Ҳар як миллат либоси миллии худро доро мебошад. Новобаста ба тараққиёти ҷаҳони муосир, онҳо кӯшиш менамоянд, ки либоси миллии худро нигоҳ доранд ва ба наслҳои оянда боқӣ гузоранд, то ки онҳо аз таъриху фарҳанги халқи худ огоҳ бошанд. Либоси миллии мо низ аз аҷдоди мо мерос гузошта шуда, ифодагару  инъикосгари фарҳанги қадимаи миллатамон мебошад.

Маълумоти қадима доир ба либоси ниёгони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва чинӣ вомехӯранд. Бозёфтҳои археологӣ, суратҳои рӯйи деворҳо ва тасвироти рӯйи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои навъҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва ашёи ороишу зебу зинати миллӣ будаанд.

Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан маводи садаи XIX ва аввали садаи XX гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқ ба иқтисодиёт ва шароити ҷуғрофӣ вобаста буд. Ду навъи курта маълум буд: якқад (тунико), ки ҳоло фақат дар деҳоти дурдаст пиразанҳо мепӯшанд ва камзулчадор, ки ҳоло ҳам мавриди истифода аст. Дар ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, тӯёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва попурдӯзӣ мекарданд. Дар шимол гиребони курта ва баъзан домани онро попур ё гулдӯзӣ мекарданд (https://tg.wikipedia.org/wiki/либоси _миллии_точикон).  

Солҳои охир дар байни занони мо зиёд шудани пӯшидани либосҳои фарҳанги бегона, аз ҷумла  пироҳанҳои ба тан часпида, ҳиҷобу сатрҳо ба назар мерасанд, ки фарҳанги барои мо бегонаро таблиғ намуда, барои аз байн бурдани фарҳанги миллӣ ва бою ғании мо мусоидат менамоянд ва зарари моддию маънавӣ мерасонад.

Либос инчунин, бархато барои муаррифии дину ойин дар ҷомеаҳои имрўза маълум шудааст, ки метавонад заминаи зиддиятҳову фарқгузориро ба вуҷуд оварад. Ин фарқгузориҳо омили таҳқиру тавҳини байни шаҳрвандон гардида, ҷалби ҷавононро ба гурўҳҳои ифротӣ метезонанд.

Одатан, гурўҳҳои ифротӣ ва ҷосусии тахрибкор дар ҷаҳони муосир интихоб ва масъули корбурди худро аввалан аз байни занон бо ин роҳ ҷудо карда, баъдан барои ҳадафҳои худ истифода мекунанд (https://ravshanfikr.tj/ maqolaho/libosi-mill-muarrifgari-zeboipisandii-millati-to-ik.html).

Либоси миллии тоҷикӣ ифодагари шарму ҳаё, зебоӣ ва суннатҳои миллӣ буда, ба синну сол, урфу одат, мавқеи ҷуғрофӣ, фаъолияти инсон, ҷашну маросимҳо, идҳо вобаста мебошад. Ҳатто сайёҳон ба либоси миллии мо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати харидории он майли худро изҳор медоранд, зеро матоъҳои мо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои саломатӣ зараровар нестанд. Барои аз байн бурдани фарҳанги бегона ва тарғибу ташвиқ намудани либоси миллӣ, мо бояд унсурҳои миллӣ ва муосирро омезиш диҳем.

Зиёд гардидани таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ барои посдории оину анъанаҳои миллии мо мусоидат менамояд.

Дар ҷаҳон фарҳанги тоҷиконро бо атласу адрас, чакан ва рӯймол мешиносанд  ва мо бояд барои нигоҳ доштани фарҳанги қадимаи худ кӯшиш ба харҷ диҳем, то ба насли ояндаи худ тарзи либоспӯшиамонро мерос гузорем ва бо бегонапарастӣ онҳоро ба роҳи хато набарем.

 

Содиқова А.Ф., сармутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ

Ғуломносирова Ф.М., сармутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед