Рӯзи 9 декабри соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмию амалӣ дар мавзуи “Стратегияи амнияти иқтисодииҶумҳурии Тоҷикистон: нишонаҳои нави рушд” баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки мақсади мизи гирди имрӯза таҳлилу баррасӣ ва арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ мебошад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки стратегии ҳар як давлат ба шумор меравад.
Рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, татбиқи бомуваффақияти барномаҳои давлатӣ, таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва индустрикунонии кишвар ба ҳалли муассири мушкилоти ба миён омада вобаста аст.Амнияти иқтисодӣ чун як бахши муҳимми амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030” ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи система ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар, беҳтар кардани системаи идоракунии давлатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мебошад, ки ҳамаи чорабиниҳо, дар маҷмуъ, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ равона карда шудаанд. Бо мақсади кам кардани таъсири таҳдидҳо ба амнияти иқтисодӣ то соли 2030, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ММД-ро ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба афзоиш дода, камбизоатиро беш аз 2 маротиба кам намуда ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50% афзоиш диҳад. Дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар ММД бояд 5 маротиба афзоиш ёбад, саҳми бахши саноат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, ки ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба як кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил ёбад.Мо бовар дорем, ки ҳадафи асосии ҳамоиш табодули таҷрибаи пешқадам ва дониш дар соҳаи таъмини амнияти иқтисодӣ мебошад. Умедворам, ки натиҷаҳои бадастомада барои таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон муфид хоҳанд буд ва тавсияҳои пешниҳодшудаи судманд дар амал татбиқ хоҳанд ёфт.
Сипас дар назди ҳозирин муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷони Сайдуллои Кузратзод дар мавзуи “Стратегияи амнияти иқтисодӣ ва ҳадафҳои асосии миллӣ” суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин тазаккур дод, ки Стратегияи амнияти иқтисодӣ масъалаи бениҳоят муракаби иқтисодӣ буда дар сатҳи макроиқтисод ва ҳатто мегаиқтисод низ омухта мешавад. Чунки амнияти иқтисодӣ аз соҳаҳои донишҳои илмӣ то ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва аз самарабахш қонеъ гардонидани талаботи иқтисодӣ то ба истифодаи оқилонаи сарватҳои миллию ҳимояи манфиатҳои кишвар на танҳо дар сатҳи давлат балки дар сатҳи байналмилалӣ муайян менамояд. Аз ин рӯ, дар макроиқтисод амнияти иқтисодӣ ин дараҷаи рушди воситаҳои истеҳсолот дар кишвар мебошад, ки дар он раванди рушди устувори иқтисодиёт ва суботи иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро амалан таъмин месозад.
Баъдан доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сармутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов дар мавзуи “Баъзе масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодӣ”, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мадина Азимова дар мавзуи “Камбизоатӣ ҳамчун яке аз таҳдидҳои амнияти иқтисодӣ”, муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Валиҷон Олимзода дар мавзуи “Рушди соҳаи сайёҳӣ, яке аз омилҳои такмилбахши амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Муҳаммад Муродов дар мавзуи “Об ҳамчун омили стратегӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Марказ Ҷамшед Салихов дар мавзуи “Таҷрибаи нави байналхалқӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ” суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш пиромуни маърузаҳо дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назар сурат гирифт.
Мизи гирдро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, изҳори умед намуд, ки нишасти илмию амалии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон