Рӯзи 28 апрели соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмию амалӣ дар мавзуи “Арзёбии амнияти иқтисодӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи АМИТ, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки мақсади мизи гирди имрӯза таҳлилу баррасӣ ва арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисоди миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, татбиқи бомуваффақияти барномаҳои давлатӣ, таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва индустрикунонии кишвар ба ҳалли муассири мушкилоти ба миён омада вобаста аст. Таъмини амнияти иқтисодӣ, чун як бахши муҳимми амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ мегардад.
Амнияти иқтисодӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як ҳолати амнияти иқтисодиёти кишвар аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ буда, низоми ташкилӣ ва хориҷиро соҳиб аст, ки тавассути системаи ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, моддӣ, иттилоот ба миён меоянд ва чун тадбирҳои техникӣ, технологӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, субот, қонуният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромад мекунад. Система ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба беҳтар кардани системаи идоракунии давлативу фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ иртибот дошта, ҳамаи ин чорабиниҳо дар маҷмуъ, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ ва амалишавии ҳадафи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хидмат мекунанд.
Тибқи пешгӯйиҳо, дар соли 2023 вазъи ҷаҳонии тағйирёбии иқлим, бахусус шароити шадиди обу ҳаво, аз қабили обхезӣ, хушксолӣ, мавҷҳои гарми боду ҳаво ва ғайра, ба таври ногаҳонӣ ба вуқуъ мепайванданд, ки онҳо метавонанд ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ва молиявии кишварҳо таъсири манфӣ расонад. Тибқи маълумоти Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, соли оянда эҳтимоли норасоии шадиди ғизо дар ҷаҳон ҷой дорад. Ба андешаи ин созмон, соли гузашта агар бо сабаби ба таври бесобиқа болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ имкони харидан ва захира кардани он ҳамчун монеа шуда бошад, пас соли 2023 мушкилӣ на танҳо дар болоравии нарх, балки норасоии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ арзёбӣ карда мешавад.
Эҳтимоли шиддат гирифтани сатҳи бекорӣ дар пасманзари ба таври назаррас коҳиш ба охир расидани ҳаҷми захираҳои иқтисодиёти Федератсияи Русия ва дар натиҷаи он афзоиш ёфтани шумораи бозгашти муҳоҷирони корӣ ба ватан. Ба андешаи коршиносони масоили иқтисодии сатҳи байналмилалӣ чунин вазъ ба кишварҳое, ки ба Русия ба таври оммавӣ муҳоҷирони корӣ мефиристанд, эҳтимол ба сахттарин чолиш рӯбарӯ шаванд.
Эҳтимоли маҳдуд гардидани дастрасӣ ба захираҳои қарзию молиявӣ на танҳо ба соҳибкорон, балки барои ташкилоту муассисаҳои қарзӣ дар пазманзари пеш гирифтани сиёсати қатъии пулию қарзӣ ва шиддати гирифтани таназзули ҷаҳонӣ. Дар ин раванд эҳтимол бонкҳои қарздиҳандаи бузург бо мақсади ҷилавгирӣ аз таваррум, меъёри фоизро боло мебаранд, ки ин ба якбора боло рафтани фоизҳои қарзҳои дарозмуддат ва баланд шудани хароҷоти қарз оварда мерасонад. Илова бар ин, афзоиши тулонии таваррум метавонад бонкҳои марказиро ба идомаи ин сиёсат ташвиқ кунад, ки ин вазъ дар ниҳоят ба паст гардидани қобилияти пардохтпазирӣ ё харидории мардум оварда мерасонад. Дар бозорҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ меъёри фоизии баландтар метавонад боиси беқурбшавии якбораи асъор ва хатари баланд шудани қарзи давлатӣ гардад. Аз факту рақамҳои овардашуда хулоса баровардан мумкин аст, ки дар соли 2023 ҷаҳон бо мушкилоту чолишҳои зиёде рӯбарӯ хоҳад шуд ва ин вазъ дар баробари дигар мамлакатҳо кишвари моро низ бе таъсир нахоҳад гузошт.
Эҳтимоли ба вуҷуд овадани чунин вазъ моро водор месозад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар талоши бештар варзем, аз ҷумла дар самти нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, хусусан дар заминаи дастгирии ҳарчи бештари рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин истифодаи самараноки замин тадбирҳои бештар зоҳир намоем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади кам кардани таъсири таҳдидҳо ба амнияти иқтисодӣ то соли 2030, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба зиёд карда, сатҳи камбизоатиро беш аз ду маротиба паст кунад ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50 дарсад афзоиш диҳад. Дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бояд панҷ маротиба афзун гардида, саҳми бахши саноат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, ки ин имкон медиҳад то Тоҷикистон ба як кишвари саноативу аграрӣ табдил ёбад.
Умуман, дар марҳалаи нави рушд дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се вазифаи асосӣ қарор дорад: аввалан, ба даст овардани сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии ба кишварҳои сегменти миёна воридбуда бо сатҳи даромади миёна, сониян, таъмини устувории рушд тавассути диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва сеюм, тавсеа ва тақвияти синфи миёна.
Ҳадафи асосии мизи гирди имрӯза табодули таҷрибаи пешқадам ва дониш дар соҳаи таъмини амнияти иқтисодӣ мебошад. Умедворем, ки натиҷаҳо ва арзёбиҳои иштирокчиёни ҳамоиш барои пешрафти иқтисоди кишварамон мусоидат намуда, тавсияҳои пешниҳодшуда дар амал татбиқ хоҳанд ёфт.
Сипас мизи гирд таҳти раёсати муовини директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ Саодат Ҷӯрахонзода ба кори худ шуруъ намуд. Дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ораз Муртазоев дар мавзуи “Вазъи мусоиди таъмини амнияти иқтисодии кишвар”, доктори илмҳои иқтисодӣ, академик, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода дар мавзуи “Эҳтимолияти хавфҳо ба амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳодисаҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯз”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сармутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ихтиёр Ашӯров дар мавзуи “Иқтисодиёти сабз ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди неруи сабзи барқароршаванда дар минтақа”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода дар мавзуи “Иқтисоди рақамӣ яке аз омилҳои рушди иқтисодиёти муосир ва ҳифзи бевоситӣаи иқтисодиёти кишвар”, номзади илмҳои иқтисодӣ, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев дар мавзуи “Нақши муҳоҷират дар таъминии амнияти иқтисодии кишвар”, муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аниса Содиқова дар мавзуи “Нақши сармоягузории хориҷӣ дар рушди иқтисодиёт” суханронӣ намуданд.
Баъдан пиромуни маърузаҳо дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назар сурат гирифт.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд ва изҳори умед кард, ки ин нишасти илмию амалӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон