Дар кишвари соҳибистиқлоламон озодии виҷдон, эътиқод, ақида ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Пайравони дини ислом ва дигар оинҳои мавҷуда дар адои маросимҳои динӣ озодии комил доранд. Инчунин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории мамлакат, қоидаҳо оид ба нигоҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросими мардумии халқиятҳои муқимии кишвар амалӣ карда мешавад. Нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо зери назорати доимии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ба онҳо ҳамчун як макони муқаддас муносибат мекунанд.

Боиси таассуф ҳам буд, ки дар давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мо аз фарҳангу анъана, маросиму оинҳои миллӣ дур мондаем ва моро талқин менамуданд, ки  фарҳанги шаклан миллию мазмунан сосиолистиро риоя намоем. Вақти дар шоҳроҳҳои калон ҳаракат кардан, шоҳид будем, ки чандин аломатҳои шартии роҳ моро ҳар лаҳза огоҳ мекард, ки дар пеш шуморо гардиши чапу рост, нуқтаи таъмирӣ, ошхона ва чандин дигар воситаҳои хизматрасонии роҳҳо интизоранд. Мутаассифона, ҳангоми аз назди чандин ормгоҳҳо гузар кардан, ягон аломати шартии роҳ моро огоҳ намекард,  ки дар пеш оромгоҳ аст, суръати мошинатро каме паст намою дуоеро дар ҳаққи гузаштагон дареғ надор…

Чанде пеш нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон “Ҳамрози халқ” ба дастам расиду он ҷо  мақолаеро хондам, ки дар он чунин қайд шуда буд; “Амалиёти умумивилоятӣ зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” аз ташаббусҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба шумор меравад, ки дар ҳамбастагӣ бо Шурои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон амалӣ гардида, ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани дохил ва гирду атрофи оромгоҳҳо, пос доштани хотираи неки гузаштагон татбиқ мешавад”. Ҷаҳони сипос барои чунин ташаббус ва иқдоми инсондӯстона. Маҳз ана, ҳамин ташаббусҳои созандаи ҲХДТ минбаъд моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати гузаштагони худ бетараф набошему онҳоро дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор надиҳем. Ин ташаббусҳои созандаву ободкорӣ бо мақсади эҳтиром гузоштан ба расму оинҳои миллӣ, фарҳанги аҷдодии миллати тоҷик аз тарафи ҲХДТ шоёни таҳсину офаринҳост. Беҳуда ҳам бузургони Аҷам нафармудаанд:

Эй писар хоҳӣ агар руҳи падар шод кунӣ,
Хонавайрон ҳам шавӣ гӯри вай обод кунӣ.

Чандсолаҳо пеш сафари сайёҳии шаҳри Истанбули кишвари Туркиё доштам. Он ҷо аз  фарҳанги нигоҳдории оромгоҳҳо, гулу гулгашт кардан, тозаю озода нигоҳ доштан, қадр намудани инсон баъди фавт қоил будам. Қабрҳое, ки ба асрҳои 18-19 мансубанд, гӯё, ки як моҳ пеш ба хок супорида шуда бошанд. Дар назди ҳар як мадфан санги мазор ва  роҳаткурсиҳо барои қироати фотеҳа  сохта шудаанд. Байни  қабрҳо роҳравҳо гузошта шудааст, ки ба рафтуомад монеа эҷод намекунад. Сангҳои болои хокдонҳо ҳама як андозаанд ва ин интизом қатъӣ риоя мешавад.

Ташаббуси ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар сатҳи вилоят аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо дар ҳамбастагӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ рӯзи якшанбеи охири ҳар моҳ роҳандозӣ мешавад. Дар саҳифаи ҳафтуми рӯзномаи “Ҳамрози халқ” аз иқдоми хуби ҳизбиёни ноҳияи Ёвон сухан меравад. Дар ноҳияи Ёвон 66 оромгоҳ мавҷуд буда, то ин давра дар ҳамаи қабристонҳо бо ҷалби 25 ҳазору 88 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ амалиёти ”Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шудааст. Ин ҷо иқдому ташаббуси созандаву шоистаи  хуби оилаи Мирзоевҳо ишора шудааст, ки аз ҳисоби худ даромадгоҳи қабристони деҳаи Гулафшонро пурра азнавсозӣ намуда, онро бо шиору овезаҳо оро доданд, ки ин мавзеъ ҳар бинандаро мафтун менамояд. Даромадгоҳи қабристонро чароғон намуда, дар он ҷо ҳар гуна гулу буттаҳои ороишӣ шинонидаанд. Ҳуҷраи махсуси қабрканҳоро пурра аз таъмир бароварда, дар даромадгоҳи оромгоҳ курсиҳои замонавӣ насб карданианд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иқдоми шоистаи оилаи Мирзоевҳоро дар амалӣ намудани иқдоми ҳизбӣ– “Рузи ёдоварӣ” дар сатҳи маҳал шоистаи таҳсин ва мояи пайравӣ дониста, ба онҳо изҳори ташаккур намуда, қайд кардааст, ки иқдоми мазкур дар тарбияи маънавии инсонҳо таъсири нек гузошта метавонад.

Аз замонҳои қадим то ҳол ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар рӯзҳои иду айём аксари мардум ба қабристон барои зиёрати марқади падару модар, додару хоҳар ва дигар хешу табор мераванд. Дар ин мавридҳо оромгоҳ ба як ҷойи серодам табдил меёбад. Ҳама саргарми кор: касе ҷорӯб дар даст гурпушта мерубад, дигаре бо белу каланд хокҳои парокандаи гӯрпуштаро ҳамвор карда, обдавашро ба тартиб меорад, баъзеҳо бо тиловати Қуръони маҷид машғул, баъзеи дигар алафҳои хушкшудаи болои хокдонҳоро тоза менамояд. Ин лаҳзаҳо қабристон ба идгоҳ монанд мешавад, аммо ин хел мавридҳо танҳо дар рӯзҳои иду айём!?…

Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, солҳои пешин аз бемасъулиятиву бепарвоии бархе аз сокинон дар баъзе оромгоҳҳо манзараҳое ба мушоҳида мерасид, ки гӯё ин маконҳо қабристон нею чарогоҳ барои гову бузу гӯсфандон бошад. Хушбахтона, бо баргузории ана, ҳамин ташаббус ва амалиёти ҳизбӣ ин мушкилот ҳалли худро пайдо карда, ҳамакнун, дар баробари таъмини тозагии муҳит, ҳамчунин, гирду атрофи қабристонҳо бо девору симтӯрҳо маҳкам карда мешавад.

Солҳои охир дар партави сиёсати инсондӯстона, хайрхоҳона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони маҳал, домуллоимомҳои масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо, шахсони эҳсонкору хайрхоҳ корҳои ободонӣ дар оромгоҳҳо вусъат меёбад.

Маҳз ташаббусҳои созандаи ҲХДТ минбаъд моро ҳушдор медиҳад ва водор менамояд, ки нисбати гузаштагони худ бетараф набошему онҳоро дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор надиҳем. Оромгоҳ бояд ҳама вақт орому обод, озодаву гулафшон, ибратбахшу оромишдиҳанда бошад. Дар ҳадиси Расули акрам(с) омадааст: “Ҳар гоҳ дили шумо сангин шуду дар вуҷудатон раҳму шафқат намонд, ҳатман ба зиёрати қабри гузаштагон равед, соҳиби ибрат ва оромиш мешавед”. Осоишгоҳҳо агар ба сифати оромкунандаи қалбу руҳ шинохта шаванд, оромгоҳ (қабристонҳо) низ ҳамин гуна  хусусияту сифат доранд. Ин макони муқаддасест, ки сокинонаш касеро ғайбат намекунанд, ҳасади касеро намехӯранд, дурӯғ ин ҷо мақом надорад, орому осудаанд ва ба касе кор намегиранд… Пас мебояд, ки мо ба қабристонҳо на чун харобазор, балки чун як макони зебову дилнишин назар кунем. Дар ҷое аз катибаи болои қабр навиштаеро диққат додам: -Эй, роҳгузар шитоб дорӣ, ман ҳам бо ҳамроҳонам шитоб доштем, то ҳамин ҷо будааст…

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз.

 

Албатта, пайравӣ аз иқдоми мазкур, яъне тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳ нишонаи риояи  суннату одатҳои миллӣ мебошад. Дар баробари ободонии шаҳру ноҳияву маҳалҳоямон, ба қабристонҳо низ бояд диққати махсус бидиҳем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои маҳал, имомхатибҳо, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо   амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ”-ро, ки бевосита ташаббуси   ҳизбӣ мебошад, ҷонибдорӣ намуда, дар иқдоми мазкур саҳми фаъол дошта   бошанд. Ҳамчунин, барои батартиб гузоштани  фавтидагон дар хокдон, риоя намудани роҳравҳо ва гузоштани санги мазору аломатҳои шартии роҳ дар шоҳроҳҳое, ки аз назди оромгоҳҳо мегузарад,  назорати доимӣ баранд. Сангҳои мазор заруранд, вале барои ботартиб гузоштани он касе диққат намедиҳад. Андозаи дуруст ва муайян надоранд. Ин ҷо як хотира, ки аз забони  раҳматии модарам шунида будам, ба ёдам омад. Солҳои тахминан чилум беморие пайдо шуд, ки боиси фавти зиёди одамон гардид. Ҳамарӯза дар қабристонҳо гурҳои зиёд пайдо мешуданд. Мо ки хурд будем, минбаъд барои пайдо кардани қабри  падару модарамон душворӣ мекашидем. Рӯзе барои зиёрати волидайн рафта, аз назди дарёчае, ки аз қисмати рости қабристон мегузашт, як сангеро барои маълуми кардани гӯри  падару модар бо худ гирифта дар болои хокдонашон  гузоштем. Минбаъд барои ёфтани қабри волидайн душворӣ надоштем. Шоир барҳақ дуруст фармудааст;

Хоки роҳӣ аз ту гар чизе наруст,
Санг шав, рӯйи мазоре зинда бош!..

Амалиёти умумивилояти ҳизбии “Рузи ёдоварӣ”, ки тайи се сол боз амалӣ шуда истодааст, қадами навбати ба сӯи ободонию созандагист.  Умедворем, ташаббуси ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар тарбияи ҷавонон низ таъсири мусбат гузошта, дар оянда он амалиёти созандае, ки аз ҷониби ҳизбиён пешниҳод мегардад, дастгирии комил хоҳад ёфт ва ин амали нек тамоми ҷумҳуриро фаро хоҳад гирифт. Аз ҳамин хотир;

Лаҳзае исто, бародар, як ба қабристон нигар,
Хуфтаанд аҷдоди мо: модар, падар, хешу табор.
Нест касро ғайри ин манзил яке ҷойи дигар,
Сар бикун хам, мурдагонро поси хотир ёд ор.

 

Имомназари Каримиён,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон.
Бознашр аз рӯзномаи “Минбари халқ”, 17.05. 2023.

Чоп кунед