«Модар бузургу муқаддас аст, дуои неки ӯ
инсонро аз ҳамаи баду бало нигаҳбон мешавад,
ба кас қувваю илҳом мебахшад ва ба сӯи
 корномаҳои бузург раҳнамун месозад.
Ҳатто гармии офтоб ба ҳарорати сӯзони
 қалбу муҳаббати модар нисбат ба фарзанд
баробар шуда наметавонад.
Ҳамеша ба модарони худ арҷ гузоред,
эҳтироми онҳро ба ҷо оваред,
то баъди сари онҳо пушаймон нашавед».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 07.03.2021/АМИТ “Ховар”/. Таҷлили Рӯзи модар дар Тоҷикистон на аз замони юнониҳои қадим ва на аз собиқ Рӯзи байналмилалии озодии занон, балки аз анъанаҳои бостонии аҷдодони миллати тоҷик маншаъ мегирад. Чунин арзёбӣ намудааст  таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Валиҷон ОЛИМЗОДА зимни як нигориши худ, ки матни онро дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем.

Агар ба таърихи ин ҷашн дар сарчашмаҳо назар андозем, аксаран бо чунин маълумот рӯ ба рӯ мешаваем: бузургдошти зан – модар таърихи чандинасра дорад. Таҷлили Рӯзи модар гӯё аз анъанаҳои юнониҳои қадим, ки Модари бузурги худоён Кибела ё Рейро гиромӣ медоштанд, ба вуҷуд омадааст. Сипас дар асрҳои XVII то XIX дар Британияи Кабир ба таҷлили «Якшанбеи модарон»  оғоз ниҳодаанд. Соли 1914 Президенти ИМА Вудро Вилсон якшанбеи дуюми моҳи майро ба шарафи ҳамаи модарони амрикоӣ ҷашни миллӣ эълом медорад. Дар пайравӣ ба амрикоиҳо 23 давлати дунё, аз ҷумла Канада, Австралия, Япония, Чин, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Ҳонконг, Сингапур, Баҳрайн, Малайзия, Аёлоти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Покистон, Никарагуа, Мексика ва ғайра якшанбеи дуюми моҳи саввуми баҳорро чун Рӯзи модар иди миллӣ таъйин намуданд ва боз беш аз 30 давлати дигар иди модаронро ба рӯзҳо ва моҳҳои дигар гузаронданд. Барои мисол, дар Гурҷистон ин идро 3 март, дар Франция, Британия ва Швеция  22 март, дар Арманистон  7 апрел, дар Полша 26 май, дар  Беларус  14 октябр, дар Россия якшанбеи охири моҳи  ноябр, дар Испания 8 декабр ҷашн мегиранд.

Дар Тоҷикистон Рӯзи модар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Тибқи Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2009  ҳар сол  8 март чун Рӯзи модар таҷлил карда мешавад.

Иддае аз таҳлилгарон интихоби ин рӯзро ба собиқ Рӯзи байналмилалии озодии занон марбут медонанд, ки дуруст нест. Таърихи Рӯзи озодии занон чунин аст, ки баҳори соли 1857 бофандазанони шаҳри Ню-Йорк бо тазоҳурот алайҳи ноадолатиҳои давлати худ бархостаанд ва рӯзи 8 март гирдиҳамоии азим бо ширкати якҷояи коргарзанони фабрикаҳои бофандагию пойафзордӯзӣ сурат гирифтааст. Пас аз он ки ҳукуматдорон онҳоро пароканда сохтанд, он рӯз барои занони Ню-Йорк азиз гашт ва онро “Рӯзи занон” ном ниҳоданд. Сипас бо гузашти  баъд аз 50 сол (1908) занони Ню-Йорк бори дигар ба хотири ин “Рӯзи Занон” тазоҳурот карданд ва барои худ имтиёзоту баробарӣ хостанд ва боз ҳам  пароканда карда шуданд. Пас аз ин ҳар сол дар ин рӯз тазоҳуроти занони сотсиалист доир  мешуд, то дар соли 1910 онро барои тамоми занони Амрико (ИМА) «Рӯзи занон» эълом доштанд.

Соли 1911 дар Копенгаген дуюмин Конфронси байналмилалии занони сотсиалист баргузор шуда буд, ки дар он намояндагони занони амрикоӣ ҳузур доштанд ва аз пешвои ин ҳамоиш Клара Сеткин хоҳиш карданд, ки  “Рӯзи занон”-и онҳоро Иди байналмилалии коргарзанони сотсиалист эълон намоянд. Клара Сеткин ин пешниҳодро пазируфт, аммо рӯзи дақиқи он ҷашнро таъйин накарданд.

Ҳамин тавр, аввалин бор 19 марти 1911 дар миёни сотсиалистҳои Олмон, Австрия, Дания ва дигар давлатҳои аврупоӣ Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 иди номбурдаро рӯзи 12 май, соли 1913 дар рӯзи  2 март ва соли 1914 дар санаи 8 март ҷашн гирифтанд ва минбаъд 8 март санаи доимии ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии занон шуд.

Аа рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашнигирии иди занонро иди давлатӣ эълон доштаанд. Аз соли 1965 сар карда ин рӯзро дар Шӯравӣ рӯзи истироҳат қарор доданд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҷашни давлатӣ  дар ҷумҳуриҳои назди Балтика аз байн бурда шуд.   Умуман аксари  аз аҳолии олам ба ин натиҷа расидаанд, ки  8 мартро наметавон ҷашни байналмилалӣ номид, зеро он ба таври  сунъӣ ба вуҷуд омада, аслан иди  кишварҳои собиқ сотсиалистӣ буд.

Аммо беэътибор гаштани ҷашни мазкур дар арсаи байналмилалӣ набояд боиси ранҷидагии хотири занони тоҷик гардад, зеро онҳоро назди падарону фарзандони миллати худ арзиши дигарест, ки мутаассифона, чун дигар арзишҳои фарҳангию миллиамон ба сабаби ноогоҳии таърихӣ  солҳои дароз ба гӯшаи фаромӯшию  ниҳода будем. Ва маҳз Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷасорати бесобиқа, хастагинопазирии комил ва ифтихори баланди миллии ибратангез арзишҳои миллию фарҳангии фаромӯшшудаи моро дубора эҳё намуданд.

Маълум гардид, ки аҷдододони пуршарафи миллати тоҷик на  чун занони амрикоӣ, ки  164 сол пеш   бо муборизаҳои пай дар пай баҳри истиқлоли худ  Иди озодии занонро ба вуҷуд овардаанд, балки  бо ихтиёри худ 3000 сол қабл идеро барои занони покдомани худ таъсис дода будаанд.

Яке аз бузургтарин муаррихони тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ аз рӯйи таҳқиқоте, ки дар таърихи урфу одоти боқимондаи аҷдодӣ карда буд, ба ин натиҷа расида буд, ки “дар қадимуззамон  ориёиҳо (аҷдоди тоҷикон)-ро расми ҷашнгирии занонашон будааст”. Аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки Иди занон дар сарзамини мо маҳз дар моҳи сеюми зимистон, ки моҳи исфандормаз ном дошт (яъне мутобиқ ба моҳҳои феврал–март), ҷашн гирифта мешуд. Яъне тақрибан  мутобиқи ҳамин рӯзҳое, ки ҳоло мо Рӯзи модарро   ҷашн мегирем. Ӯ менависад: “Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст ва ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (яъне сарзамини паҳновари тоҷикону форсизабонон дар замони Берунӣ) боқӣ мондааст ва ба форсӣ “Муждагирон” мегӯянд”. Аз қадим, яъне тақрибан 2500–3000 сол пеш аз ин, то асри XӀӀ ин ҷашн боқӣ будааст ва дар оғози баҳор, фасли зебоиҳо ва шукуфтанҳо, дар аарафи Иди Наврӯз баргузор мешудааст. Дар ин рӯз занону бонувон либоси идона ба бар  намуда, бологузар мешудаанд, мардон барояшон гул, сухани хуш, эҳтироми хоса ва меҳру муҳаббат  тақдим мекардаанд.

Ҳатто, ба тахмини олимон,  он расму ойине , ки дар ин иртибот дар Юнони бостон ва  Рими қадим вуҷуд доштааст, ба он ҷо аз сарзамини ориёиҳо рафтааст.

Гуфтанист, ки мақому манзалати модар аз замони пайдоиши ҷамъияти инсонӣ мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта, доир ба он дар китобҳои муқаддас низ суханҳои пурҳикмат гуфта шудаанд, ки дарак аз воломақомӣ ва бузургии модар медиҳанд.

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) биҳиштро зери қудуми модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро ба файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Ва ин беваҷҳ нест. Зеро ҳама инсонҳои рӯи Замин -пайғамбарон, давлатмардон, сарлашкарон, олимону шахсиятхои шинохтаи олам модар доштанду онҳоро модар ба дуне овардааст. Ва табиист, ки кулли онҳо модари худро дуст медоштанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоварданд.

Модари Ибни Сино Ситорабону фарзандеро ба олам овард, ки нахустин бор дар ҷаҳон илми тибро  асос гузошт ва  дунёро тасхир намуд.  Фарзанди модари мушфиқ Розия Озод Бобоҷон Ғафуров бо китоби “Тоҷикон”-и худ  миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт. Модари бузургвор Бибимарям фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ба дунё овард, ки қавми парешонгаштаи моро сарҷамъ, анъанаҳои миллии моро эҳё намуд, забони тоҷикиро аз нав ба тахт нишонд  ва Давлати тоҷиконро пас аз ҳазор соли даврони Исмоили Сомонӣ дубора дар арсаи ҷаҳон маълуму машҳур гардонид.

Дар ҳамаи давру замон модарон соҳибэҳтиром буда, шавҳарон, шоҳон, сарлашкарон, бузургони илму маърифат ба фикру андешаҳои онҳо гӯш медоданд. Дар тӯли таърих борҳо шудааст, ки фикру андешаҳои солими занҳо ва модарон чандин сарҳои сабзро аз дор раҳоӣ бахшидаву тарафҳои даргирро ба ҳам овардаанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар таърих занони машҳури ориёӣ хеле зиёданд, ки бо кору пайкор ва талошу муборизаҳои худ номи худро дар саҳифаҳои рӯзгори инсонӣ ҷовидон сабт кардаанд. Масалан, Искандари Мақдунӣ ҳангоми истилои Бохтару Суғд дар тӯли се сол ба муқобилияти сахти Спитамен ва ҳамсафонаш Австону Катон дучор шуд, вале спр нафаровард. Вале дар назди ҷозибаи зебоӣ ва суханҳои Рухшона (Роксана) ном духтари ҳокими Бохтар – Оксиарт, ки хеле зебову оқила буд, мағлуб гардид. Ӯ бо ин духтар хонадор шуда, бо ашрофи Бохтару Суғд робитаҳои хешу таборӣ барқарор намуд ва сарзамини тоҷиконро тарк намуд.

Мисоли дигар метавонад Фотимаи Хуросонӣ, яке аз духтарони тоҷик бошад, ки ӯро муғулон ҳамчун асир ба маркази Муғулистон бурда буданд. Ӯ бо сабабҳои номаълуме ба дарбори хони бузург Уктой афтода, шахси бонуфузи дарбор шудаву пас аз марги хон (соли 1241) ҳамроҳи зани ӯ қариб чаҳор сол империяи бузурги муғулро идора кард. Тахмин меравад, ки бо дастгирии ӯ аз дарбор ба таъсиси давлати курдҳо иҷозат дода шудааст. Фотима дар соли таъсисёбии давлати Курдҳо (1245) барои худсарона идора кардани империяи Муғул ба қатл расонида шудааст. Давлати курдҳои Ҳирот на танҳо аввалин давлати тоҷикони он замон, балки аввалин давлати маҳаллии аҳдимуғулӣ дар тамоми Эронзамин (1245–1381) буд ва соли 1381 аз ҷониби амир Темур барҳам дода шуд…

Яъне, месазад таъкид намоем, ки бо таъсиси Рӯзи модар дар Тоҷикистон, ки на ба анъанаи юнониҳо, на ба Рӯзи озодии занони   ғарб ва на ба оинҳои динию мазҳабӣ ҳеҷ иртиботе надорад,  мо ҷашни миллии аҷдодии аз хотирҳо рафтаи худ   “Муждагирон”-ро эҳё  намудем ва арвоҳи  гузаштагони  пуршарафи худро бори дигар шод гардондем.

Рӯзи модар  иди тамоми занону бонувони мост ва бидуни шак метавон гуфт, ки чунин ҷашн хеле бузургу баарзиш аст, зеро пояи асосии пойдорӣ ва оромии ҷамъият аз зан вобаста аст. Аз ин рӯ, болида гардонидани рӯҳияи онҳо ба воситаи эҳё кардани ин ҷашн бар манфиати маънавии кулли миллати тоҷик хоҳад буд.

Ва Рӯзи модар ном гирифтани ин ҷашн то ҷои рамзӣ ҳам мебошад.  Зеро рисолати асосии занону бонувони мо модар будан, ҳаёт офарнидан, чароғи зиндагиро фурӯзон доштан, тарбия намудани фарзандони шоистаи ҷамъият маҳсуб меёбад.

Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё фарзандро ба дунё меорад. Бузургии модар пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кушиш намуда онҳоро ба ҳаёти мустаъқилона омода месозанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Агар ободию суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар хусусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Бо вучуди тарбияи фарзанд, ки машақату вақти зиёдеро талаб мекунад, модарон боз ба шуғлхои дигаре монанди кор дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ машғул мешаванд. Имрӯз миёни омузгорон, табибон, муҳандисҳо, олимон,  адибон, ходимони давлатӣ модарон кам нестанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина гуфтаанд: “Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд”.

Баҳри таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва идора намудани давлат бо ташаббуси Пешвои миллат то имрӯз санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар бунёди ҷомеаи ҳуқукбунёд, демократӣ ва дунявӣ  нақши муҳим мебозанд.

Аз ҷумла, соли 1998 бо қарори Ҳукумати кишвар «Нақшаи миллии тадбирҳои ҶумҳурииТоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид. Санади муҳимми дигар дар ин самт ин Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он бори дигар дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро таъкид месозад. Баъдтар бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид.

Нақши занону бонувон дар татбиқи сиёсати давлатиро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ намуда, дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ вобаста ба масъалаи ҷалби занон ва духтарони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати афзоиш додани саҳми занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Аз ҷумла, масъалаи мазкур дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019, Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2020 ва дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар аз 10 майи соли 2019 таъкид гардида, таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатӣ ба зиёд намудани теъдоди занон дар мақомоти давлатӣ ҷалб карда шуд.

Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли равон ёдовар шуданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикитсон ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021–2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Бо василаи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мақому манзалати занон дар ҷомеаи кишварамон сол ба сол баланд мегардад. Тадбирандешиҳои пайвастаи Сарвари давлат дар ин самт ҳар яки мо, алалхусус, роҳбарони зинаҳои мухталифро водор менамояд, ки дар татбиқи амалии онҳо ҳиссаи сазовор гузорем.

Аз ин рӯ, бо умеду орзуҳои неку хуҷаста, бонувонро ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тани сиҳат, хотири ҷамъ, сарсабзиву комёбӣ,  дар хонадонашон осоишу оромӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда  таманно дорем.

Ҷашни фархунда муборак бошад!

 Валиҷон ОЛИМЗОДА,
муовини сардори
Раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр: АМИТ “Ховар”

Чоп кунед