Маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, зеро ки маҳз пешрафти  илму маориф барои тарбияи насли наврас, ҷавонони аз нигоҳи сиёсӣ зираку доно ва мутахассисони ҷавобгӯи замон мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, маҳз пешрафти соҳаи мазкур имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон аз ҳар гуна хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ дошта шаванд, чунки тафаккуру  ҷаҳонбинии онҳо рушд ёфта, аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва ғайриқонунӣ худдорӣ менамоянд. Дар баробари ин, рушди соҳаи маориф метавонад ҳамчун омили муҳимми рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ баромад намояд.

Маҳз ҳамин аст, ки сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи  ин соҳа равона гардида, вобаста ба ин қайд менамоянд, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан, бадъи солҳои 2000-ум дар асоси ҳамкориҳои судманд бо як қатор кишварҳои дӯст, шарикони рушд ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мамлакатамон доир ба беҳсозии  шароити таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони  ҷавобгӯ  ба бозори меҳнат даҳҳо муассисаи таҳсилоти умумии миёна бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар шаҳри Душанбе намояндагии чандин муассисаҳои таҳсилоти  олии  давлатҳои пешрафта  таъсис дода шуданд”.

Таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои асосии таълиму тарбия дар соҳаи маориф буда, барои рушди кӯдак муҳити солими инкишофро фароҳам меорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 720 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд,ки дар он  105 ҳазор  нафар кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020 42 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 7836 нафар кӯдак зиёд мебошад. Инчунин,  барои ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбия дар кишвар 2381 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии зиёда аз 96 ҳазору 564 кӯдак амалӣ менамояд, ки нисбат ба соли гузашта 270 марказ  ва 27 ҳазору  655 кӯдак зиёд мебошад. Вале ҳанӯз ҳам фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо  дар деҳот аз масъалаи мубрам боқӣ монда , беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад.

Вобаста ба ин, ҳукумати кишвар давра ба давра кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки  рушди маорифро дар деҳот низ хубтару беҳтар ба роҳ монад ва дар нақша аст, ки то соли 2030  доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи хусусӣ ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабӣ чораҷӯӣ карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти марказҳои рушди кӯдак такмил дода шаванд ва то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то 50 дарсад расонида шавад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, бевосита бо дастуру супоришҳои Сарвари кишвар ва ҳидоятҳои он кас аз ҷониби давлату ҳукумат ва соҳибкорони саховатпешаи кишварамон ба таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза пайдо кардааст. Тибқи маълумотҳои соҳаи маориф танҳо дар ҳафт моҳи соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо  57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ин иқдом ҳамасола идома дошта, дар соли равон низ дар пойтахти кишвари азизамон якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бевосита бо иштироки Президенти кишвар мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» , Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро ба муносибати 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар баробари ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ барои такмил ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русиву англисӣ, аз худ намудани техникаву технологияҳои нав барои насли наврас ва ҷавонони муосир шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Вобаста ба ин, барномаҳои махсуси давлатӣ қабул гардиданд, ки иҷрои бевоситаи онҳо метавонад ба болоравии сатҳи дониши ҷавонон мусоидат намуда, барои омода намудани мутахассисони забондону аз ҷиҳати технологияҳои иттилоотӣ пешрафта,ки  ҳамқадами замон бошанд,аз манфиат холӣ нест.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола барои рушди соҳаҳои илму маориф аз ҷониби ҳукумати кишвар маблағгузорӣ карда шуда, давра ба давра зиёд гардидани он ба назар мерасад. Агар дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гирем, дар соли 1995 хароҷот дар соҳаи маориф аз рӯйи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2022 2,64 баробар зиёд мебошад.

Маблағгузории  соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дар муқоиса ба кишварҳои  рушдёфтаи ҷаҳон, ки дар рейтинги  Индекси рушди инсонӣ пешсафанд, чунинанд:

Тавре ки рақамҳои муқоисавӣ собит месозанд, маблағгузории соҳаи маориф дар кишварамон ҳамасола меафзояд, дар баробари ин болоравии  сифати таълим чандон назаррас намебошад.

Мутаасифона, барои рушди соҳаи маориф ҳанӯз ҳам баъзе норасоиҳо ба чашм мерасад. Алалхусус, дар деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар, норасоии мутахассисони касбӣ, дар соҳаи маориф, дастрас набудани маводҳои дарсиву ашёҳои аёнӣ, дастрасӣ ба интернет ва муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи ин норасоиҳо мебошад.

Имрӯз дар мактабҳои деҳот норасоии мутахассисони касбӣ ба назар мерасад, ки ин боиси паст гардидани сатҳи дониши хонандагон мегардад. Мувофиқи маълумотҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 9-уми июни соли 2023 дар кишвар 774 омӯзгор намерасад, аз ҷумла омӯзгорони фанҳои математика физика, химия, технологияи иттилоотӣ, география ва забонҳои русиву англисӣ мебошанд. Дар ҷумҳурии мо ин масъала аз мадди назари коршиносону муҳаққиқон дур мондааст.Бояд қайд кард, ки дар ин самт аз ҷониби муҳаққиқ Қурбонов Абдураҳмон тадқиқотҳои  мукаммали илмӣ ба анҷом расидааст. Бояд қайд кард, ки аз ҷониби муҳаққиқи номбурда доир ба масъалаи аз ҷумҳурӣ рафтани неруҳои ақлонӣ ё ба истилоҳ “фирори мағзҳо” силсилаи мақолаҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо, инчунин рисолаҳои “Амнияти зеҳнӣ ва истиқлолияти давлатӣ”(с.2016)  ва  “Таҳаввули низоми маориф дар Тоҷикистон” (с.2022) нашр гардидаанд.

Дар баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки дар аксарияти мактабҳои деҳот як омӯзгор аз норасоии мутахассисони касбӣ аз ду ё се фан дарс медиҳанд. Агар ин ҳолат идома ёбад аксарияти наврасоне, ки ба воя мерасанд, саводи кофӣ ба даст намеоранд, ки ин метавонад ба рушду тараққиёти кишварамон монеъаи ҷиддӣ эъҷод намояд, зеро  маҳз ҷавонон такондиҳанда, идомадиҳанда ва пешбарандаи халқу миллати тоҷик мебошад.

Ҳидоят кардани ҷавонон, тарбият кардани онҳо, савод омӯхтан ин ҳама вазифаи аввалиндараҷаи устодон, омӯзгорон ва мутахассисони касбии соҳаи маориф мебошад. Устодону муаллимон роҳнамои ҷомеа мебошанд. Маҳз муаллимон ба ҷавонон тарзи дуруст дарк намудани маълумот, таҳлил ва хулосабарорӣ кардани ин маълумотҳоро меомӯзанд. Аз ин рӯ, барои  рушди  соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ, бахусус дар шаҳру навои дурдасти кишвар мутахассисони касбиро бо ҷойи кор ва маоши хуб ҷалб намудан зарур аст.

Бо вуҷуди камбудиҳои дар боло зикршуда Ҳукумати ҷумҳурӣ бевосита кӯшиш ба харҷ дорад, ки рушди маорифро дар сатҳи кишвар хубтару беҳтар гардонад. Аз ин рӯ  зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки ояндаи миллат ва ватани мо дурахшон бошад, зеро ки гирифтани таҳсилоти шоиста барои беҳтар шудани вазъи иҷтимоию иқтисодии зиндагии мардум замина мегузорад ва дар таъмини роҳи раҳоӣ аз камбизоатӣ нақши асосӣ дорад. Кафолати таҳсилоти босифати фарогир ва одилона ҷиҳати пешбурди имкониятҳои омӯзиши якумрӣ барои ҳама яке аз ҳадафҳои асосии рушди устувори давлат  мебошад.

С.Н.Абдуллоева.
Сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ

Чоп кунед