“Мо минбаъд низ мақоми занонро
дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи
онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии
давлат дастгирӣ менамоем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад, зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хосси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокишавии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои хонавода маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин, ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила бунёд мекунанд. Пеш аз он ки фарзандон ба ҳаёти мустақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, хуллас аз маҷмуи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошанд. Аз ҷумла, ба тарбияи духтарон ба ин мақсад аҳаммияти зарурӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат ва муошират омӯзонда мешавад.
Дар баробари ин, дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфидоиҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул Муҳаммадҷонова, духтари Октябр Низорамоҳ Зарипова дида метавонем.
Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Тайи сию як соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад.
Боиси хушнуди ва ифтихори мо занон ҳаст, ки имрӯз Сарвари мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Бояд қайд кард, ки 49,3 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва таваҷҷуҳ ба шуғли онҳо сол то сол афзоиш ёфта, дар пешрафти соҳаи гуногуни хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ ва ғайра судманд арзёбӣ мешавад.
Маҳз натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дарсад аз ҷумла, кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 дарсадро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73дарсад, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 дарсад мебошанд. Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат бо итминони комил гуфтан метавонем, ки Зан-Модари тоҷик барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон, барои ҷомеа фарзандони бонангу номус ва зиёӣ тарбия мекунад.
Ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро содир кард. Зимни ин фармон барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд. ҳадаф аз татбиқи барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад. Ҳоло дар ҷумҳуриамон фаъолияти занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ бештар буда, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд. Дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи махсуси модарон -занон ва духтарон дар хонавода ва ҷомеа ба хубӣ ва дақиқ муайян шудааст. Нақши муҳим ва таъсиррасонии мусбати онҳо, чи дар муҳити хонавода ва чи дар ҷомеа эҳсос карда мешавад.
Бузурге фармудааст: Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд. Пас суоле матраҳ мешавад, ки кадом гурӯҳи занон дар ҷомеа пешоҳанг шуда метавонанд? Маҳз ҳамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд. Оё зани муосир соҳибмаърифат аст? Суоле ҳаст, ки доимо бояд дар мадди назар бошад. Баъзан ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба масъалаи омӯзиши занон, соҳибкасб гардидани онҳо кам аҳаммият дода мешавад. Ин гуна рафтор ба талаботи замон мувофиқ нест. Вақти он аст, ки аз суханпардозӣ ва ҳисоботпуркуниҳо даст кашида, ба кори амалӣ гузарем. Тарбияи занони бомаърифатро дар хонавода, дар мактаб ва ҷомеа мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин гуфтаҳо тарбияи духтарон дар мактаб ва хонавода бошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Имрӯзҳо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари дурандешу ғамхори миллати тоҷик дар самти баргузории барномаҳои давлатӣ, доир ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои занони тоҷик дастгирии беандоза аст.
Қайд намудан бамаврид аст, ки зан дар оила соҳиби мақому мавқеи намоён аст. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ карданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд. Чуноне Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон соли 2009 таъкид намуданд: «Ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории буҷети ҳар як оила вобаста аст. Дар шароити ҷаҳонишавии буҳрони молиявӣ Қонуни миллӣ тавонист манфиати мардуми кишварро то андозае ҳимоя намуда, ба баланд гардидани дараҷаи некӯаҳволии халқ мусоидат намояд. Шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки шароити зисти худро беҳтар карда, соҳиби манзилҳои истиқоматии ободу зебо гарданд. Илова бар ин, шароити мусоид муҳайё шуд, ки аксари шаҳрвандон ба такомули шахсии фарзандон, бахусус таълиму тарбияи онҳо диққати бештар диҳанд».
Фарзона Ғуломносирова,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон