Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, барои ҳифзу манфиатҳои миллӣ ва сиёсӣ имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он муборизаи беамон мебарад. Маҳз ҳамин зуҳуроти коррупсионӣ ҳаст, ки дар раванди тарақиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи  сиёсиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ, хатар эҷод мекунад.

Бояд қайд намоем, ки бинобар сабаби рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархӯрди масъалаҳои геополитикӣ, кишварҳои ҷаҳон кӯшиш мекунанд, ки дар чолишҳои мухталифи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии хеш, самти фаъолияти сиёсати давлатии худро пурзур намоянд. Ин ҳама кӯшишҳоро дар ду самти асосӣ бояд матраҳ сохт: авал ин ки бояд фарҳангу маънавиёт ва арзишҳои миллиро ҳифз кард, зеро шинохти арзишҳои миллӣ маҳз аз тафакуру ҳувияти миллии мо вобастагӣ дорад. Сипас ба муарифии бештари миллат дар арсаи ҷаҳонӣ иқдомҳои некро роҳандозӣ намуд, то дар ин ҷараён манфиатҳои миллиро амалӣ намоем.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон аз рӯзи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ робитаҳои ҳамаҷонибаро ба кишварҳои ҷаҳон оғоз намуда, сиёсати дарҳои бозро интихоб намуд. Аз ин баъд чун як давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявию ягона барои муаррифии оламиён, ташабусу ибтикори башардӯстонаро амалӣ  намуд. Дар ин росто Тоҷикистонро барои шинохт ва пазироии ҷомеаи ҷаҳонӣ,  ҳамчун як давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ,  моро зарур аст, ки фарҳанги баланди миллӣ ва ҳуқуқии худро тақвият бахшида ба арзишҳои бунёдӣ ва усулҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд замина гузорем.

Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  паёмҳои ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мекунанд, ки “Некуаҳволии мардум ҳадафи олии роҳбари давлат буда, пеш аз ҳама таъмини зиндагии арзанда ва шароити мусоид баҳри рушди ҷомеа тадбирҳо меандешад”. Бояд қайд намоям, ки некуаҳволии мардум  ҳадафи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳисоб рафта, баҳри амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон тадбирҳои судманд меандешанд. Дар баробари чор ҳадафи стратегии миллии пешбинишуда, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти камуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар,  Тоҷикистон имрӯз бо 180 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ ва дӯстона дошта, узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.  Дар баробари ин, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонуну қарорҳо ва стратегияҳои дарозмуҳлат доир ба муқовимат бо коррупсия қабул шуданд. “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025)-ро дар бар мегирад. Дар миқёси кишвар ду маротиба барномаи зиддикоррупсионии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”  ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013  “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  қабул карда шуданд, ки аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани ин падидаи номатлуб гувоҳӣ медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вабаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин, хавфу хатар ва оқибатҳои  манфии онҳо ибрози андеша мекунанд.

Метавон гуфт, ки коррупсия, яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз аст, ки барои рушди амнияти иқтисодӣ монеаҳо эҷод мекунад. Дар ҳамин росто аз ҷониби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор барномаҳои стратегӣ ва карорҳоро қабул гаштаанд, ки дар раванди пешгирӣ ва раҳоӣ аз ин хатари номатлуб дарак медиҳад.

Коррупсия зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта эътимоди мардумро нисбати сиёсати давлат коста гардонда, шаъну обруйи миллатро дар ҷаҳон заиф месозад. Барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатию ҷамъиятӣ шароит фароҳам меоварад ва дар маҷмуъ поймол шудани ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд гашта, аз заиф гаштани пояҳои иқтисодии кишвар дарак медиҳад. Аз ин рӯ, яке аз тезисҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, ин раванди ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд монеа эҷод намуда, дар таҳкими зиндагии шоиста ва ҳаёти солим таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия дар қатори дигар хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили тероризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, на танҳо дар заиф намудани асосҳои давлатдорӣ, балки болоравии иқтисодиётро боз дошта,  ба некуаҳволии миллату давлат зарба зада, ба суботу оромии кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия, шакли бевиҷдонӣ ё ҷиноятие, ки аз ҷониби шахс ё ташкилоте, ки ба мансаби ваколатдор бовар карда шудааст, бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои ғайриқонунӣ ё суиистифода аз ваколат ба манфиати шахсии худ содир мешавад. Коррупсия метавонад фаъолиятҳои зиёдеро  дар бар гирад, ришвахорӣ, таъсиррасонӣ ба иҷтимоиёти ҷомеа, тасарруф, ба ҳолати догмистӣ (шахшавӣ) қарор гирифтани иҷтисоди миллӣ ва ғайра.

Бояд таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш (26.12.2019) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки “Ҳукумати мамлакат, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад”. Бояд гуфт, ки барои тақвият додани иқтисоди рақамӣ дар дохили кишвар тамоми вазорату сохторҳои кишварро лозим меояд дар пайи ҷорӣ намудани чунин раванди хизматрасонӣ иқдоми саривақтӣ анҷом дода, барои пешбурди фаъолияти корӣ ва рушди иқтисоди кишвар кӯшиш намоянд. Кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз барои баланд бардоштани сатҳу сифати  иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди сохторҳои давлатӣ  ба барномаҳои рақамӣ таъмин карда шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ, некуаҳволии мардум ва кам кардани ҳолатҳои коррупсионӣ иқдоми саривақтӣ мебошад.

Хулоса, барои амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ, ба сатҳи баланд расонидани афкори сиёсии миллӣ ва дар шинохти таъриху тамаддуни тоҷикон дар арсаи ҷаҳон, мубориза бурдан ба ин зуҳуроти номатлуби коррупсия қарзи шаҳрвандии ҳар як шахси бонангу номус ва ватандӯсту миллатсози кишвар аст.

Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед