Рӯзи 6 октябри соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ   дар мавзӯи “Дурнамои ҳамкории кишварҳои узви СААД дар чаҳорчӯби мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир”  баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандону коршиносон, дипломатҳои ваколатдори сафоратҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд.

Ҳамоиши илмию амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор  Хуршед Зиёӣ бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда,  аз ҷумла қайд кард, ки  16 сентябри соли 2021 дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин  масъалагузорӣ намуданд:

–Ба инобат гирифтани он, ки имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ афзоиш меёбанд.

–Пандемияи аз ҷиҳати миқёс ва оқибатҳои худ бесобиқа ба буҳрони тӯлонии иҷтимоию иқтисодӣ расонида, аз ҷумла ба масъалањои амниятї таъсир гузошт.

–Вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида, ба қитъаи тоҷикистонию афғонистонии қаламрави ҷанубии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)  фишори шадидеро ба бор овардааст. Дар ин замина зарурати идомаи кори муштараки пайваста доир ба ҳарчи зудтар ба итмом расонидани ҳамоҳангсозии Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД ҷиҳати таҳкими қитъаи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон зарур дониста мешавад.

–Барои пешгирии шабакаҳои дастгирии молиявӣ ва моддию техникии гурӯҳҳои террористӣ кӯшиши фаъолтар ба харҷ додан лозим аст.

–Ба фаъолияти иттилоотии террористон, истифодаи онҳо аз технологияҳои навтарин, аз ҷумла, шабакаи интернет диққати махсус бояд дода шавад.

–Сарфи назар аз баъзе тамоюлҳои мусбат дар солҳои охир, таҳдиди маводи мухаддир низ ба амнияти минтақаи масъулияти СААД таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, амалисозии Стратегияи мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки дар доираи СААД барои панҷ соли оянда, яъне барои солҳои 2021–2025 амалӣ мешавад, бояд ба ҳалли ин масъалаҳо ва ҳамкории давлатҳои узви СААД  такони иловагӣ бахшад.

Дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз 16 сентябри соли 2021 Эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ќабул гардида, дар маҷмӯъ, 14 санад ба имзо расид, ки саъю кӯшиш барои иљрои онњо низ аз вазифањои муҳим ва мубрам  мебошанд.

Сипас муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.А. Имомӣ зимни сухани ифтитоҳии худ баргузории чунин чорабиниро муҳим арзёбӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор орзу намуд.

Дар бахши пленарии конфронс муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “Таҳдиду хатарҳо ба амният дар минтақаи зери масъулияти СААД ва дурнамои муқобилати дастаҷамъона ба онҳо”, Раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Ф. Идизода дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқии таъмини амният ва танзими низоъҳо дар доираи СААД”, директори Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Г.М. Майтдинова дар мавзӯи “Сиёсати СААД дар  муқовимат ба таҳдидҳои шабакавӣ”,  сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ф.У.Абдуллозода дар мавзӯи “Ҳамкориҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СААД”, прокурори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум, полковники адлия Ҳасан Низомӣ дар мавзӯи “Ҳамкории ҳарбӣ-сиёсии Тоҷикистон дар доираи СААД”, атташеи Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Сафарзода дар мавзӯи “Натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД”, сардори факултаи ҳуқуқшиносии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, поковники милитсия Ҳ.С.Сафарзода дар мавзӯи “Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм”, мудири шуъбаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ  Н.Н.Сангинов дар мавзӯи “Сиёсати СААД дар мубориза бо “ҷангҳои омехта (гибридӣ)”, мудири кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Меъроҷиддин Насриддин дар мавзӯи “Фаъолияти ҳарбию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СААД ҷиҳати пешгирии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ”, ассисенти кафедраи сиёсатшиносиии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Н.Асламзода дар мавзӯи “Назорати геополитикии моҷаро ва нақши СААД дар он” ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ  карданд.

Сипас иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни  суханронӣ ва маърӯзаҳо  фикру андешаҳои худро озодона баён намуданд. Маърӯзачиён ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Конфронси байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиши илмиву амалӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед