Мақомоти амниятии Афғонистон аз ҳузури 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтаанд, ки дар миёни онҳо афроди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳастанд. Ин бори аввал аст, ки мақомоти баландпоя дар Кобул ба таври расмӣ аз ҳузури афроди ин ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон дар хоки ин кишвар, сӯҳбат мекунанд.
Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, ки рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал оид ба натиҷаҳои “Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм” сухан мегуфт, дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ном бурд. Ӯ гуфт, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони шарқӣ (Чин) аст. Ба гуфтаи ӯ, афроди ин гурӯҳҳо асосан дар шимоли Афғонистон ҷойгир ҳастанд.
Дар солҳои 1992-97 Наҳзати Исломии Тоҷикистон (баъдан Иттиҳоди Неруҳои Оппозисюни Тоҷик), ки ҲНИТ бахши он буд, дар Афғонистон пойгоҳ дошт, аммо пас аз қарордоди сулҳ бо ҳукумат онро барҳам дод. Ҳамчунин дар оғози солҳои 2000-ум талошҳои ҲИӮ ва ҲИТШ ба ноором кардани вазъ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз қаламрави Афғонистон ба қайд гирифта шудааст.
Афғонистон рӯзҳои душанбе ва сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ барои аввалин бор мизбони як нишаст бо номи “Конфронси минтақаии мубориза алайҳи терроризм” буд. Раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ҳадаф аз ин ҳамоиш бо ҳузури Покистон, Амрико, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, роҳандозии ҳамоҳангӣ ва ҳамкории истихборотӣ ва амниятист. Дар ин ҳамоиш аз Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ ҳузур дошт…
Аз расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ