Тавре маълум аст, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шароит фароҳам овардааст, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ рушд намуда, ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстона иқдомҳои муҳимму созандаро пайваста роҳандозӣ намоянд. Баргузор гардидани як қатор чорабиниҳои муҳимми илмии муштарак дар арафаи сафарҳои давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба ҳукми анъана даромадааст, далели возеҳи андешаҳои болозикр аст. Вобаста ба ин, дар назар аст, ки санаи 1-уми июни соли 2022 дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси муштараки байналмилалӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Албатта, мақсад аз баргузории Конфронси муштаракро таҳкими робитаҳои илмӣ, ташаккули дидгоҳи муштарак дар рушди устувори минтақа ва ба вуҷуд  овардани фазои муколамаи давомдор дар Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар кори ҳамоиш олимону пажӯҳишгарон, коршиносони масъалаҳои илмию таҳлилӣ аз Марказҳои зеҳнии ҷонибҳо иштирок менамоянд. Ҷониби Тоҷикистонро дар конфронси мазкур олимону таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия намояндагӣ менамоянд.

Чоп кунед