Дар натиҷаи талошҳои устувору пайваста, ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардида, зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба миён омад ва марҳалаи таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуда, қабули ин ҳуҷҷати муҳимӣ сиёсӣ ба вазъи мураккаби солҳои 90-уми қарни сипаригардида, ки Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро барои бунёди аркони давлатдории миллӣ мегузошт, рост омад.
Аҳамияти бузурги таърихии Конститутсия маҳз дар он аст, ки он, пеш аз ҳама, барои таъмини сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сисёсӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд ва набояд фаромӯш кард, ки бадхоҳони миллати тоҷик тавассути ба роҳ андохтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати тоҷикро ба гирдоби мухолифати сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона кашида, ҳазорон нафарро қурбонии манфиатҳои ғаразноки худ гардонида, беш аз як миллион нафар сокинони кишварро ба муҳоҷирони дохилӣ ва фирориён табдил диҳанд.
Конститутсияи давлатӣ дар асоси талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, он чун бахтномаи миллат, Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози ҳуқуқӣ, расмӣ гардонид ва бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шуд.
Дар ҳақиқат, яке аз бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар дар марҳалаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташаккули давлати мустақил, қабул гардидани Конститутсия, ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз, барои амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир асос гузошт.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 ноябри соли 2015 дар Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини Истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд».
Имрӯзҳо, ки бо қабули Конститутсия, бисту панҷ сол сипарӣ гардид, тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, он вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро дар шароити муосир инъикос менамояд. Тавре маълум аст, бо тақозои замон ва навгониҳои баамаломада дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии ҷумҳуриамон бори аввал 26 сентябри соли 1999 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда, инчунин, бо мақсади амалӣ гардонидани. Созишномаи умуми қабули ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд бори дуюм 22 июни соли 2003 ва маротибаи сеюм 22 майи соли 2016 ба Конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.
Қонуни асосии кишварамон пояҳои бунёди Тоҷикистони озоду демократӣ ва дунявиро устувортар гардонида, ба рушди фазои озоди динӣ ва ташаккули шуури ҷамъиятӣ мусоидат намуда, барои ба миён омадани муносибати мусолиматомезона бо ҳама ғояву андешаҳои гуногун, аз ҷумла усулҳои дунявию демократӣ ва арзишҳои миллӣ, ки кафолати пешравии давлат мебошанд, заминаи фаррохтар муҳаё намуд. Беҳтар гардидани сатҳи иқтисодиёти кишвар дар як муддати кӯтоҳ имкон дод, ки маблағгузории давлатии соҳаҳои иҷтимоиву маориф зиёд гардида, вазифаҳои давлати иҷтимоӣ таъмин карда шаванд.
Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи мо яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё буда, он ҳамчун шаҳкитоби асосӣ роҳи дурусти зиндагиро барои мо муайян месозад.Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд. Мо ҳамчун шаҳрвандони хушбахти ин диёри соҳибистиқлол бояд аз конститутсияи худ ифтихор кунем ва онро сармашқи доимии кору фаъолияти худ қарор диҳем.
Аз 28 августи соли 2017 Қарор Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намудаанд. Қонуни мазкур барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ равона гардидааст. Ҳамаи ин ҷашнҳои расмӣ ва суннату анъанаҳои мардумӣ дар доираи қонун амалӣ мегарданд.
Дар давоми бисту ҳашт сол соҳаи иқтисодии кишвар рушду такомул ёфта, ба як марҳалаи тозаи тараққиёти устувори хеш қадам гузошт, се рукни аслии дурнамои рушди Тоҷикистон – таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ имрӯз дар остонаи қарни нав татбиқ шуда истода, рукни дурнамои чорум аз тарафи Пешвои миллат муайян карда шуд, ки ин “Саноатикунонии босуръати кишвар мебошад”.
Дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои бунёди давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд.
Аз ин хотир вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ин давлат, ки нисбат ба имрўзу фардои фарзандони хеш бетараф нестанд, ин дастоварду музаффариятҳоро дуруст дарк намуда, ҷиҳати рушду такмили он қадамҳои устувори худро бояд гузошт. Дуруст аст, ки агар мо ва наслҳои оянда мисли дигар давлатҳои пешрафта тавонем, дар атрофи арзишҳои Конститутсия ва дигар дастовардҳоямон муттаҳид шуда, пайравӣ халқу ватанӣ хеш бошем, боз ҳам ба дастовардҳо ноил мегардем. Муҳимтарин ва асоситарин вазифа дар назди ҳар як фарди солимфикр ҳифзи ваҳдат ва оромиву суботи кишвар аст.
Чуноне, ки дар Паёми нахустини худ, Пешвои миллат, таъкид намуданд: “Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем”.
Ибодат Собирова,
мутахассиси пешбари раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон