳо захира карда шавад, то баъдтар истифода шаванд. Баъзе аз ин бартариҳо аз он бармеояд, ки панелҳо аз энергияи офтобӣ, манбаи барқароршавандаи энергия ва аз ҷиҳати экологӣ тоза вобастагӣ доранд. Панелҳои офтобӣ ҳангоми қонеъ кардани ниёзҳои энергетикии мо ҳеҷ гуна гази гулхонавӣ намебароранд. Онҳо, инчунин, дар муддати тӯлонӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мебошанд. Ғайр аз он, энергияи аз панелҳои офтобӣ гирифташуда метавонад дар батареяҳо нигоҳ дошта шавад ва ҳангоми мавҷуд набудани нури офтоб мавриди истифода қарор гирад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар баробари ин манбаҳои энергетикӣ, ки дар маҷмуъ “энергияи сабз”-ро ташкил медиҳанд, боз технологияҳои сабзе вуҷуд доранд, ки барои муҳити зист ва иқлими сайёра бехатар ҳастанд. Дар ин маврид нақлиёти электрикӣ мисол шуда метавонанд, ки дорои якчанд афзалият мебошанд:
– мошинҳои барқӣ энергияро сарфа мекунанд – ин нишон медиҳад, ки пур кардани сӯзишворӣ дар истгоҳи сӯзишворӣ нисбат ба пур кардани батарея ба қувваи воқеии таъсири камтар дорад;
– камшавии ифлосшавии садо – мошинҳои барқӣ нисбат ба муҳаррикҳои маъмулии мошинҳои бо газ коркунанда хеле оромтаранд. Садои мошинхои электрикӣ тамоман дилгиркунанда нест;
– дар истеҳсоли мошинҳои барқӣ маводҳои такрорӣ истифода мешаванд. Батареяҳоеро, ки барои мошинҳои барқӣ истифода мешаванд, дубора коркард кардан мумкин аст. Батареяро пас аз фарсуда шуданаш дар ҷойи дигар истифода бурдан мумкин аст, зеро он то ҳол тақрибан 70-80% иқтидори ибтидоии энергетикиро дар бар мегирад;
– аз худ газҳои гулхонавӣ берун намекунанд – бо вуҷуди ин, азбаски мошинҳои барқӣ ҳеҷ яке аз ин газҳоро тавлид намекунанд, эҳтимол дорад, ки мушкилоти саломатӣ бо нафаскашӣ дар дуди буғ коҳиш ёбад. Масалан, нафаскашии мунтазам дар он газҳои зараровар метавонад хатари саратони шуш ва дигар ихтилоли роҳи нафасро ба таври назаррас афзоиш диҳад;
– ба иқлими сайёра зараровар нестанд – азбаски мошинҳои барқӣ умуман, моддаҳои кимиёвии зарароварро хориҷ намекунанд, истифодаи онҳо метавонад як стратегияи мувофиқ барои коҳиш додани олудашавии умумии ҳаво бошад, бахусус дар ҷойҳое, ки сатҳи баланди ифлосшавии ҳаво доранд;
– дорои сарфа кардани вақт мебошанд – пур кардани мошини барқии худ метавонад қулай бошад. Агар шумо як нерӯгоҳҳои пуркунандаи барқро насб кунед, ба шумо лозим нест, ки ба нерӯгоҳҳои анъанавии сӯзишворӣ такя кунед ва интизор шавед, пуркунандаи барқи хона осон дар хонаи шумо, ба шумо имкон медиҳад, ки мошини худро дар як шаб пур кунед.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ тавре қайд намуданд “Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза буда, ҳоло 98 дарсади барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.”
Хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо аз нигоҳи сарватҳои табии об ғанӣ буда, дар радабандии истеҳсоли “эенергияи сабз” дар байни шаш кишвари пешрафтаи ҷаҳон қарор дорад. Ин матлаб моро аз он ифтихорманд мекунад, ки шаҳодати ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоснок мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз дар кишвар беш аз 95 дарсади энергияи истеҳсолиро неруи обӣ ташкил медиҳад ва бо як боварӣ ва ифтихор метавон афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз тавассути истеҳсоли “энергияи сабз” ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва асосии Ҳукумати мамлакат дониста шуда, барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тамоми тадбирҳои лозимӣ андешида шуда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо неругоҳҳои хурду миёна ба истифода дода шуда, барои расидан ба ҳадафи басо муҳими давлатӣ, истиқлоли комили энергетикӣ, боз бунёди чандин неругоҳҳои хурду бузург ба нақша гирифта шудаанд.
Дар 31 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мо тавонистем аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика дар раванди таъмини истиқлолияти энергетикӣ маҳз тавассути истеҳсоли “энергияи сабз”, ки барои муҳити зист ва иқлими сайёра безарар аст бо маблағгузории миллиардҳо сомонӣ манбаъҳои энергияистеҳсолкунандаи хурду бузурги муҳимро мавриди истифода қарор диҳад
Дар доираи тавлиди “энергияи сабз” дар қатори неругоҳҳои бузурги барқи обии “Бойғозӣ” “Норак”, “Сангтуда – 1”, “Сангтуда – 2”, ва неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки бузургтарин неругоҳи аср дар минтақаи Осиёи Миёна дониста мешавад, нақши мондагор бозида метавонад.
Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон