Рӯзи 25 июни соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 27 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи гирд таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – унсури таркибии стратегияи давлатдории навин” баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба ин муносибат табрику муборакбод намуд ва зимнан қайд кард, ки тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳо, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.
Мавсуф қайд намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол иди Ваҳдати миллиро бо шодию фараҳи беандоза ва ҳисси баланди шукргузорӣ аз сиёсати сулҳофарини Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегиранд.
Ваҳдати миллӣ халқи моро ба худшиносӣ, дарк кардани мазмун, моҳият ва асолати инсонӣ дар ин арсаи бархӯрди тамаддунҳо ва муборизаҳои иттилоотӣ оварда, ҳушдорамон кард, ки танҳо сулҳу суббот, ҳуввият, шинохт, ҳамрайъӣ, муттаҳидӣ метавонад моро боз миёни миллатҳои ҷомеаи башарӣ бештар муаррифӣ кунонад.Бинобар ин месазад дар саҳифаи таърихи муосири миллат сабт намоем, ки имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ифодагари хиради азалии тоҷикон, инъикосгари фарҳанги ғании инсонию одамият, муҳаббати самимӣ ва бартараф кардани кинаву адоват ва расидан ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, аз арзиши ватандории тоҷикон дар давраи бархӯрди тамаддунҳо ва асри иттилоотӣ буд.
Воқеитар агар баҳо диҳем, дар таърихи даҳсолаи охири қарни ХХ ва ибтидои асри ХХI ин ҳуҷҷати монанд ба кохи бегазанд ва сарнавиштсоз на фақат дубора аз ҳастии миллати тамаддунофари тоҷикон ҷаҳониёнро огаҳ гардонид, ҳамзамон, мардуми мамолики дигар, ташкилотҳои бонуфузтарини ҷомеаи башариро ҳушдор намуд, ки аз ин дастоварди тоҷикон сабақ гиранд, дарси сулҳу ваҳдат, асолати инсонӣ, одамиятро омӯхта, муҳаббат, самимият, лутф ва эҳтиромро байни инсонҳо мустаҳкам намуда, ҷомеаи башариро аз хавфи ҳар гуна зуҳуроти номатлуб раҳоӣ диҳанд.
Бо шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, мо ба марҳилаи нави зиндагӣ, ба давраи оғози корҳои бузургу созандагӣ, бунёдкорию ободонии сарзаминамон қадам гузоштем. Сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ имкон дод, ки дар бобати аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани ҷумҳурӣ, таъмини рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, гузаронидани ислоҳоти иқтисодии ба талаботи шароити бозаргонӣ ва меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ тадбирҳои зарурӣ андешем. Тағйироти куллие, ки вақтҳои охир дар ҷомеа рух дода истодаанд, аз ҷумла муборизаи қатъӣ ба муқобили қонуншиканӣ, қабули қонунҳои нав, таваҷҷуҳ ба аҳли илму фарҳанг ва соҳаи тандурустӣ, амалӣ шудани маҷмуи чорабиниҳои давлат дар ҳаққи зиёиён, занон, ҷавонон, нафақахӯрон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, танзими оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва рафти ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ бозгӯи рушди босуръат ва пешрафтҳои азими минбаъдаи кишварамон мебошанд. Имрӯз таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва Тоҷикистонӣ бояд бошад.
Сипас дар мизи гирд котиби матбуотии Марказ, номзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Давлатов дар мавзуи “Ваҳдат – таъмингари ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва оянданигарии сиёсати дохилии Марказ Саидаҳтам Талбаков дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ яке аз унсурҳои таркибии раванди ҷомеасозӣ” суханронӣ намуданд. Зимни суханрониҳо онҳо зикр намуданд, ки рушди саноату кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг маҳз дар солҳое муяссар гардиданд, ки оромию сулҳу салоҳ ва ваҳдати мардум дар ҷомеа устувортар гардиданд.
Дар бахши музокира номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Марказ Рустамҷони Сайдулло Қузратзода ва сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Ҷаҳонгири Маҳмадзоир суханронӣ карда, андешаҳои худро доир ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ, воридшави кишвар ба марҳалаи нави тараққиёт ва худшиносии миллӣ ба шарофати Ваҳдати миллӣ иброз намуданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст кард ва изҳор дошт, ки роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ минбаъд ҳам ҷиҳати ҷонибдорӣ аз сиёсати дурусту оқилонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пояҳои давлатдории миллиамон саъйу талош меварзанд.
Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон