Замин ин ягона предметест, ки аз якҷой ба ҷойи дигар кӯчонида намешавад ва зиёд намегардад. Бо вуҷуди ин, талабот ба он рӯз то рӯз зиёд мегардад, ки манбаи асосии таъмини маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад. Бо дарназардошти зиёд нагардидаин предмети асосӣ (яъне замин) аҳолии сайёра дар ҳолати афзоиш мебошад. Қобилияти ҳосилнокии он бошад, рӯз то рӯз кам гашта, эҳтимолияти ба беморӣ мубаддал гардидани он,  аз имкон дур нест. Ин боис мегардад, ки самаранокии соҳаи кишоварзӣ паст гардида, арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолгардида гарон гардад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои аз замин ҳосил рӯёнидан,  чаҳор чизи асосӣ лозим аст: нури офтоб, гармӣ, нармӣ ва ғизо (гази фоиданоки азот, карбон, ва дигар ғайра) зарур мебошад. Ин чаҳор чиз ба замин имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ гирифта шавад. Аммо мушкил дар чист, ки пешниҳоди коркарди мадернизатсияи замин эҳсос мегардад?

Дар фазои як гектар замин 80 000 тонна азот гардиш мекунад, ки онро рустанӣ гирифта наметавонад, чунки баланси микроорганизмҳо имкон намедиҳад ва шабоҳати он аст, ки микроорганизмҳои фоидаовар (асоси ҳосилхезии заминро таъмин мекунад), дар замин кам гардидааст. Сабаби нобуд гардидани микроорганизмҳои замин дар он аст, ки истифодаи нуриҳои  маъданӣ, заҳрхимикатҳо ва дигар навъҳои химиявӣ боиси нобуд гардидани ин организм (ошпазҳои замин низ меноманд) гардидаанд.

Мувофиқи таҳлилҳои мутахасисони ин соҳа, яке аз сабабҳои зиёд гардидани бемориҳои гуногун истифодаи маҳсулоти химиявӣ (баробар гардидани дорухонаҳо бо мағозаҳо шабеҳанд) мебошад. Инсоният барои гирифтнаи ҳосили фаровон нуриҳои органикиро дигар истифода намекунанду бештар нуриҳои маъдани истифода менамоянд. Дар давоми 35-40 соли дигар қобилияти ҳосилхезии замин якчанд карат кам шуда, ба беморӣ дучор мегардад.

Агар мисоли дигарро гуем, заминҳои обӣ низ дар натиҷаи дуру дароз истифоданамои ва додани об намноки ва намак дар онҳо зиёд мегардад. Ин ҳолат низ эҳтимолияти муптало шудани замин ва ба эрозия табдил ёфтани он, аз имкон холӣ нестанд. Инчунин, дар шароити имрӯза об сарфа карда намешавад, аммо бе истифода аз он имконнопазир аст.

Барои рӯй надодани чунин мушкилот мутахассисон исбот намудаанд, ки истифодаи заминро дигаргун намоянд, чунки ин иқдом имкон медиҳад, ҳосилнокии замин зиёд гардида, давомнокии умри он афзун гардад. Чунончи коршиносони ҷаҳонӣ низ пешгӯйӣ мекунанд, ки зиёдшавии эрозияҳои замин мушкилоти глобалӣ гардида метавонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои гирифтани ҳосили дастрас нуриҳои  маъданӣ истифода мегардад, ки ҳисоби миёна ҳар соле ба миқдори 80 млн доллари ИМА аз кишвар барои хариди нурии маъданӣ сарф мегардад. Инчунин, ин талаботи пурраи аҳолӣ ва аз он ҷумла деҳқононро таъмин карда наметавонад. Мушкилоти дигар ин аст, ки арзиши нурии маъданӣ баланд буда, аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Аммо дар бештари заминҳои лалмӣ бошад, ҳолати агротехникӣ риоя нагардида, як навъи зироат даҳсолаҳо боз кишт карда мешавад. Ин заминҳо ақаллан дар давоми якчанд сол киштгардон карда шавад.

Мо дар кадом самти соҳаи кишоварзӣ мехоҳем модернизатсия гузаронем ва мушкилӣ дар чист? Якум, дар бештари минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, заминҳои лалмӣ, агротехнология риоя карда намешавад. Дуюм, ба замин нуриҳои органикӣ надода истем, ки дар натиҷаи дуру дароз нуриҳои химиявӣ додан, микроорганизмҳоро нобуд сохтаем. Сеюм, заҳрхимикатҳоро дар рустанӣ истифода менамоем, ки маҳсулоти онро инсон истеъмол мекунад. Бо вуҷуди оне ки дигаргуншавии иқлим миқдори газҳо дар атмосфера зиёд гардида истодааст. Аз ин хотир, мутахасисони соҳаи кишоварзӣ бар он ақидаанд, ки чунин корҳо дар ояндаи наздик ба итмом расонем:

–истифодаи нуриҳои микробиологӣ;

–истифодаи нуриҳои органикӣ (бештар дар деҳот дастрас гардида метавонад);

–обёрии қатрагӣ дар заминҳои кишоварзӣ.

Тасаввур кунед, ки деҳқон барои як гектар пиёз кишт кардан, аз 1,5 то 2,0 тонна нуриҳои  маъданӣ бо харҷи аз 12 то 16 ҳазор сарф намояд. Танҳо арзиши хараҷот бо ҳисоби нурӣ 0,40-0,53 сомониро ташкил медиҳад, ки ин дигар хароҷоти асосиро ҳисоб нанамудаем. Дар ин маврид мо маҳсулоти аз ҷиҳати химиядошта истеҳсол намуда, организмҳои зиндаи заминро ба миқдори муайян нобуд созем. Ҳоло он, ки бо арзиши 2 000 сомонӣ, яъне истифодаи 20 литр нурии микробиологӣ (КМУ) ҳосили заруриро гирифта метавоанем. Дар ин маврид метавон чил дарсад нурии  маъданӣ истифода карда, ҳосили аз пештара 15 % зиёд гирифта шавад.

Ба ҳамин монанд бо истифодаи нуриҳои органикӣ метавон аз ҳосили аввала 20 дарсад ҳосилноки баланд ба даст овард. Дар солҳои кам будани нуриҳои  маъданӣ инсоният аз он дар шакли васеъ истифода мекард, ки на танҳо ҳосили дастрас, балки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст меовард. Инчунин, майдонҳои киштро аз дучор шудан ба бемориҳо, аз ҷумла, эрозияву мурдашавии заминҳо эмин мегардиданд.

Дар самти обмонии заминҳои кишоварзӣ низ метавонем дигаргуншавӣ ворид намоем, ба монанди обмонии қатрагӣ, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шакли васеъ истифода менамоянд. Дар натиҷаи обмонии анъанавӣ қабати ҳосилноки замин шуста мегардад. Инчунин, дар шароити кунунӣ обмонии қатрагӣ имкон медиҳад, ки об сарфа карда шавад. Обмонии қатрагӣ бошад имкон медҳад, ки оби зарурӣ дар ҷойи лозима рехта шавад ва алафҳои бегона  намерӯянд.

Аз ин хотир дар шароити имрӯз зарурати биологикунонии кишоварзӣ ва минбаъд ҷорӣ намудани зироатҳои органикиро зарур омадааст. Вобаста ба ин,

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 22-юми июли соли 2013, №1001 қабул карда шудааст. Бо дарназардошти ҳамин Ассотсиатсияи “Агробизнес”-и Тоҷикистон (ААТ) бо дастгирии ширкати “Биотех”-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва даст кашидан аз нуриҳои маъданию заҳрхимикатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти шифобахши кишоварзӣ саҳми худро гузоранд. Бештар ба деҳқонон фаҳмондадиҳӣ доир ба маҳсулоти органикӣ ва истифода намудани онҳо аз нуриҳои маъданӣ гузаронанд. Албатта,  ин иқдом хуб аст, аммо моро зарур меояд, ки ин масъалро дар шакли васеъ дида бароем ва чораҳои дигар андешем, ба монанди:

  • Истифодаи нуриҳои микробиологии истеҳсоли ватанӣ дар тамоми кишвар

то ба ҳолати максималӣ. Инчунин, рушд додани истеҳсоли чунин нуриҳои органикӣ ва дастгирӣ намудани соҳибкороне, ки дар ин самт фаъолият менамоянд. Истифодаи нуриҳои микробиологии истеҳсоли худӣ, ки имконияти кам гаштани талабот ба нурии маъданӣ то 40 % ё дар кишвар боқӣ мондани 30 млн доллари ИМА.

  • Гузаронидани семинару чорабиниҳо доир ба истифода ва фоиданокии нуриҳои органикию микробиологӣ дар гӯшаҳои кишвар барои пурра маълумот гирифтани деҳқонон дар ин самт.
  • Ташкил намудани минтақаҳои муайян дар гӯшаҳои кишвар, бавижа дар

деҳот, барои омода намудани нуриҳои органикӣ (кампостҳо, Сафаралӣ Орипов, номзади илмҳои кишоварзӣ, ин таҷрибаро гузаронида, фоиданокии онро муайян намудааст). Ин имкон медиҳад, ки ҳолатҳои экологӣ дар деҳот хуб гардида даромади иловагӣ ба мардум орад.

  • Истифодаи обмонии қатрагӣ дар заминҳои обӣ дар шакли васеъ барои

шуста нагардидани қабати ҳосилхезии заминҳои кишоварзӣ дар оянда.

  • Гузаронидани киштгардон дар бештари заминҳои вилояти Хатлон, аз

ҷумла, заминҳои лалмӣ ҳатмӣ ва зарур мебошад.

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
муовини  сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед