Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гашт, ҳамеша ба масъалаи таҳкими сулҳу субот,  мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, маблағгузории онҳо, аз ҷумла аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар ин давра Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки аз минбарҳои ҷаҳонӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ ҷалб намояд.

Хушбахтона, бо иродаи қавии сиёсии ҳукумати конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида, формулаи нодири расидан ба сулҳу суботро таҳия намояд, ки он аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд гирифтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба омилҳои гуногун, аз ҷумла мавқеи ҷуғрофӣ, торафт шадидтар гаштани бӯҳрони ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ташвишанд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани сарҳади тулонӣ мисли дигар кишварҳои минтақа таҳдидҳои афзояндаро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ-амниятии худ эҳсос менамояд. Аз ин рӯ, вазъияти ба миён омада моро водор месозад , ки корро дар ин самт беш аз пеш қавитар намуда, чораҳои ҷиддӣ андешад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто дар замоне, ки худ дар оғӯши ҷанги бародаркушӣ қарор дошт, тамоми кӯшиши худро барои ҷалби бештари кишварҳои ҷаҳон ба ҳалли сиёсии қазияи Афғонистон сафарбар менамуд.

Мутаассифона, дар арсаи байналмилалӣ вазъияти геополитикӣ аз сабаби тезутунд гаштани муборизаи абарқудратҳо торафт мураккабтар мегардад. Дар ин росто, кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар натиҷаи авҷ гирифтани давраи нави мухолифати абарқудратҳо бо падидаҳои номатлубе, чун терроризм ва ифротгароӣ, кибертерроризм, онлайн-экстремизм, биотерроризм, савдои одамон ва яроқ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он гаштааст, ки созмонҳои ифротгароиву террористӣ дар фаъолияти худ аз сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма истифодаи васеъ менамоянд, ки ин ба амнияти умумиҷаҳонӣ таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад. Чунин ташкилоту созмонҳо фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа васеъ намуда, ба сафи  худ бештар ҷавонон, яъне қувваи пешбарандаи ҷомеаро ҷалб менамоянд.

Аз тарафи онҳо ба таври васеъ истифода намудани дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалиро дар самти мубориза бо онҳо мушкилтар мегардонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он аст, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро дар Шарқи Наздик ба чӣ роҳи харобиовар расониданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиду хатарҳои мазкурро ба инобат гирифта, соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотиро қабул намуд, ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва бунёдӣ дар самти таъмини амнияти иттилоотии кишвар шинохта шудааст.

Таҷрибаи байналмилалӣ ва миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ ва дастаҷамъона барои  бартараф намудани омилҳои идеологӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо  равонашударо  тақозо менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳияи стратегия ва барномаҳои миллии муқовимат бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароӣ, терроризм, тундгароӣ, манбаъҳои маблағгузории терроризм ва экстремизм хеле фаъол буда, дар ин ҷода Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экстремизм” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намудааст, ки ҳамчун санадҳои хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд.

Бо назардошти таҷрибае, ки дар самти татбиқи ин барномаҳо андӯхта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда, яъне солҳои 2021-2025 Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм ва барои солҳои 2021-2030 Стратегияи миллии муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро таҳия намудааст.

Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии кишвар, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ, аз ҳама муҳим – таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ саҳми босазо дорад.

Дар самти таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон басо назаррас аст. Саъю талошҳои кишвари мо аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи байналмилалӣ пайдо намудааст.

Ин аст, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе солҳои 2018-2019 Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланди зиддитеррористӣ доир гардиданд. Рӯзҳои 16-17 майи соли 2019 Конфронс зери унвони “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор гардид, ки аз эътирофи нақши кишвари мо дар самти мубориза бо терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб дар сатҳи ҷаҳонӣ шаҳодат  медиҳад.

Баргузории ин конфронсҳо бо иштироки намояндагони воломақоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, коршиносону таҳлилгарони варзидаи ин соҳа, ки дар байни онҳо ҳамчун “Раванди Душанбе” маъмуланд, саҳми назаррасеро дар ҳалли мушкилиҳои вобаста ба мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он мегузорад.

Дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб ягон кишвари олам дар танҳоӣ муваффақ буда наметавонад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо шарикони калидӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҷавобгӯи манфиатҳои миллиро ба роҳ мондааст. Пеш аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши асосии Созмони Миллали Муттаҳид ва Стратегияи умумиҷаҳонии мубориза бо терроризм ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими ин созмон, бо Русия, Чин, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, ҶИ Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аъзоёни Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки ҷавобгӯи манфиатҳои миллии кишвар мебошад.

Сонадҳои  байналмилале, ки аз тарафи Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд, бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол дар самти  муборизаи байналмилалӣ бо терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳи умумиҷаҳонӣ мебошад.

Ҳамин тавр, бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо экстремизму терроризм қарор дошта, бо ин сиёсати устувори худ дар таъмини субботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми созанда, муассир ва калидӣ дорад.

Содиқова С.Р.
мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳмадсаидзода А.М.
мутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед