Рӯзи 4 ноябри  соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи гирд  таҳти унвони “Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ” ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро  роҳбари дастгоҳи Марказ Умед Давлатов ифтитоҳ карда,  ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва зимни суханронии худ қайд кард, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёд ва рушди давлате, ки орзую омоли тоҷикон буд, заминаҳои устувор гузошт. Ба андешаи мавсуф: – “Асосҳои сохти конститутсионӣ усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Усулҳои демократия, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунадешии сиёсӣ ва мафкуравӣ аз ҷумлаи ин усулҳо мебошанд.

Хусусиятҳои муҳимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-уми Конститутсия, ба мисли соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ зикр шудаанд. Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ–роҳу усулҳои пешрафтро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният ва дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки  халқ ҳокимияти худро бевосита (дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар қисми сеюми моддаи 6-уми Конститутсия мафҳуми халқ шарҳ  дода шудааст. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз миллаташон, халқи  Тоҷикистон ҳисоб меёбанд. Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд, яъне ӯ ба маънии комилаш вакили олии халқ аст. Вакилони Парлумонро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд. Райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст.

Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳоянд: волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақсимоти ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии дав­лат ва шахсият. Ин аломатҳо дар боби аввали Конститутсия, инчунин, дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд. Ҳамин тавр,  дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тайи 28 соли амали Конститутсия  ба рушду пешрафти беназир ноил шуд. Бинобар ин, бо гузашти солҳо аҳаммияти таърихии ин санади  сарнавиштсоз боз ҳам бештар хоҳад гашт. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, бар замми мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, мо тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.

Бисту ҳашт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аниқу дақиқ интихоб шудааст. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол  аст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ватани азизи моро ба ҳайси субъекти фаъоли ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф  намудааст. Агар ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвар зарурати қабули Конститутсияро ба миён гузошта бошад, қабули он барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади таърихиест, ки ҳамчун сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузорӣ иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд. Бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар он дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ хоҳад кард.

Ҳамин тавр, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди давлати ҳуқуқбунёдамон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи кишвари азизамон ва муаррифии давлатамон дар арсаи ҷаҳон мебошад. Бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мешаванд”.

Сипас дар назди ҳозирин  муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротов Исроил Иброҳимович дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар рушди сиёсию идеологии Тоҷикистон” суханронӣ намуда,  аз ҷумла чунин қайд намуд: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон тавассути иродаи устувор, шуҷоати сиёсӣ ва маданияти стратегии худ дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими заминаҳои сиёсию ҳуқуқии мамлакат нақши барҷаста гузошт, ки яке аз намунаҳои он таҳия ва дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қонститутсия таҷассумкунандаи иродаи миллии тоҷикон ва волотарин ормонҳои давлатдории миллӣ маҳсуб гардида, он ба роҳи сиёсии интихобнамудаи тоҷикон, таҳкими арзишҳои дунявият дар рушди давлатдории миллӣ, истиқлоли сиёсӣ, тамомияти арзӣ, аркони давлатдорӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлат, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва муқаддасоти дигари миллӣ асоси конститутсионӣ бахшидааст.

Тавре зикр гардид, бори аввал идеяи таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Дарвокеъ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистона дар барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург гузошт. Аз ин нуқтаи назар Конститутсияи кунунии кишвар дастоварди бузурги сиёсию таърихии миллати тамаддунофар ва куҳанбунёди тоҷик маҳсуб гардида, дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои муҳиму сарнавиштсози Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, то санаи 6-уми ноябри соли 1994, яъне то рӯзи баргузор намудани райъпурсии умумихалқӣ марҳалаҳои мухталифи такомулро тай намудааст”.

Инчунин, дар ҳамоиши мазкур муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Абубакр Маҳмадсаидзода дар мавзуи “Конститутсия–раҳнамои миллат” ва сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Фирӯзи Рамазон дар мавзуи “Конститутсия кафили рушду инкишофи давлатдории навин” суханронӣ намуданд.

Дар бахши музокира иштирокчиёни мизи гирд, аз ҷумла сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Сайҳомид, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён  пиромуни маърузаҳои ироашуда андешаҳои судманд иброз  намуданд.

Мизи гирдро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов  ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳайати кормандони Марказро бори дигар ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Дар кори мизи гирд муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд иштирок дошт.

Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед