Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик тавонист таъсири амиқи худро гузорад ва ба шинохти чеҳраи сиёсии занони тоҷик мусоидат намояд. Маҳз шароити соҳибистиқлолӣ буд, ки занони тоҷик тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, инчунин, рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имкон дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд.

Мавқеи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ масъалаи беҳгардонии шароити занон барои фаъолияти босамари онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ҳамеша дар маркази таваъҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки ҳамеша дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти босамари занону бонувон ва ташаббусҳои созандаи онҳо қаноатмандӣ изҳор менамоянд ва ҳама вақт таъкид месозанд, ки дар кадом соҳае бошад, занону бонувонро дастгирӣ менамоянд.

Чунончи, ҳамасола дар Паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои татбиқи вазифаҳову мақсадҳои гузошташудаи қаблии Сарвари давлат арзёбӣ шуда, барои солҳои оянда вазифаҳову мақсадҳои нав гузошта мешаванд, бешубҳа, дар баробари дигар бахшҳо бахши занон низ бе таваҷҷуҳ гузошта намешавад. Дар ҳар Паём Сарвари давлат ба мақомоти дахлдор ҷиҳати дастгирии занону бонувон вазифаҳои гуногунро масъалагузорӣ мекунанд. Аз ҷумла, 26 январи соли 2021 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат чунин масъаларо баррасӣ намуданд: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021–2025 таҳия ва пешниҳод намояд.”

Хушбахтона, имрӯз метавон гуфт, ки дар натиҷаи ҷамъбаст гардидани марҳилаи аввали татбиқи стратегияи мазкур аз рӯйи ҳар як самт  имрӯзҳо шумораи зиёди занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 дарсад ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 дарсад интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 дарсад зиёд мебошад.

Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 дарсад, вилоятҳои Хатлон қариб 35 дарсад, Суғд беш аз 33 дарсад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 34 дарсад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 дарсад расидааст.

Имрӯз аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ беш аз 23 дарсадро занон ташкил медиҳанд, ки шумораи зиёди онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.

Дар санаи 21 декабри соли 2021 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.”

Дар баробари ин гуфтаҳо, Сарвари давлат ба мақомоти дахлдор вазифагузорӣ намуданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Ҳамзамон, вазифа гузоштанд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бояд дар ҳайати хизматчиёни давлатӣ теъдоди занону бонувонро то ба 30 фоиз ва теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд бошад, то ба 25 фоиз расонида шаванд.

Доир гаштани конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо” як нақши нав, як ташаббуси наҷиб мебошад, ки аз тарафи муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар санаи 18 марти соли равон баргузоргардида бисёр таасуротбахш ва хотирмон сурат гирифт. Махсусан суханрониҳои Насиба Бахтибекова–ходими илмии МОП АМИТ, Умеда Юсуфӣ–сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳло Мавлоназарова–сардори шуъбаи табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Малоҳат Давлатова–омӯзгори кафедраи гидрология ва муҳандисии ДМТ, Зиннат Муродова–муаллимаи калони кафедраи иқлимшиносӣ ва харитасозии ДДОТ ба номи Садриддин  Айнӣ, Хадича Саидзода, Тоҷиниссо Боқизода, Дилбар Камолова, Адолат Давлатова–ходимони МОП АМИТ дар мавзуи “Масъалаи пиряхҳо дар раванди гармшавии глобалӣ ва омӯзиши онҳо” бисёр диққатҷалбкунанда ва манфиатбахш ба сами иштирокчиёни конфронс расонида шуд. Умед дорем, ки теъдоди пажуҳишгарони пиряхҳо ва экология дар ояндаи наздик дар кишварамон беш аз пеш меафзояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тағйирёбии иқлим боиси афзоиши чунин падидаҳои фавқулодаи гидрометерологӣ, ба мисли сел, обхезӣ, хушксолӣ ярч ва тармафароӣ гардидааст.

Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва муҳити зисти Тоҷикистон зарари хеле ҳам калон расонида, талошҳои кишвари моро ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор ҷиддан коста мегардонад. Аз чордаҳ ҳазор пиряхҳои дар Тоҷикистон бақайдгирифташуда беш аз ҳазор пиряхаш комилан об шудааст. Аз ин лиҳоз андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ як такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Ҳоло дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мегардад, ки гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба ин хотир, олимон талош доранд, роҳҳои муҳофизати онҳоро пайдо намоянд. Мунтазам анҷом додани экспедитсияи илмӣ-омӯзишӣ доир ба пажӯҳиши пиряхҳо аз тарафи муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” ва ба таври куллӣ мавриди пажуҳиш қарор додани пиряхҳо ба манфиати кор аст.

Пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати соли 2025-ум соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудан ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо зарур ва саривақтист.

Дар баробари ин, чунин мешуморем, ки ба масъалаи маблағгузорӣ ба инфрасохтору навоварӣ нисбати таъсири обшавии пиряхҳо ба зиндагии аҳолии минтақа ва хавфи муҳоҷиршавии онҳо бояд диққати махсус дода шавад.

Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷиҳати кушоду васеъ омӯхтани масъалаи обшавии пиряхҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи   “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010–2030”, доир ба ҷалб намудани мутахассисони касбии байналмилалиро   ба  мақсад мувофиқ мешуморем.

Ғоя ва пешниҳодҳо нисбати пешгирии обшавии пиряхҳо зиёданд: Олимони соҳа пешниҳод менамоянд, ки истифодаи моддаҳои кимиёвие, ки яхбандиро зиёд мекунанд, васеъ истифода бурда шавад. Ҳамчунин, дарахтзор намудани доманакӯҳҳо аз тадбирҳое ба шумор мераванд, ки пиряхҳоро аз ҳавои гарм эмин нигоҳ медоранд. Дар ин ҷода Тоҷикистон пешсаф буда, корҳои зиёде анҷом додааст.

Бисёр олимон сабабҳои гармшавии иқлимро офтоб ва тағйирёбии ҳарорат дар уқёнуси Ором медонанд, вале ҳоло таъсири ҷамъшавии газҳои гулхонавӣ дар атмосфера нисбат ба радиатсияи офтобӣ даҳ маротиба бештар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳодҳои судманд намуда, дар ин самт дар ҳудуди кишвар тадбирҳои манфиатнок, ба монанди сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист ва бунёди неругоҳҳои обию барқии хурду бузургро ба роҳ мондааст. Ҳамасола дар кишвар “Рӯзи ҳифзи муҳити зист” ва дигар чорабиниҳои маърифатию экологӣ дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда мешавад.

Мавриди қайд аст, ки баргузории Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Обшавии пиряхҳо”, ки рӯзи 22 феврали соли 2022 сол дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” баргузор гардид,  нигаронии ҷомеаро нисбати  проблемаи аз ҳад зиёд обшавии пиряхҳо ва роҳҳои кам кардани таъсири гармшавии глобалиро ба пиряхҳо муаррифӣ намуданд.

Баргузор гардидани конфронсу мизҳои гирд дар мавзуи “Обшавии пиряхҳо” бо иштироки мутахассисон, ниҳодҳои илмӣ манфиатбахш буда, минбаъд таваҷҷуҳ ва нуқтаи назари  донорони байналмилалиро зиёд намуда, интизор меравад, ки дар ояндаи наздик доир ба таъсиси Фонди байналмиллалӣ ҳифзи пиряхҳо чораҳо андешида шавад.

Ҳамчунин, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ метавонад барои ҷалби бонувон дар омӯзиши пиряхҳо, сайқал додани донишу малакаи занон барои пешбурди таҳқиқотҳои илмӣ-бунёдӣ, татбиқ шудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” мусоидат намояд.

Имомназари Каримиён,
сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавӣ

Фарзона Худойдодова
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ

Чоп кунед