Рӯзи  25  октябри  соли 2022  дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни мизи гирдро хайрамақдам гуфт ва аз ҷумла қайд кард, ки ҳукумати электронӣ низомест, ки барои роҳандозии муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меоварад, ки бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасониҳои иттилоотиро пешниҳод кунанд ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд.

Тавре зикр гардид, дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ солҳои охир чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Бо гузашти якчанд сол пас аз қабули ин санадҳо вазъи бо иттилоот таъминсозии шаҳрвандону ниҳодҳои гуногуни ҷомеа то ҷое тағйир ёфта, шумораи сомонаҳои ҳукуматӣ бештар ва фаъолтар ҳам гардидаанд.

Афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, он дар умум, як низоми мукаммали муоширату коргузории муносиби муосирро ба миён меоварад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд: “Дар марҳалаи имрўза бо истифода аз усулҳои ҳукумати электронӣ ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад”.

Хайриддин Усмонзода аз ҷумла зикр кард, ки муҳимтарин нақши “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон” дар он ифода меёбад, ки санади мазкур дар назди мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо вазифа мегузорад, то таъмини иттилооти электрониро ба роҳ монанд. Таъсис додани сайтҳои ҳукуматии ҳамаи вазорату идораҳои кишвар дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки дар оянда дар шакли портали ҳукуматии иттилоотӣ–ахбории ягонаи ҳукумат муттаҳид мешаванд, рушди сайтҳои интернетии идоравӣ, ки пуррагӣ ва саривақт ҷойгирнамоии маълумоти дахлдорро дар онҳо таъмин мекунанд, аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Аммо дар самти татбиқи ин мақсад мушкилоти муайян ҷой дорад. Яке аз чунин мушкилот дар самти иттилоотонӣ ин ҳанӯз коркард нашудани додаҳо ё маълумоти кушода мебошад. Ба гуфтаи масъулини соҳа, дар Тоҷикистон ҳанӯз базаи фаровони маълумоте, ки дастрасии омма барои онҳо имкон дорад, ҳамчун хазина маҳфузанд ва ҳанӯз ҳам дастраси омма нагаштаанд, зеро коркард ва пешниҳоди онҳо дуруст роҳанадозӣ нашудааст.

Ҳарчанд мо аз сомонаҳои расмӣ ба ҳайси манбаъҳои  маълумотӣ ёд кардем, аммо кор бо иттилоот барои онҳо хеле муҳим аст. Зеро ин сомонаҳо бояд бо пешниҳоди хабару гузоришҳои тоза нафақат ба гирандагони иттилоъ, балки бо дигар расонаҳои хабарӣ чун манбаи боэътимоди хабари расмӣ хизмат намоянд, то ҳоҷат бо муроҷиати шахсии кормандони воситаҳои ахбори омма (ВАО) камтар шавад. Бо ҳамин  нуктаҳои муҳим мизи гирд  таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор  Парвиз Муҳамммадзода ба кори худ шуруъ кард.

Дар назди ҳозирин директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия  Абдураҳмон Гулзода  дар мавзуи “Истифодаи унсурҳои ҳукумати электронӣ дар низоми таҳсилоти ҷумҳурӣ: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо”, директори Департаменти технологияҳои иттилотии Бонки миллии Тоҷикистон Дилшодбек Ғаниев дар мавзуи “Низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон”,  дотсенти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон Баҳор Иркаев дар мавзуи “Масоили рушди ҳукумати электронӣ дар низоми донишгоҳ”, дотсенти кафедраи системаи автоматикунонидашудаи идоракунии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Шавкат Қобилов дар мавзуи “Масоили методологии коркарди ҳукумати электронӣ”, мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонзод  дар мавзуи “Самаранокии амалишавии усулҳои ҳукумати электронӣ дар самти тақвият бахшидани соҳаи сайёҳӣ, сардори шуъбаи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Самандаров, муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Вазиров дар мавзуи “Такмили қонунгузории андоз ва рақамикунонии маъмурии андоз”, ассисенти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тоҳир Умаров дар мавзуи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти иҷтимоии одамон” суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан атрофи маърузаҳо фикру андеша ва  табодули афкори судманд  сурат гирифт.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд. Ӯ изҳори умед кард, ки ин нишаст барои  татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти татбиқи ҳамтарафи ҳукумати электронӣ  дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази  матбуотии  МТС-и  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед