Тули 33 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кишвари мустақил озмоиши бемисли таърихиро дар масири бунёди давлати миллӣ новобаста аз мушкилоти сангини ҷойдошта тавонист сарбаландона пушти сар намояд. Дар ин муддат кишварамон ҳамеша бо дарки объективии равандҳои дохилию минтақавӣ ва байналмилалӣ барои пешбинию дарёфти ҳалли муносиби масъалаҳои навин талош меварзид ва муҳимтар аз ҳама исботи дурустии рафтору амали худро рӯйи манфиатҳои миллӣ ва поясутунҳои мероси гаронбаҳои фарҳангию давлатдории ниёкон устувор месохт. Ҳамзамон муносибат ба дарк ва идоракунии равандҳои муосир таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмон хеле дурандешонаю оқилона сайқал ёфтанд, то ин ки хатар ба ҳастии давлати соҳибистиқлоламон ба вуҷуд наояд, балки то ҳадди имкон бардоштҳоямон аз ин равандҳо ба манфиати таҳкими суботу ҳастии он хизмат намоянд. Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ин солҳо малакаю таҷрибаи пурбору ба балоғатрасидаи ташаккули давлати миллиеро ба даст овард, ки дилхоҳ низоми сиёсии баркамолу эътиборманд ба он ниёз дорад.

Аз ин рӯ, таҷрибаи ҷомеасозии дар тули 33 соли истиқлолият андӯхтаи давлати Тоҷикистон имрӯз ба манзалати қутби ҷаҳонбинии мукаммали мардуми он табдил ёфта, ақлу заковати эшон бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ мақому арзиши бебаҳои истиқлолияти давлатиро дар муносибату фаъолияти хеш афзалият медиҳад. Беҳуда нест, ки аксари муҳаққиқони имрӯза таъкид менамояд, ки: “бидуни худшиносии миллӣ мавҷудияти давлати миллӣ номумкин аст”. Бо шарофати ҳисси худшиносӣ муҳаббати мо ба ҳудуди ҷуғрофии давлати миллӣ, мероси безаволи фарҳангӣ, самараи фаъолияти созандаи гузаштагону имрӯзиён, низоми ҷории сиёсиямон меафзояд.

Бинобар ин, барои мардуми ин сарзамин зарфияти истилоҳи «истиқлолият» бо ҷанбаҳои тақдирсозу серпаҳлуяш на фақат бори азими маънои мантиқию сиёсӣ ва иҷтимоӣ мекашад, балки талоши мудавоми таърихии дастёбӣ ба озодӣ, мустақилият, касби  ҳуқуқи қабули қарор дар мавриди муайян кардани сарнавишти ӯро таҷассум менамояд. Aгap аз фарози ин қазовати далелпазир бо нигоҳи рушану дурандешона ба таърихи корнамоию ҷоннисориҳои мардуми тоҷик назар андозем, воқеан ҳам мебинем, ки ӯ пайваста дар роҳи бунёди давлати худ ва барқарору ҳифз кардани ҳуввияти миллияш кӯшишу талошҳои бемислро бо азму иродаи матин аз худ нишон медод. Қаҳрамониҳои аз рӯзгори мардони ин корзор ба мо мерос монда имрӯзҳо низ мояи ифтихор ва шиори зиндагии ҳap фарди соҳибмаърифати тоҷик ба ҳисоб мераванд. Яъне, ҳарчанд тақдири таърихи гузаштаи тоҷикон саршори таззодҳои гуногун аст, вале бо вуҷуди ин боиси ифтихор аст, ки чунин фарзандони фарзонаи ӯ баҳри ҳифзу барқарории миллати хеш, ҳувияти ӯ аз воситаҳои сиёсии имконпазир – бунёди давлатҳо, ба даст гирифтани низоми идоракунӣ дар салтанати қавмҳои аҷнабӣ ба хотири ба ворият додани малакаю санъати давлатдорӣ, пешбурди илму маориф, ба poҳ андохтани муборизаҳои шадиду хунин бар зидди бадхоҳону меросрабоёни биёбонгард ва ғайра истифода бурда, ҷойи ӯpo дар саҳнаи таърих бо ҷоннисориҳо нигоҳ доштанд. Ин анъанаи ибратомӯзи гузаштагони миллати тоҷикро дар асри XX, ки воқеан ҳам яке аз давраҳои душвортарин барои исботи мавҷудияти халқи тоҷик ва ҳуқуқи соҳиби давлати алоҳидаи мустақил шудани ӯ дар ҳайъати Иттиҳоди Шуравӣ маҳсуб мешавад, фарзандони зиёди баору номусаш шиори зиндагию фаъолияти пурсамари худ намуданд. Аз ҷумла, устод С. Айнӣ дар асараш «Намунаи адабиёти тоҷик» ва як қатор осори ба мавзуи худшиносии миллӣ бахшидааш дифоъ аз соҳиби таъриху тамаддуни суннатӣ, мардуми бумии Осиёи Марказӣ будани тоҷикон ва саҳмгирияш дар пешбурди фарҳанги мардумони дигарро намудааст.

Бинобар ин бо итминон метавон гуфт, ки бинои кохи босуботи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути заҳматҳои зиёд руи ҳам гузоштани хиштҳои заррин аз анъанаҳои пурғановати сиёсию фарҳангӣ ва иродаи матини соҳибдавлатии наслҳои гуногун бунёд ёфтааст. Ин табиист, зеро тамоюли руҳияи истиқлолиятхоҳӣ ҳамеша ҳамқадами зина ба зина ташаккул ёфтани худшиносии миллии ӯ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардид, то ин ки ниҳоятан тавонист дубора дар даврони нав ба худ чеҳраи мукаммали сиёсӣ касб карда, барояш салоҳияти бидуни дахолати берунӣ пайрезию татбиқи самти сиёсати дохилию хориҷиро фароҳам биоварад.

Дар пайванд бо ин қазоват тазаккур бояд дод, ки касби истиқлолият ҳeҷ вақт маънои онро надорад, ки ҳap як миллат барои мустақил зистан бояд даври худ ҳисори сар ба фалак афрошта бикашад ва иртиботро бо хориҷ қатъ кунаду худкифоя пеш равад. Баръакс ба даст овардани истиқлолият барои ҳар кишвари тараққихоҳ боиси васеътар гаштани доираи муносибатҳои гуногунҷабҳа бо соири кишварҳои дуру наздик гашта, имконияти иштироки он дар ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ меафзояд. Ин гуна вобастагии кишварҳо дар дунёи ҳозир хеле бо суръати баланд пеш меравад ва онҳо на танҳо дар мавриди ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ, балки дар мавриди ҳалли масъалаҳои марбут ба пешрафти ҳаёти дохилияшон ба кӯмаку дастгирии якдигар ниёз доранд. Масалан, имрӯз истилоҳи “рушди фарогир, инклюзивӣ”, “мултилатерализм ё чандҷанбагаройӣ”, “ҷаҳонишавии фарогир” ва ғайра барои тавзеҳи хусусиятҳои сифатан нави ҳамбастагию ҳамкориҳои кишварҳои олам васеъ дар амалия ва назарияҳои сиёсии роиҷи кишвари мо низ истифода мешавад.

Инъикоси зуҳури ин равандҳоро мо равшан дар ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон метавонем мушоҳида кунем, ки чӣ тавр кишвари мо бо дастгирии давлатҳои дӯст ва ташкилоту муассисаҳои байналхалқӣ низоъи дохилиро дар як муддати кӯтоҳ мусолиҳатомез ҳал намуда, алҳол барои таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа бо таҳияю татбиқи барномаю стратегияҳои гуногун ҳамкориҳои худро дареғ надоштанд. Дар ҷодаи татбиқи ин мақсади наҷиб ҳамарӯза мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ тавр бо сайъу кӯшиши пайгиронаи сарвари давлатамон иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ ба истифода дода мешавад. Ин шаҳодати он аст, ки на танҳо сокинони кишварамон, балки шарикони рушдамон низ ба сулҳу суботи сиёсии кишвари мо эътимоди ҷиддӣ доранд ва метавонанд аз чунин ҳамкориҳо суди муайян низ ба даст оранд.

Таҳлили равандҳои имрузаи ҷаҳонӣ ва таҷрибаи ғании андухтаи ватани азизамон низ нишон медиҳанд, ки ҳифзу ба хотири инкишофи наслҳои минбаъдаи миллат истифода бурдани имкониятҳои беназири истиқлолият  дар ҷаҳони имрӯз бамаротиб душвортар шудааст. Бо ин мақсад ҳap як кишвар ногузир пайваста дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои гуногуну серпаҳлуи нигоҳдории он сайъу кӯшиш менамояд. Аз ин ҷиҳат, дар консепсияҳои муосири ба масъалаҳои мустақилияти  давлатҳои муосир бахшидашуда дигарбора дар қиболи равандҳои бемаҳдудияти ҷаҳонишавӣ арзёбии шоистаи нақши иқтисодиёти миллӣ дар таҳкими давлати миллӣ ҷойгоҳи муҳимро пайдо мекунад. Масалан, Ҷон Миршаймер дар асараш “Иштибоҳи бузург” таъкид месозад, ки касе наметавоанд имрӯз дигаронро ба нодурустии ин қазоват мутмаин созад, ки мухторияти иқтисодӣ барои таъмини ҳастии давлати миллӣ дар ҳудуди барояш мансуббуда чӣ қадар муҳим аст. Бинобар ин танҳо давлатҳои миллие, ки иқтидори дарку таъмини мухторияти иқтисодиро дар ҳудуди таҳти назораташон қарордошта доранд, дар рақобатҳои имрӯза пирӯз шуда метавонанд. Имрӯзҳо бархурдҳои шадид байни кишварҳо, аз ҷумла абарқудратҳо барои таъмини ана ҳамин гуна мухторияти иқтисоди низ идома дорад. Ин бархурдҳо баъзан боиси шиддатёбии тамоюлҳои қавмситезӣ шуда истодааст (дар луғати сиёсии мақомдорони баъзе кишварҳо ҳатто истилоҳи “демографияи суверенӣ” бо ишора барои поксозии таркибу сифати қавмияшон руи кор омадааст). Бо чунин ҷаҳду рақобат низомҳои мустақили сиёсӣ ё суверенӣ талош менамоянд бартарияти ташкили истеҳсолоти дохилӣ, тавозуни даромад нисбати хароҷот, фароҳамсозии заминаҳои ташаккули сохтори устувори иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳузури афзалиятноки синфи миёнаро дар он таъмин карда тавонанд. Агар ба сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин зовия назар андозем ба хубӣ мебинем, ки пайваста бо ишораҳои бисёр дақиқашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурияти амалисозии ин рукнҳои иқтисоди миллӣ танҳо бо роҳи мутавозин ва башардӯстона пайваста ишора мекунанд.

Ҷиҳати дигари сифати мутавозину башардӯстонаи истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои охир аз назари мо аз он иборат аст, ки Тоҷикистон бо маҳорати хеле қобили таваҷҷуҳ ҳини татбиқи манфиатҳои миллияш кӯшиши бо манфиатти кишварҳои ҳамсоя наздик сохтани самараи ниҳоии амалишавии онҳоро ба харҷ медиҳад. Мисоли инро мо метавонем дар сохтмони шоҳроҳҳои азими кишварамон, сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва кашидани хатҳои минтақавии интиқоли он ба монанди хати CASA-1000, изҳори омодагӣ барои пайвастан ба ҳалқаи ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ мушоҳида кунем, ки аз бунёди онҳо на танҳо Тоҷикистон, балки кули мамлакатҳои ҳамсояи дӯру наздик метавонанд манфиат ба даст оранд. Аз ин ҷиҳат Тоҷикистон солҳои охир ба такмилу ташкили инфрасохтори истеҳсолию хизматрасонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунад, зеро рушди давлатҳои муосирро бидуни инфрасохтори пешрафта тасаввур кардан душвор аст. Роҳу пулҳо, иншоотҳои истеҳсолию иҷтимоии зиёде, ки имрӯз ба истифода шуда истодаанд маҳз ба ҳамин мақсад нигаронида шудаанд.  Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 2 400 км роҳҳои хусусияти байналмилалидошта, 220 км роҳи оҳан, 237 пул, 6 нақби мошингузар бо дарозии 18 км бунёд гардидааст. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ соли 2022 ба 2802 адад баробар гардиданд. Соли 2023 ба миқдори 715 корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар маҷмуъ 3517 ададро ташкил менамоянд. Вобаста ба сохтори иншоотҳои истеҳсолии соҳаи саноати мамлакат дар соли 2022 ҳиссаи корхонаҳои саноати коркард – 61,0 фоиз, саноати истихроҷи маъдан – 20,0 фоиз, истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ – 19 фоизро ташкил менамояд.

Бо натиҷагирӣ аз қазоватҳои зикршуда метавон гуфт, ки дигаргуниҳои босуръати дар олами муосир ба амаломада ба куллӣ тули даҳсолаҳои охир на танҳо чеҳраи ҷомеаҳои миллӣ, балки диду арзишҳои одамон ва шеваи бархурди онҳоро бо воқеияти ҳаёти ҷомеаҳои худ ва умуман ҷомеаи башарӣ тағйир доданд. Ҷомеаҳои алоҳида барои таъмини ҷараёни муътадил гирифтани ин равандҳо кӯшиш менамоянд, мунтазам барномарезиҳои иҷтимоиро тарҳрезӣ кунанд ва ҳузури арзишҳою меъёрҳои зиндагии одамонро дар қолаби ин тарҳҳо пешбинӣ намоянд. Вале, мутаассифона, на ҳама вақт чунин иқдомҳо ба комёбӣ меанҷоманд, зеро аҳёнан нерӯҳое ҳам ба арсаи сиёсат кӯшиши омадан менамоянд, ки иқдоми фарҳангситезию меросрабоии мардумони дигарро қутбнамои масири рушди худ месозанд, низоъҳоро дар заминаи қавмситезиҳо доман мезананд, барои рушди босуботи кишварҳо монеа эҷод мекунанд, ки мутаассифона дар амал вазъияти мавҷударо боз ҳам вахимтару носолимтар мегардонанд. Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар паёмади тамоюли зикршуда имрӯзҳо ҳарчи бештар зеҳни ҷавонон тавассути паҳнсозии мафкураи пусидаи хурофотӣ зери чатри назорату идоракунии муғризона қарор дода мешавад, ки ин ҳолат бо назардошти ҷалбу ҳузури онҳо дар корзорҳои гуруҳҳои тундрав мояи ташвишу нигарониҳост. Ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар рӯ ба рӯйи чунин чолишҳо ҳамеша дарку идораи саривақтии тағйиротҳои иҷтимоиро муҳим мешуморад ва барои таъмини талаботҳои аъзоёни ҷомеа ҷиҳати хунсо кардани чунин таҳдидҳо тадбирҳои муассирро меандешад.

Вале новобаста аз ин дар шароити муосир мо на танҳо шиддати набардҳои иттилоотӣ, балки талоши баъзе кишварҳои абарқудратро барои зери суол гузоштани дахлнопазирии ҳудудҳои миллиро мушоҳида мекунем, ки ин зарурияти дарки сарманшаи ғоявию ҳадафи ривоҷёбии ин падидаҳоро мубрамтар месозад. Илова бар ин имрӯзҳо ба майдони размоши давлатҳои абарқудрат на дар ҳудуди сарзамини бевоситаи ба онҳо тааллуқдошта, балки аҳёнан ҳудуди кишварҳои сеюм табдил ёфтаанд, ки ин ҳифзи комили истиқлолияти сиёсии онҳоро хатарзою баҳсбарангез мекунад.

Маҳз дар маҷрои пурталотуми ҳамин гуна равандҳои ҷомеасозӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо шоҳиди бори нахуст дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон роҳандозии муваффақонаи истифодаи зарфияти давлати миллӣ ба сифати абзори ҳувиятсоз ва сипари амнияти миллӣ гаштем, ки онҳо имрӯз аз рукнҳои муҳимми таъмини истиқлолияти сиёсии мамлакат ба шумор мераванд.

Барои беҳтар сурат гирифтан ва ҷомаи амал пӯшидани ин иқдомҳо ба ҷалбу сафарбарсозии иштироки доираи васеи мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин иқдомот сохтмон ва ба истифода додани иншооти аср НБО-ии Роғун аст, ки бо зарфияти фанноварии муосираш дар ҷаҳон назир надорад. Барои тамоми мардуми тоҷикистонӣ бунёди иншооти мазкур кафолати рушду баланд шудани сатҳи зиндагии мардум дониста мешавад, мутахассисону кормандони минтақаҳои гуногуни кишварамон дар эъмори он саҳм мегиранд, ки ин заминаи таҳкими руҳияи ваҳдату ягонагии онҳост.

Бо истифода аз фазои оромию осоишта, кишвари мо тавонист, ки бо 184 давлати дунё робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ монад. Намояндагиҳои дипломатии мо дар 30 мамлакати дунё фаъолият намуда ба ҳифз ва дастёбӣ ба манфиатҳои миллии мо машғуланд, ки ин самараи бузурги неъмати истиқлолият ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин кишвари ташаббускори мо дар 57 созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъол дошта, бо баррасии масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир, ҳукумати кишвар пайваста кушиш менамояд, ки дар фаъолияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ нақши созгор дошта бошем, то манофеъи миллии худро ҳифз намуда бошем.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ садо доданд, ки исботи гуфтаҳои боло ва далолати мавқеи устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонист.

Ташаббуси панҷуми Тоҷикистон, эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли ҳифзи пиряхҳо” воқеан як пешниҳоди саривақтиву бамаврид аст. Дар ҳақиқат, тайи чанд соли охир иқлими тамоми сайёра босуръат дар ҳоли дигаргунӣ аст ва ин нигаронкунанда мебошад. Чунки дар натиҷаи он чандин ҳазор пиряхҳои хурду бузург об шуда истодаанд, ки манбаи асосии обҳои тозаи нӯшокианд, сатҳи оби баҳру уқёнусҳо баланд гашта ба шароити зисти кишварҳои наздисоҳилӣ зиён мерасонанд. Заҳмату талошҳои пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо натиҷаи босамар дод,  14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум қатъномаи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро қабул намуд.

Боиси ифтихори тоҷикистониён аст, ки дар асоси ин қатънома якуякбора 5 пешниҳоди ироашудаи Президенти мамлакат бо ҳамовозии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазироӣ гардиданд, аз ҷумла:

– муқаррар гардидани рӯзи 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;

– эълони гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;

– таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ дар назди СММ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– баргузории “Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Душанбе дар соли 2025.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 “Тоҷи кунгурадор” – туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони Милали Муттаҳид, ба муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои стратегӣ, сиёсӣ ва назорат дар соҳаи идора, раиси комиссия оид ба фарҳанг Катрин Поллард супориданд.

“Тоҷи кунгурадор” бозёфти нотакрори таърихӣ буда, ба замони оғози ташаккулёбии халқи тоҷик, ибтидои давлатдории Кӯшониён рост меояд ва бо номи этникии “тоҷик” робитаи бевосита дорад.

Имрӯз сокинони ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо, омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳимми худро мебинанд. Зеро онҳоро арзишҳои эъломдоштаи сохти давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон дар ғояи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ атрофи худ гирд овардааст. Воқеан ҳам ин самараи татбиқи он сиёсатест, ки аз кору пайкори созандаи Сарвари давлатамон маншаъ мегирад ва дар симмати Пешвои миллат ҳузури ӯ дар арсаи сиёсӣ тавонист шароитеро фароҳам орад, ки идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфта ба воқеият табдил ёбанд.

Усмонзода Х.У.
узви вобастаи АМИТ,
директори МТС назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед