Паёми Сарвари давлат ба парлумон яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, он дар бештари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун анъанаи хоси давлатдорӣ қабул шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шуруъ аз соли 2001 аз ҷониби Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ барои соли ҷадид муайян карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш илова ба масоили дигар равандҳои мураккабу печидаи геополитикии ҷаҳони муосирро мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дод.

Чунонеки дар Паём ишора гардид, солҳои охир равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ печида, муносибатҳои байналмилалӣ мураккаб ва ноустувор гардида, қариб, ки рақобати солим аз байн рафтааст. Баъзе аз кишварҳо бо роҳандозии бозиҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии худ дар минтақаҳои гуногуни олам манфиатҳои кишварҳои хурдро ба фано бурда истодаанд. Аз ҳамин лиҳоз,  Тоҷикистон дар соли 2023 бо дарназардошти “манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидашуда”-ро идома дода, робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманду созандаро дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба роҳандозӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон новобаста аз вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ сиёсати “дарҳои кушода”-ро идома бахшида, ҷонибдори робитаҳои мутавозин ва тақвият додани равобит бо ҳамаи кишварҳои олам мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳоро бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимоди худ дар авлавият қарор дода, минбаъд низ барои мустаҳкам намудан ва рушд додани робитаҳо дар шароити нави ҳамкорӣ дар самтҳои дуҷониба ва бисёрҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Инчунин, Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз авлавияти хос бархӯрдор аст, зеро Тоҷикистон комилан дарк менамояд, ки бидуни ҳамсоякишварҳо ва муносибати нек ба онҳо, рушди устувор ва субот, пойдор буда наметавонад. Вобаста ба ин, сиёсати хориҷии минтақавии ҷумҳурӣ бар пояи ҳамсоядории нек, эътимод, ҳамҷаворӣ ва дӯстӣ ба роҳ монда шуда ва чунин сиёсатро аз ҷониби кишварҳои минтақаи мазкур интизор аст.

Қобили зикр аст, ки дар Паём мавқеи Тоҷикистон нисбати ҳалли масъалаҳои мубраму баҳсбарангези байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ комилан возеҳу равшан дарҷ гардида, ягона роҳи ҳал муколама ва дипломатия муайян гардид. Тавре қайд гардид, “Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем…”. Дарвоқеъ, охири ҳамагуна даъво, ҷанг ва нофаҳмиҳо муколама ва гуфтугӯ мебошад, новобаста аз он ки он даъво чанд муддат идома меёбад.

Ташаббусҳои созандаи роҳбари давлат боиси баланд бардоштани имиҷи кишвар дар назди шарикони байналмилалӣ ва сохторҳои молиявии ҷаҳонӣ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, СААД, ИА, СММ, СҲИ ва ғайра буда, ҳамеша саҳми худро дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва глобалӣ гузошта истодааст.

Тазаккур бояд дод, ки соли 2022 дар сиёсати хориҷии кишвар соли бобарор буд. Яке аз пешниҳоди навбатии Роҳбари давлат дар ин сол нисбати ҳифзи пиряхҳо дар маҷмааи СММ бо пуштибонии 153 кишвар қабул гардид. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун кишвар ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шуда, 14 декабри соли 2022 ташаббуси панҷуми кишвар доир ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шудани соли 2025 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар муддати чанд соли охир тағйироти ҷиддии иқлим ба назар расада, дар натиҷаи гармшавӣ обшавии пиряхҳо, ки сарчашмаи оби ошомиданӣ ба шумор мераванд, ба назар мерасад. Агар ҳолати мазкур айни ҳол ба инобат гирифта нашавад, дар ояндаи наздик метавонад фалокатҳои иҷтимоиву иқтисодиро ба вуҷуд биёрад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муносиби раванди мазкур пайваста масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ бардошта, аз оқибати харобиовари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшрас менамоянд. Ҳамин таъкидҳо ва маърузаҳои пайвастаи Пешвои миллат боис гашт, ки ҷомеаи байналмилалӣ сари масъалаи мазкур тамаркуз намуда, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро доир ба эълон намудани “Соли байналмилалии пиряхҳо” қабул намоянд. Инчунин, барои ҳифзи пиряхҳо фонди мақсадноки байналмилалӣ таъсис мегардад.

Вобаста ба ин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Раванди мазкур бори дигар пойтахти мамлакатро маркази муҳимми тасмимгирӣ барои бақои сайёра хоҳад кард.

Дар умум, Паём пайғоми неке аз сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати созанда буда, дар худ масоили васеи имрӯзу фардои давлатдориро фаро мегирад.

 

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед