Рӯзи 8 июни соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи “Фазои маҷозӣ: имкоият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажўҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишастро хайрамаќдам гуфт. Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо суханронии ифтитоҳӣ ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор орзу намуд.

Баъдан дар назди ҳозирин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “Фазои маҷозӣ ва технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ–имкони нави таблиғоти интихоботӣ”, муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Лутфуллозода дар мавзӯи “Тадбирҳои муосири пешгирӣ аз “онлайн–экстемизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Маҳмадшоҳзода дар мавзӯи “Ташаккули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти миллӣ”, сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғ.Қодирӣ дар мавзӯи “Роҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии пешгирии экстремизм дар фазои маҷозӣ”, прокурори шуъбаи мубориза бо киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Азиззода дар мавзӯи “Муноқишаҳои иттилоотӣ –таҳдид ба суботи миллату давлат”, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Маҳрамбеков дар мавзӯи “Инъикоси масъалаи тундгароии динӣ дар фазои иттилоотӣ: вазъ ва пайомад”, ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон В.М.Ким дар мавзӯи “Устура ва воқеияти таҳдиди фазои маҷозӣ ба амнияти миллӣ”, унвонҷӯйи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ Ф.Яъқубзода дар мавзӯи “Амалинамоии унсурҳои давлати дунявӣ–заминаи мусоиди муқовимат бо таҳдидҳои динӣ ва фазои итилоотӣ” суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан атрофи маърӯзаҳо фикру андеша ва табодули афкори судманд сурат гирифт.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, қайд кард, ки мавзӯи “Фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ” дар нишасти имрӯза мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт, яке аз мавзўъњои мубрами рўз ба шумор меравад. Зеро имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври васеъ истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот, махсусан, дар фазои маҷозӣ, бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Чунки имрӯз бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Иттилоот ва амнияти иттилоотӣ тавзеҳоти зиёд доранд, агар аз рӯйи раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, дар замони ҷорӣ метавон иттилоотро бо амният тавъам гуфт, зеро ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ робитаи зич доранд. Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва ғаразнок аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, тадбирҳои самарабахш наандешему амалӣ насозем, метавонад барои амнияти миллии давлатамон хатар эҷод намояд.

Умедворам, ки мизи гирди имрӯза барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти фазои маҷозӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед