Ҳамасола ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар дар саросари кишварамон  тантанаҳои идона баргузор мегарданд. Дар арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне Наврӯзи дилафрӯз якҷоя омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Зан–Модар, ки ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо аст, ба иди Наврӯз зебоиву файзу сахо мебахшад.  Ҳамчунин, ба оғози фасли баҳор рост омадани Рӯзи Модар ифодаи баракати беинтиҳои пайу қадами Зан–Модар аст. Ин худ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки агар Баҳор эҳёгари табиат бошад, Зан – Модар офарандаи ҳаёт асту  аз нишоти ӯ ҳаёт бардавом мегардад.

Аз қудуми пурбаракати Зан–Модар зиндагӣ файз мегирад, аз нури чеҳраи оламтобаш  қалби ҳар яки мо пур аз меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ  мегардад.

Зан–Модарро бузургону мутафаккирони олам аз  ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин ном бурдаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ пайдо карда наметавонем. Аз ин хотир, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар яки мо, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Ӯ беҳтарин мураббиест, ки  тамоми хислатҳои неки инсониро ба насли худ ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накукориро мепарварад, то ки дар оянда масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расанд.

Модар бо нақши созандаи хеш дар камолоти шахсияти фарзанд саҳми беназир дорад. Солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли нек ва писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.

Насли инсон аз баракати модар, ки рамзи бузургу  ҷовидонаи вафо номида шудааст, идома меёбад.

Лафзу шири  поки модар ва меҳрубониҳои беканораи ӯ дар қалби ҳар тифл хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи бузурги  зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Ҳамин аст, ки ҳар як шахси оқилу тарбиятдида тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд дониставу то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ заҳматҳои модарро қадршиносиву посдорӣ менамояд.

Модар  бо дилу ниятҳои поки худ фарзанди азизашро ба камол расонида, дар роҳи ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ ва халқу Ватан ҳамеша омода буданро талқину ташвиқ менамояд.

Ҳеҷ омӯзгор беҳтару хубтар аз модар ба шахс дарси одамияту худшиносиро омӯзонида наметавонад. Бе ягон муболиға, ҳатто як насиҳати зиндагиомӯзи модар ба фарзанд баробар ба қурбу манзалати як шоҳасарест. Аксари мутафаккирони донишмандони барҷаставу гузаштаии муосири олам, аз ҷумла адибони муосири мо, хислатҳои ҳамидаи бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим  фуруд овардаанд. 

Модар ба фарзанд дар баробари сухан гуфтан беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои инсониро дар зеҳну шуури  ӯ тарбия мекунад. Фарзанди оқил ба сухани модар, ба андарзи бебаҳои ӯ, ки чун шамъ равшангари ҳаёташ аст, арҷгузорӣ менамояд.

Қадру манзалати модар дар олам беинтиҳост. Бузургии ӯ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.

Зан–Модарро ҳамчунин, сарчашмаи ҳаёт, олиҳаи зебоӣ, ҳусну таровати рӯзгор, чароғи хонадон, ҷаҳонсозу ҷаҳоноро ва машъали раҳнамои ҷомеа ном мебаранд.  Агар ин  ҷинси латиф, вале муқтадир дар ҳаёт вуҷуд намедошту насли одамиро ба ҳаёт намеовард, имрӯз ҳеҷ гуна ҷомеае арзи вуҷуд намекард.

Беш аз ҳама ин офаридаи Худовандӣ, яъне Зан–Модар кони меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат аст, ки бе ин сифатҳо зиндагӣ тамоман  ҷилою бақое  надорад.

Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгории Зан– Модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърих – арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, тарбиятдидаю парваридаи мактаби бемисли модар буданду ҳастанд. Ва агар гардишу ҷараёнҳо, бурду бохт, арзишу дастовардҳои таърихи инсоният бо ному фаъолият ва мероси ин бузургон алоқаманд бошад, пас дар корномаи башарият мақом ва манзалати Зан–Модар аз ҳама волотар аст.

Қобили зикр аст, ки модарон бо ҳисси бузурги масъулият дар баробари нигоҳбониву парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия менамоянд.

Осоишу оромии ҳар оила ба ободиву суботи ҷомеа таъсиргузор асту ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии Зан – Модар вобаста аст. Нақши модар, махсусан дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Дар ҳифзу нигоҳдошти расму оинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон низ модарони арҷманд нақши муҳим доранд.

Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ  занону модарон ва ҷавондухтарони кишварамонро «нигини пурҷилои тоҷи миллат» ном бурдаанд.

Боиси таъкид аст, ки бо ташаббуси хирдамандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Рӯзи байналмилалии занон– 8 март дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯзи Модар табдил дода шуд. Ин иқдом ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Зан-Модар дар ҷомеа роҳандозӣ гардидаву чорабиниҳои Рӯзи Модар, ки маҷлиси тантанавии имрӯза аз ҷумлаи онҳост, дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлолу азизамон бо шукӯҳу ҷилои тоза баргузор карда мешаванд.

Ин иқдоми басо наҷиб, яъне эълон гардидани Рӯзи Модар ҳар яки моро бар он ҳидоят менамояд, ки ҳурмату эҳтироми Зан–Модарро сидқан ба  ҷо оварда, ӯро аз  ҷон ҳам азизтару муқаддас донем. Ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми Модарон қарзи аввалиндараҷаи ҳар як инсон аст.

Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояш қайд карда буданд:

«Тамоми дастовардҳои ҳаёти башарият ба номи занону модарон сахт алоқаманд ҳастанд, зеро ки онҳо аз беҳтарин олиҳаҳое  мебошанд, ки ҳаёт меофаранд».

Дар ҳаёти имрӯзаи мо занон на танҳо наслофар, бахшандаи ишқу муҳаббат ва зиёбахши дилу хонадони мардонанд, балки офарандаи неъматҳои моддӣ, созандаю роҳнамо низ ба шумор мераванд.Онҳо бо фаъолияти бунёдкоронаи хеш ҳар гуна мушкилотро дар тамоми  ҷанбаҳои ҳаёт бо сари баланд ҳаллу фасл карда метавонанд.

Ба дӯши модарону хоҳарони азиз масъулияти басо бузург гузошта шудааст. Онҳо тарбиятгар, насиҳатгар, нигоҳдорандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари оину арзишҳои волои гузаштагонамон ҳастанд.

Дар ҷомеаи имрӯза шумораи занони соҳибилм, равшанфикру бомаърифат ва хамқадами замон хеле афзудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи мост.

Модари  тоҷик дар баробари адои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ занонро боз ҳам вазифаҳои басо бузургу пурарзиш дар пешанд.

Занони фаъолу бомаърифат дар ҳама гуна шароит  барои покизагии ахлоқу равонии фарзандон вақту фурсат ва имконияти мусоидро пайдо карда метавонанд.Онҳо хуб эҳсос менамоянд, ки барои таҳкими давлату давлатдориамон насли солим, бофарҳанг, дорои ахлоқу маданияти баланд заруранд.

Ба хотири пешрафту шукуфоии кишвари азизамон  ҷавононро дар руҳияи ифтихору ваҳдати миллӣ, ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намудан ва дар татбиқи амалии Қонуни  Ҷумҳурии То ҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим тарбияи фарзанд» ҳиссаи сазовор гузоштан вазифаи ҳар як нафар аз насли калонсол, алалхусус занони баору номуси миллатамон мебошад.

Боиси зикр аст, ки дар Тоҷикистони азизамон занону модарон ба ғамхории ҳаматарафаи давлат фаро гирифта шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварамон дар ҳимояи ҳуқуқи занону модарон мусоидати комил менамоянд.

Дар кишварамон баҳри татбиқи амалии Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар  ҷомеа» пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки самараҳои дилхоҳ ба даст овардаанд.Зарурат ба таъкид аст, ки бо таъмини масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро бунёд намоем.

  Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи  соли равон ёдовар шуданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикитсон ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021–2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Бо василаи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мақому манзалати занон дар ҷомеаи кишварамон солл аз сол баланд мегардад. Тадбирандешиҳои пайвастаи Сарвари давлат дар ин самт ҳар яки мо,  алалхусус, роҳбарони зинаҳои мухталифро водор менамояд, ки дар татбиқи амалии онҳо ҳиссаи сазовор гузорем.

Ҳамаи бонувони Маркази тадқиқоти стратегии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҷашни бузург иди Модарон табрик гуфта, ба онҳо умри дароз, сиҳату саломатӣ дар фаъолияти илмиву эҷодиашон мувафаққият орзу менамоем.

М.Ашӯров, С.Акбаров 

 Сармутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед