Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар маҳсуб шуда, солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи давлат қарор гирифта истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар дорои зарфиятҳои  зарурӣ мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки бахши сайёҳӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон аз рӯйи даромаднокӣ баъд аз фурӯши нафт ва истеҳсоли автомобилҳо ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Рушди бештари давлатҳои дунё имрӯз ба даромади бахши сайёҳӣ вобастагӣ дошта, барои густариши соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Вобаста ба мақсадҳои сайёҳон сайёҳиро ба навъҳои гуногун ҷудо мекунанд, аз ҷумла сайёҳии таърихӣ, сайёҳии фарҳангӣ, сайёҳии динӣ, сайёҳии эклогӣ, сайёҳии истироҳативу табобатӣ, сайёҳии варзишӣ, сайёҳии хизматӣ ва ғайра. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон метавонад вобаста ба самтҳои гуногуни ҳаёти фарҳангию таърихӣ ва гуногунрангии табиат дар чанд ҷабҳаҳо сайёҳони дунёро ҷалб намояд.

Пеш аз ҳама бо табиати зебову нотакрори худ, бо обҳои шифобахш, кӯҳҳои баланди сарбафалаккашида, пиряхҳои азим, кӯлҳову чашмаҳои оби мусаффо ҳайвоноту наботот метавонад сайёҳии кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологӣ ва баъдан, бо таърихи қадима ва фарҳанги бойи миллии худ метавонад сайёҳии таърихиву фарҳангиро густариш диҳад. Барои тарѓиби ин самтҳои сайёҳӣ албата, пеш аз ҳама, давлатро ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудан лозим аст, ки ин иқдоми бузург аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ сарбаландона ба роҳ монда шуд ва имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона беш аз 175 давлати дунё шинохтааст ва эътироф намудааст. Ғайр аз ин, имрӯз Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардидааст.

Бештари сайёҳони олам пеш аз сафар ба дилхоҳ давлати дунё аввал аз сарчашмаҳои гуногун бо таърих, фарҳанг, урфу анъанаи ҳамон миллату мавзеъ шинос мешаванд. Албатта, ҳангоме ки сайёҳон ба давлати интихобкардаашон ташриф меоранд, онҳо дар мадди аввал ба фарҳанги миллии сокинони ин кишвар таваҷҷуҳ намуда, хоҳиши аз наздик дидан ва ба бар кардани либоси миллии онро доранд. Масалан, дар Ҷопон ба дидани либоси зебои “кимано” (расми 1), дар Ҳиндустон ба  “сари” (расми 2), дар Шотландия ба “килт” (расми 3), дар Гурҷистон ба “картули” (расми 4) ва дигар вижагиҳои миллӣ шавқи бештар зоҳир карда мешавад.

Агар дар бораи Тоҷикистони азизи худ ҳарф занем, пас Тоҷикистон асосан таърихи фарҳанги либоспӯшии се минтақаро ифода мекунад, ки таҷҷасумгари фарҳанги либоспӯшии тамоми минтақаҳои кишварро дар бар мегирад. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бонувон либоси сафед бо нақшу нигори сурх, тоқии сурх ва ҷуроби рангинро ба бар мекунанд (расми 5); дар вилояти Хатлон бонувон тоқии гулдӯзӣ ва либоси зебои чаканро ба бар мекунанд, ки дар он нақшҳои гуногуни рангоранг бо даст гулдӯзӣ карда шудаанд ва ҳар як нақш дар алоҳидагӣ фалсафаи хоси худро доранд (расми 6); дар вилояти Суғд бошад, бонувон тоқиву камзӯли зардӯзӣ ва либоси адрасу атласи рангинкамон ба бар мекунанд (расми 7). Пас, хулоса намудан мумкин аст, ки миллати тоҷик фарҳанги либоспӯшии хеле бой ва гуногун дошта, аз решаҳои чуқури таърихӣ сарчашма мегиранд. Мо – бонувон бояд либоси миллии худро бештар эътироф намоем, то ки ба ҷаҳониён фарҳанги худро муаррифӣ намоем ва сайёҳонро бештар бо зебогии табиати диёрамон, фарҳангамон, таърихамон, одобу рафторамон ва меҳмондориамон ҷалб созем.

Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардидааст. Масалан, ҷиҳати ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сайёҳон ва рушди бахши сайёҳӣ солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки аллакай дар соли  аввали эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст.

Ин дастгириҳои Пешвои миллат ҳунармандон, соҳибкорон ва умуман, ҷомеаи шаҳрвандиро вазифадор менамояд, ки ба рушди тамоми ҳунарҳои мардумии миллатамон мусоидат намоянд ва ҷиҳати ҷалби  хориҷиён саҳмгузор бошанд. Бонувони тоҷикро бошад, зарур аст, ки дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ либоси миллиро, ки таърихи қадима дорад, бо тамоми зебогияш муаррифӣ намоянд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз гузаштагон мебошад. Чандин асрҳост, ки либоси миллии тоҷикон ҳусни зебои худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Баръакс, бо мурури замон бо фикру идеяҳои тарроҳони муосир либоси миллӣ ҳусни ҷаззобтарро гирифтааст, анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ – доману блузкаҳои чакан, кардиганҳои атласу фаранг, костюмҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои бонувони тоҷикро оро медиҳанд, ки ин таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷиро беш аз пеш ҷалб менамояд.

Бояд гуфт, ки бонувони тоҷик худ табиатан ҳусни зебо доранд ва бо ба бар кардани либоси миллӣ ҳусни онҳо дучанд мегардад. Бонувони тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, либоси миллии онҳо, бешубҳа яке аз рукнҳои асосии фарҳангу тамаддуни ҳар як миллат мебошад.

Либоси миллӣ муаррифгари фарҳанги ҳар як халқи мутамаддин мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни ҳар як кишвар аст. Вале, мутаасифона, имрӯз фарҳанги либоспӯшии мо ба яке аз мавзӯъҳои баҳснок табдил ёфтааст.

Солҳои охир бо афзудани талабот ба тамошои филмҳои хориҷӣ ва тақлид ба ҳунарпешаҳои хориҷӣ бештари занҳо ва ҷавондухтарон ба сӯйи бегонапарастӣ майл намуда, либосҳои ба миллати мо бегонаро ба бар мекунанд. Онҳо бештар ба ҳиҷобу сатри сиёҳ ва либосҳои доманкӯтоҳ, тангу даридае ҳавасмандӣ пайдо намудаанд, ки ба фарҳанг ва тарзи тафаккури миллии мо умуман хос нестанд. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим бонувони мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Мутаасифона, як қатор бонувон имрӯз либоси миллии зебои худро монда ва либоси миллати дигар давлатҳоро эътироф намуда, фарҳанги дигар миллатро муаррифӣ намуда истодаанд, ки ин рафтори онҳо кулли сайёҳон ва меҳмонони хориҷиро ба ошуфтагӣ меорад. Майл ба либоси бегона ва даст кашидан аз фарҳанги бою ғании миллатамон боиси таассуф ва нигаронист, зиёда аз ин ҳамаи ин беэҳтиромӣ нисбат ба миллат ҳисобида мешавад. Зеро ки агар забони миллат яке аз ҷузъҳои ҳуввият ва ҳастии ҳар як миллат бошад, пас ҷузъи дигари муҳимми он либос мебошад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни суханронии хеш бахшида ба Рӯзи модарон 7 марти соли 2020 дар робита ба ин масъала таъкид намуданд: “Мехоҳам таваҷҷуҳи модарону бонувони муҳтарамро бори дигар ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ, хусусан, дар ноҳияҳои атрофи пойтахти мамлакат ҷалб намоям. Тақлид ба либоспӯшии бегона, яъне бегонапарастӣ нишонаи возеҳи бефарҳангиву бемаърифатӣ ва гузашта аз ин, ҷаҳолат аст ва оқибати хуб надорад.”

        Воқеан, даст кашидан аз либоси аҷдодӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллии мо маҳсуб шуда, ба дину мазҳаб ҳеҷ гуна умумияте надорад, нишонаи ҷаҳолат ва сатҳи пасти худшиносию тафаккури ин гуна ашхос буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати фарҳангҳо дар ташаккули тафаккури миллии ҷавонони мо нақши манфӣ мегузоранд.

Муносибат ба либоси миллӣ, ки имрӯз теъдоди муайяни бонувони тоҷик онро бо як ҳисси баланди ифтихор ба бар мекунанд, арҷгузорӣ ба он чун ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ҷавонон ва ҳунармандону тарроҳон, ки муаррифгари бевоситаи ин тарзи либоспӯшӣ мебошанд, қарор дода шавад. Тарѓиби либоси миллӣ бояд бо диди нав, завқу ҷустуҷӯҳои тоза ва бо истифода аз матоҳои истеҳсоли ватанӣ роҳандозӣ шуда, тавассути ҷалби бештари сайёҳон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад.

 Фарзона Худойдодова –
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед