Рӯзи 3 июни соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси муштараки илмию амалиро дар мавзӯи “Нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, донишмандону коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ҳар ду кишвар ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни конфронси муштаракро хайрамақдам гуфт ва зимнан изҳор дошт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дер боз бо ҳам робитаҳои устувори ҳамсоягӣ доштанд ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбарони ҳар ду кишвар–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариши наву тоза касб намуданд. Талошу кӯшишҳои Сарварони ин ду давлат дар ин замина шоистаи таҳсин аст. Ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар арсаи дӯстии ин ду халқи бародар мебошанд. Маҳз иродаи сиёсии Роҳбарони кишварҳоямон буд, ки имрӯз ҳамкориҳо, муҳимтар аз ҳама дӯстиву рафоқати мардум таҳким меёбад. Дар бораи натиҷаҳои сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2018 имзои 53 созишнома ва қарордоди давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя, махсусан, созишномаи ҳамкории стратегӣ, кӯшишу талошҳои Сарварони ду давлат барои боз ҳам мустаҳкам гардидани равобити равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуд.

Бояд тазаккур дод, ки мардуми тоҷику ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Омӯзиши таърихи равобити халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша дар мадди назари таърихшиносону ҷомеашиносон қарор дошт. Олимони тоҷику ӯзбек ба муаммоҳои робитаҳои байни ду давлат таваҷҷуҳ намуда, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Сафарҳои расмии Сарварони ду давлат ба Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳаёти мардумони ин ду кишвари ҳамҷавор саҳифаҳои навро боз намуданд. Дар солҳои 2018–2020 дар шаҳрҳои Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар, Андиҷон, Хӯқанд, Фарғона, Самарқанд, Бухоро ҳамоишҳои байналмилалӣ бо иштироки олимони ҳар ду давлат баргузор гардиданд, ки риштаҳои дӯстии халқҳои ду давлати дӯсту ҳамсояро боз ҳам мустаҳкам карданд.

Ҳамоиши имрӯза низ дар ҳошия ва арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он мавзӯи нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳои ҳар ду давлатро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода хоҳад шуд ва бовар дорем, ки ин конфронс барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

Сипас директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имоми Содиқ Ашӯрбойзода ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов суханронии табрикӣ намуданд.

Баъдан дар бахши аввали ҳамоиш таҳти унвони “Тавсеаи муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммад, муовини якуми директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрам Неъматов, сардори Раёсати робитаҳои берунии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо, сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Собиров суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Иштирокчиёни ҳамоиш перомуни маърӯзаҳо фикру андешаҳои муфид иброз намуданд.

Дар бахши дуюми ҳамоиш таҳти унвони “Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва туризм” директори Маркази тадқиқоти геосиёсии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова, сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалиии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Файзиев, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода, сардори шуъбаи Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршед Асадов, сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Арес Баязитов, ходими калони Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаридун Юсуфҷонов, сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амир Салимов, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кристина Ҷӯракулова ва дигарон суханронӣ намуданд. Сипас ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои мазкур фикру андешаҳои арзишманд ва муҳим иброз намуданд.

Конфронси муштараки илмиву амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ва директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карданд ва изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва илмиву адабии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш густариш ва равнақ меёбанд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед