Масъалаи таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ дар шароити имрӯз барои тамоми кишварҳои дунё муҳим арзёбӣ мешавад. Омӯзиши масъалаи амнияти миллӣ ва таҳлилу таҳқиқи он ба рушди ҷомеа ва таҳкими он таъсир мебахшад. Дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ объекти асосии омӯзиши муҳақќиқону олимон гаштааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» субъекти асосии таъмини амният давлат мебошад, ки вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.

Шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, субъектҳои таъмини амният ба шумор рафта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар доираи салоҳияташон дар ин соҳа қабул карда шудаанд, дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳо оид ба иштирок намудан дар таъмини амният мебошанд.

Њамзамон ќайд кардан лозим аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравї истилоҳи «амнияти миллӣ» дар фарҳанги илмӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ истифода бурда намешуд, балки истилоҳи «амнияти давлатӣ» истифода бурда мешуд, ки ин фаҳмиши онро танг карда, амалан фақат бо таъмини муҳофизати ашхоси «сатҳи олии» давлат ва дастгоҳи давлатӣ маҳдуд мешуд. Ҳатто дар соҳаи ҳарбӣ амалан дар бораи амнияти ҳарбӣ сухан намерафт, балки бештар қобилияти мудофиавии кишвар истифода бурда мешуд.

Баъд аз соњибистиќлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳи «амнияти миллӣ» батадриҷ ҳам дар суханрониҳои расмӣ ва ҳам дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дохил шудан гирифт. Якумин санаде, ки дар он мафҳуми «амнияти миллӣ» дарҷ гардид, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993, №919 «Дар бораи мавриди татбиқ қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикисгон, с. 1994, №3-4, мод.65) гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти телевизионӣ ба муносибати 9-солагии Рӯзи Истиқлолият 8-уми сентябри соли 2000, мафҳуми «амнияти миллӣ»-ро комилан вориди гардиш қарор дод (Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 9-солагии Рӯзи Истиқлолият).

Баъд аз 3 сол, дар соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Соли 2011 қонуни нав «Дар бораи амният» қабул гардид, ки усулҳои асосӣ ва мазмуни фаъолият оид ба таъмини амнияти давлатӣ, амнияти ҷамъиятӣ, амнияти экологӣ, амнияти шахсӣ ва дигар намудҳои амнияти пешбинишуда дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколат ва вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии маҳалиро дар бобати амният, ҳамчунин мақоми Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кард.

Мутобиқи санади мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амниятро муайян мекунад ва ҳамчунин раёсати Шӯрои амниятро ба ўҳда дорад. Дар ҳайати Шӯрои амният Раис (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), Котиби Шӯрои амният, аъзои доимӣ (аз рӯи мансаби ишғолкардаашон таъйин карда мешаванд) ва аъзои Шӯрои амният дохил мешаванд. Аъзои доимӣ ҳангоми қабули қарор ҳуқуқи баробар доранд. Аъзои Шӯрои амният, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мешаванд, мутобиқи тартиботи муайянкарда дар ҷаласаҳои Шӯрои амният бо ҳуқуқи раъйи машваратӣ иштирок мекунанд. Иҷрои Қарорҳои Шӯрои амният пас аз тасдиқи онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми мақомоти давлатӣ ҳатмӣ аст.

Ҳамин тариқ, вақте ки сухан дар бораи масъалаи таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдори миллии Тоҷикистон меравад, таъмини бехатарии онро аз таҳдидҳои сиёсии дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳони бояд дар назар дошт. Таъмини амнияти миллӣ дар барномаи ҲХДТ банди алоҳида буда, барои хифзу таҳкими он вазифаҳо ва ҳадафҳои зиёд барои оянда дар назар гирифта шудааст.

Аз љумла дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз љониби ЊХДТ ба ин масъала таваљуњи хоса зоњир шудааст. Чунончї зикр мегардад: «Таъмин кардани амнияти миллӣ барои ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдори миллӣ». Дар воќеъ, маҳз таъмини амният метавонад шароитро барои рушди устувори кишвар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва фарҳанги миллӣ муҳайё созад.

Дар ин маврид ҳадафи асосиро на пурзур кардани қувваҳои ҳарбии давлат, балки рушди зеҳнии мақомотҳои давлатӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои шаҳрвандон ташкил медиҳад. Барои инкишоф ва воқеияти он масъалаи рушди соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Маҳз барномаи ҳизби ҳукумрон буд, ки имрӯз дар ҷомеаи мо амнияти миллӣ, сулҳу субот таъмин аст ва имконияти зиёдро барои таҳкими он фароҳам оварда истодааст.

Њаминтавр, барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, масъалаи мазкур меҳвари барономаро ташкил медињад. Амалишавии он, асоси рушди ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ таваҷҷуҳи зиёди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз мукамалу воќеї будани барнома ва ояндабин будани ҳизб шаҳодат медиҳад. Маҳз амният метавонад ба сифати омили муҳофизатгари шахс, ҷомеа ва давлат аз ҳаргуна хатару таҳдидҳо ва ҳамчунин омили асосии рушди устувори иқтисоди кишвар баромад намояд.

Шоҳрухи Ҷаббор,

сармутахассиси Раёсати таҳлил  ва

ояндабинии сиёсати дохилӣ

Чоп кунед