Рӯзи  29  апрели соли 2022  бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон  конфронси маҷозии  байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ” баргузор гардид.

Директори  Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ конфронсро кушода, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфтанд ва мавзуи баррасишавандаро муҳим ва арзишманд арзёбӣ карданд.  Аз ҷумла онҳо  таъкид карданд, ки истифодаи оқилонаи об масъалаи муҳим ва мубрами рӯз на танҳо барои Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Бинобар ин, ҳифзи захираҳои обӣ,  пешгирии обшавии пиряхҳо, кишт намудани навъҳои зироатҳои обкамталаб, ҷорӣ намудани воситаҳои каммасрафи истифодаи об,  махсусан, усули қатравӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра ҷиҳати истифодаи оқилонаи об хеле зарур ва саривақтӣ мебошад, ки бояд дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба ҳалли мушкилоти ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.

Дар  бахши якум таҳти раёсати сардори Шуъбаи таҳқиқоти обу экологии  Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Файзиев  дар мавзуи “Вазъи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи об ва авлавиятҳои ҳамкорӣ”  Раиси кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода, муовини якуми Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азимҷон Назаров, роҳбари Агентии Бунёди баналмилалии наҷоти Арал ҷиҳати амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои ҳавзаи баҳри Арал ва Бунёди глобалӣ-экологии Узбекистон Вадим Соколов, муовини Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Экологии Ӯзбекистон Саидрасул Сангинов,  муовини директори Иттиҳодияи ҳавзу хоҷагии оби “Сирдарё” Фурқат Ёрматов, роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов суханронӣ намуданд.

Дар бахши дуюм таҳти раёсати роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов дар мавзуи “Амнияти обӣ–гарави субот ва рушди устувор”  иҷрокунандаи директори Маркази илмиву пажӯҳишии МКВК Динара Зиганшина, сардори Раёсати захираҳои об ва истифодаи оби Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зокир Ишпулатов, муовини директори Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳифзи муҳити атрофи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриалло Шерализода, проректор доир ба ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи таҳқиқотии миллии “Институти муҳандисӣ, обёрӣ ва механизатсияи соҳаи кишоварзии Тошканд” Абдулҳаким Салоҳиддинов, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабини сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Муродов ва директори Маркази танзиму ҳамоҳангсозии “Энергия” Ҳамидулло Шамшиев суханронӣ карданд.

Сипас иштирокчиёни ҳамоииш вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди истифодаи оқилонаи обро дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, таҳкими ҳамкориҳоро дар ин самт муҳим донистанд.

Конфронси маҷозии байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайриддин Усмонзода ва директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Анвар Насиров ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.


  Хадамоти  матбуотии
Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед