Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил соҳаи иқтисодиёт бо такя ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ нақши ниҳоят бузург дорад. Бинобар ин, аз рузҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ ба рушди соҳаи мазкур эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шуд, ки ҳадафи асосии он пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи  некуаҳолии мардум мебошад.

Дар натиҷаи тадбиқи ислоҳоти самаранок ва амали гардидани вазифаю афзалиятҳои дар доираи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ муайянгардида фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ марҳала ба марҳала ба дастоварҳои назаррас ноил гардид, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат мебошанд:

Заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ

Аввалин қадаме, ки дар ин самт гузошта шуд ин таҳия, қабул ва дар амал тадбиқ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад. Тадбиқи қонуни мазкур тавонист асоси ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии оғози фаъолияти соҳибкориро аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, кафолати озодии соҳибкорӣ ва дастгирии давлатии онро барқарор намояд. Ҳамин тавр, дар зарфи 29 соли истиқлолият ҷиҳати таъмини рушду ташаккули фаъолияти  соҳибкорӣ дар асоси такмили заминаҳои ҳуқуқи як зумра қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки  дар натиҷа фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ густариш ёфт.

Дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами нахустини худро дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусуси дар идоракунии давлатӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» оғоз намуд. Зеро бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозаргони гузаштан ғайриимкон маҳсуб меёфт.

Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои мусоид фароҳам овард. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида маҳз вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид. Ҳамин тавр, дар натиҷаи тадбиқи қонуни мазкур то имруз иншоотҳои зиёди хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазъи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.

Дар самти низоми бақайдгирии давлатӣ

Бо мақсади соддагардонии расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва кам кардани монеаҳои маъмурӣ як зумра ислоҳотҳои муҳим ва ҷиддӣ амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа низоми бақайдгирии таъсиси фаъолияти  соҳибкорӣ дар мамлакат куллан тағйр ёфт. Таҳия қабул ва дар амал тақбиқ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» инчунин, таъсиси  «Равзанаи ягона» аз ҷумлаи татбирҳои асосӣ дар ин самт мансуб меёбанд. Ташкили системаи мазкур ва андешидани  татбирҳои судманди давлатӣ тағйиротҳои ҷиддиро ба амал  овард, аз ҷумла:

  • Кӯтоҳ гардидани муҳлати бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» аз 40 то ба 5 рӯз ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рӯз;
  • Коҳиш ёфтани шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои  бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз 30 то ба 7 адад;
  • Бекор гардидани пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дурустии маълумот ё худ  тасдиқи нотариалии ҳамаи онҳо, ки қаблан аз аризадиҳандагон талаб карда мешуд;
  • Бекор гардидани пешниҳоди оиннома ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
  • Талабот дар робита ба, гузаронидани ташхиси (экспертизаи) ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ инфиродӣ, ки қаблан ин амал аз ҷониби сохторҳои мақомоти адлия анҷом мегирифт бекор карда шуд;
  • Ба салоҳияти мақомоти андоз вогузор намудани амали бақайдгирии давлатии оғози фаъолияти соҳибкорӣ.

Дар самти низоми иҷозадиҳӣ

Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи он шумораи иҷозатномаҳо аз 680 то 74 адад кам гардида, расмиёти дастрас намудани онҳо низ соддатар гардонида шуданд. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти мазкур Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ низ ҷорӣ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар мамлакат теъдоди мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ 19 ададро ташкил дода, беш аз 63 намуди хулосаву иҷозатномаҳоро барои оғози фаъолият дар ин ё он соҳа пешниҳод менамоянд, ки нишондиҳанда то оғози ислоҳот дар низоми иҷозатдиҳи ба 600 адад баробар буд.

Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

Бо супоришҳои Президенти мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.

Мутобиқи қонуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯйи низоми хавфҳо, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми гузаронидани санҷида мешавад ва ҳамаҷониба фаҳмондани чунин усули кор аз ҷониби мақомоти санҷиш яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти ин самт ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки эълон намудани моратория ба санҷишу тафтишоти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз тадбирҳое аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ амали карда мешаванд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо ин мақсад 4 маротиба моратория дар давоми солҳои зерин эълон гардид, аз ҷумла:

  1. 2008-2010 «Моратория ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна»;
  2. 2011-2014 «Моратория ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»;
  3. 2018-2019 «Моратория ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»;
  4. 2019-2020 «Моратория ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ».

Дар самти низоми андозбандӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳимояи манфиятҳои соҳибкорони ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини рушди ин бахши муҳими иқтисодиёт дар солҳои истиқлолияти давлатӣ як силсила ислоҳотҳои муҳим ва ҷиддиро амали намуд, ки муҳимтарини онҳо таҳия ва қабули Кодекси андоз ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолӣ низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 5 марҳала ҷудо намудан мумкин аст аз ҷумла,

  1. Дарвраи якум солҳои 1991-1992;
  2. Дарвраи дувум солҳои 1993-1999;
  3. Дарвраи севум солҳои 1999-2013;
  4. Дарвраи чаҳору -2013-2020;
  5. Давраи панҷум 2020 то кунун.

Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи такмили низоми қонунгузрии андоз танҳо дар соли 2013 номгӯи андозҳо аз 21 то ба 10  намуд,  шумораи ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ  бошанд, то 43 дарсад кам карда шуд. Дар баробари ин, шумораи  умумии моддаҳои Кодекси андоз аз 355 ба 329 адад,  истинодҳо аз 384  ба 176 адад расонида шуд.

Ҳоло дар кишвар таҳия лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав идома дорад ва дар назар аст,  ки соли 2021 дар амал тадбиқ карда шавад, ки дар муқоиса бо Кодекси андози дар соли 2013 қабулгардида, аз бисёр ҷиҳат аз ҷумла, аз лиҳози шумораи андозҳо ва меъёрҳои он, инчунин ба маротиб кам гардидани номгӯи фаслҳо ва соддаю оммафаҳм будани матни он бартарии зиёд дорад.

Маҷмӯан, дар зиёда аз 88 моддаи лоиҳаи Кодекси мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардидаст. Илова бар ин, дар лоиҳаи мазкур мафҳуми нав “Мониторинги андозӣ” ҷорӣ гардидааст, ки аз мутобиқ гардидани он ба меъёрҳои байналмилалӣ дарак медиҳад. Дар амал тадбиқ намудани Кодекси мазкур ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар самти дастгирии ба захираҳои молиявии имтиёзнок

Бо мақсади дастгирии ва ҳимояи манфиятҳои соҳибкорони истеҳсолӣ тавассути муҳайё гардонидани шароити дастраси ба захираҳои молиявии имтиёзнок соли 2013  Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Илова бар ин, соли 2019 «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати шаҳри Душанбе» ташкил гардид, ки ин як дастоварди бузургу беназир дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар раванди тағйирёбии вазъияти молиявӣ дар бозорӣ ҷаҳонӣ ва торафт шиддат гирифтани муносибатҳои рақобати миёни кишварҳои ҷаҳон дар робита ба ҷалби сармоягузорҳо, таъсиси Муассиса яке аз барномаҳоии асосии зиддибуҳронии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хиссоб меравад, зеро имтиёзнок будани карзҳо имконият медиҳад, ки бо соҳибкорон  бештар чораҳои профилактики ва методии омузиши  бурда, баҳри рушди иктисодиёти милли  ва фаъолияти босамари соҳибкорон мақомотҳо камтар санчишҳои мутақобилави гузаронанд. Мувофиқи омори расмӣ то имрӯз аз ҷониби Фонди мазкур ба 175 себъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 248588 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд.

Дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодии мамлакат тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ соли 2007 Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд шомиланд.

Дар доираи фаъолияти Шӯрои мазкур дар зарфи 13 соли соҳибистиқлолӣ як қатор ислоҳоти назаррас дар самти содагардонии танзими фаъолияти соҳибкорӣ, аз қабили содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарики давлат ва бахши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар  бо иштироки бевоситаи намояндагони бахши хусусӣ татбиқ гардиданд.

Ҳамин тавр, таъсиси чунин як Шӯрои бонуфуз дар сатҳи олии роҳбарияти мамлакат аз иродаи қавии Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бобати ҷорӣ намудани дигаргуниҳои куллии иқтисодӣ ва баланд бардоштани симои сармоягузории мамлакат дарак медиҳад.

Дар самти муаррифии  имкониятҳои сармоягузорӣ

Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории ва соҳибкории Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ як қатор ҳамоишҳои иқтисодӣ чорабиниҳои самти соҳибкорӣ баргузор карда шудаанд.  Теъдоди онҳо танҳо дар давоми се соли охир зиёда аз 31 ададро ташкил медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар 7 соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дар ҳаҷми 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳамин тавр, тадбиқи ислоҳоти самаранок ва муҳимтар аз ҳама оромии комил ва сулҳу субот имкон фароҳам оварданд, ки нишондиҳандаҳои кишвар тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ беҳтар гардида, Тоҷикистон бори сеюм ба қатори даҳ кишвари барандаи ислоҳот ворид шавад, ки ин дастоварди бисёр ҳам бузургу беназир аст.

Ҷурахонзода С.Х.,

муовини Директори МТС назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Одинаев А.И., 

сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои

соҳибкорӣ ва рушди бахши хусуси

Чоп кунед