Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар, санаи 31 майи соли 2022 мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалиро таҳти унвони “Такмили истеҳсолоти саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вилоятҳо, шаҳру навоҳии кишвар, ҳамчунин, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коршиносони варзида ширкат варзиданд.
Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ аз ҷумла қайд кард, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дар заминаи стратегияи ҷаҳорум таҳти унвони “саноатикунонии босуръат” ба хотири пушти сар намудани тавсеанаёфтагии иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум вориди марҳалаи ҷадиди навсозӣ мешавад. Ташаббуси чунин навсозии ҷомеа ба манзалати як самти муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфта, он ҳамчун пешшарти тасеаи иқтисодӣ ва беҳбудбахшии зиндагии мардум дониста мешавад.
Саноатикунонии босуръати кишварро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми моҳи декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ ба дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон карда буд. Барои ба воқеият пайвастани ин ҳадаф амалисозии босифати барномаҳои соҳавии қабулгардида, ҷалби васеи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ зарур дониста мешавад. Бо ин мақсад айни замон “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” ва як қатор барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодааанд, ки мақсадашон фароҳам овардани шароит барои гузариши иқтисодиёти кишварамон батадриҷ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Бо татбиқи чунин амалҳо солҳои охир дар соҳаи саноати мамлакатамон тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар самтҳои алоҳидаи он суръати афзоиши тавлиди молу хизматрасониҳо низ таъмин гардидааст.
Дар ҷомеаи саноатӣ нақши калидиро дар таъмини рушди иқтисодиёт пажӯҳиш ва коркардҳои илмии аз тарафи мутахассисони касбӣ амалигарданда мебозанд. Аз ин ҷиҳат гумон мекунам, ки бо эълони ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат иқдоми ба ҳам пайванд додани илм ва фарҳанги техникӣ ва эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар фумҳурии Тоҷикистон хеле мантиқист. Зеро яке аз роҳҳои модернизатсиякунонии истеҳсолот марбут ба тарбияи насли ҷавон аз дастовардҳои муосири илмиву техникӣ бархӯрдор мебошад. Имрӯз ин масъала ба яке аз проблемаҳои умдаи соҳаи илму маорифи бисёре аз кишварҳои олам мубаддал гаштааст, зеро сатҳи омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмию техникӣ дар навбати аввал аз маҳорату камолоти касбии мутахассисон вобаста аст ва инро табиист, ки танҳо низоми илму маорифи пешрафта таъмин карда метавонад.
Аз ин ҷиҳат ҳарчанд дар барномаҳо таъмини рушди соҳаи саноати бо сенарияи индустриалию инноватсионӣ, бунёди асосҳои рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар дар заминаи гузаронидани ислоҳот дар соҳаи маориф ва илм пешбинӣ шудааст, вале дар ин самт мушкилоти ҳалталаб мавҷуд аст. Аз ҷумла дар банди 18-уми “Барномаи саноатикунонии мамлакат барои солҳои 2020-2025” зикр шудааст, ки соҳибкорони инфиродӣ, роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ ба масъалаҳои такмили технологияҳое, ки маҳсули раванди инноватсионӣ мебошанд, инчунин, аз нав муҷҷаҳҳазгардонии техникӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири инноватсионӣ аҳаммияти зарурӣ намедиҳанд. Бинобар ин, зарурати кор карда баромадан ва ворид намудани механизми амалишавии дастовардҳои нави илмию техникӣ эҳсос мешавад.
Дар ҳамоиши имрӯза ҷанбаҳои назариявию методии саноатикунонии босуръат дар минтақаҳои мамлакат; самтҳои асосии саноатикунонии босуръат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ; баҳои ҳолати кунунии рушди заминаҳои техникию технологии истеҳсолоти саноатӣ ва таҷдиди он; ташаккулу рушди соҳаҳои алоҳидаи он дар минтақаҳо; тамоюли рушди сармоягузорӣ барои рушди саноат; тамоюли рушди инфрасохтори саноат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ; зарфияти индустриалию инноватсионии рушди минтақаҳо; ташкили низоми индустриалию инноватсионии минтақаҳои мамлакат; таъмини истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву содиротшаванда; густариши робитаҳои иқтисодии беруна дар самти ҷалби технологияи замонавӣ ба иқтисодиёт ва ғайра мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд. Боварии комил дорем, ки олимону мутахассисони дар ин мизи гирд ширкатдошта тавсияҳои муфид ва арзишманд пешниҳод менамоянд.
Сипас назди ҳозирин коршиноси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ихтиёр Ашӯров дар мавзуи “Саноатикунонии босуръат: масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо”, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода дар мавзуи “Вазъи воқеии саноати вилояти Хатлон ва тадбирҳо барои рушди минбаъдаи он”, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода дар мавзуи “Раванди татбиқи ҳадафи чаҳоруми миллӣ дар шаҳри Душанбе”, сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Малика Ёрбобоева дар мавзуи “Такмили истеҳслоти сабук дар минтақаҳои Тоҷикистон”, муовини сардори Раёсати саноат ва энергетикаи вилояти Суғд Муҳаммад Бахтиёрзода дар мавзуи “Самтҳои саноатикунонии босуръат ва роҳҳои акмалигардонии он дар вилояти Суғд”, сардори Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукҳиддин Аброрӣ дар мавзуи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни мизи гирд посухҳои қаноатбахш доданд. Сипас ҳозирин пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои муфид иброз намуданд.
Мизи гирдро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон