Имрӯз, 23.05.2024, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида, ба Рӯзи ҷавонон мизи гирд таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид, ки дар кори он директори Марказ, д.и.ф., профессор, Усмонзода Хайриддин Усмон, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳо ва кормандони Марказ ширкат намуданд.
Мизи гирд бо сухани ифтитоҳии директори Марказ Усмонзода Х.У. оғоз гардид. Мавсуф иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфта, зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳамоиши мазкур ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рост омадааст. Зикр намудан ҷоиз аст, ки қишри асосии ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо дар ин самт ба он далолат мекунанд, ки феълан 70 дарсади аҳолии кишвари моро насли ҷавони дорои иқтидори зеҳниву ҷисмонӣ дар бар мегиранд. Татбиқи як зумра барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъйин гардидани ҷавонони лаёқатманд, эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” аз таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳуӣ ба насли ояндасози кишвар шаҳодат медиҳад.
Зимни суханронӣ номбурда қайд намуданд, ки дар шароити замони пуртазоди имрӯза, ки экстремизми динӣ ва равандҳои тундгарою номатлуб саросари дунёро ба ташвиш овардаанд, нақши ҷавонони кишвари мо дар самти пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ назаррас буда, ҳамзамон, дар ин самт фаъолиятро ҷоннок намуда, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд. Таъкид гардид, ки ҷавонони бонангу номуси кишвар дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд ва ҳамчун неруи асосии пешбарандаи Тоҷикистон дар суботу пешрафт ва ободию сарҷамъии сокинони кишвар таъсиргузор бошанд.
Сипас намоянда аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳусейнзода Фарзод суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ҷавонони мо имрӯз бояд бо шукргузорӣ аз Ватани ободу зебои худ намуда, дар байни ҳамсолони худ, корҳои фаҳмондадиҳиро махсусан, дар олами маҷозӣ бо истифода аз технологияҳои коммуникатсионӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда, дар самти ҷалби ҷавонон аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ фаъол бошанд. Баргузории ҳамоиши имрӯза нишони ҷонибдорӣ аз ин тасмимҳои Пешвои миллат, инчунин, ҳамчун бахши меҳварии имрӯз ва ояндаи сиёсати давлатӣ эътироф гардидани масъалаи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, иброз намуд, зимни суханрониаш намоянда аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Дар ҳамоиши мазкур сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ, Ҷаҳонгири Маҳмадзоир дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами сиёсати давлатии ҷавонон”, Султонбегим Абдуллоева, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ дар мавзуи “Сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳимми рушди ҷавонон” баромад намуданд.
Сипас котиби матбуотии Марказ Рамазонӣ Давлатов, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, Саидхоҷа Акабаров ва мутахассиси пешбари Раёсати сиёсати дохилии Марказ, Моҳира Таварова пиромуни маърузаҳои ироашуда ибрози назар намуданд, ки табодули афкори арзишманд сурат гирифт.
Мизи гирдро директори Марказ, д.и.ф., профессор, Усмонзода Хайриддин Усмон ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолонаашон изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Маркази матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон